Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:31

Тағйирот ба қонун «Дар бораи гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта»

22 июл 2011, 04:09

Зимни баррасии қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон» дар палатаи болоии парлумони Тоҷикистон  аз ҷумла зикр гардид, ки мақсади асосии пешниҳод ва қабули қонуни мазкур аз такмили қо­нун­­гузории ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ ба қонун  «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта», аз ҷумла таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иборат мебошад.


Тибқи иттилои Шафкат Сайидов, ёвари райиси ММ МО, бо ҳамин мақсад дар Кодекси мазкур моддаи 160 таҳрири нав, яъне бо номи «Моддаи 160. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо» ифо­да карда шуда, минбаъд мутобиқи ин модда барои вайрон кардани тартиби ташкил ва (ё) гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоиш­ҳо, пикетгузориҳо ё роҳпаймоиҳо аз тарафи шахси ташкилкунанда ё иштирокчии фаъоли ҳамин чорабиниҳо, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

-Мувофиқи қисми 2 моддаи қайдгардида барои ҳамин кирдор, агар бо истифода аз мақоми хизматӣ ё истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди зўроварӣ содир шуда бошад ё боиси вайрон ё несту нобуд шудани молу мулк ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он, пешбинӣ шудааст,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!