Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:37

Ҳушдор ба муҳоҷирон: Аз 9-уми август “рейд”-ҳо зиёд мешаванд

7 август 2013, 11:06

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия баъди хабарҳо оиди боздошти 600 муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Долгопруднии назди Маскав, рӯзи 6-уми август, аз ҷои ҳодиса дидан намуда, муайян кардааст, миёни онҳо тоҷико низ зиёданд.

Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷират ба “Озодагон” иттилоъ доданд, баъди суҳбат бо Вячеслав Тихвинский, сардори пулиси шаҳри Долгорудний муайян шудааст, ки воқеан дар анбори меваҷоти шаҳр 600 муҳоҷири хориҷӣ боздошт шудаанд ва нисбати 200 нафар, аз ҷумла 100 шаҳрванди тоҷик ҳуҷҷати қонунвайронкунӣ таҳия гардид: “Нисбати 26 муҳоҷир, аз ҷумла 14 тоҷик қарор дар бораи ихроҷ аз Русия қабул гардидааст. Ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар пешниҳоди ҳуҷҷати қалбакӣ муттаҳам мешаванд.”

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз қавли Вячеслав Тихвинский ҳушдор додааст, ки аз 9-уми августи соли равон рейдҳои муштараки ФМС ва пулиси Русия алайҳи муҳоҷирон пурзӯртар хоҳанд шуд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ёдрас мекунад, ки аз 9-уми августи соли равон ҳаҷми ҷарима барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла барои тоҷикон дар як қатор минтақаҳои Русия, аз ҷумла шаҳрҳои Маскав, Санкт –Петербург, вилояти Маскав ва Ленинград афзоиш меёбад ва ҳамчунин гуфта мешвад, ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ низ дар ин минтақаҳо афзоиш хоҳад ёфт. Ба иттилои манбаъ аз 9-уми август аз шаҳрванди хориҷие, ки тартиби вуруд, будубош ва қайди муҳоҷиратиро вайрон мекунад, дар минтақаҳои зикршуда аз 5 то 7 ҳазор рубл ҷарима ситонида мешавад: «Мувофиқи меъёрҳои нав агар шахс ба Русия бо раводиди сайёҳӣ ворид гардида, ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шавад, маротибаи якум ҷарима баста шуда, бори дуюм аз ҳудуди Русия берун карда мешавад. Ҷалби ғайриқонунии муҳоҷирони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ дар ин 4 минтақа- шаҳри Маскав, Санкт –Петербург, вилояти Маскав ва Ленинград нисбат ба дигар манотиқ бештар мавриди ҷарима қарор мегирад. Дар ин ҳолат ҳаҷми ҷарима барои шаҳрванди воқеӣ аз 5 то 7 ҳазор рубл, барои шахсони мансабдор аз 50 то 70 ҳазор рубл, барои шахсони ҳуқуқӣ – аз 800 то 1,5 миллион рубл ё ин ки боздошти маъмурии фаъолият ба муддати аз 14 то 90 шабонарӯзро ташкил мекунад».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!