Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:58

Интиқоди Хадамоти оташнишонӣ аз худсарии тоҷирони Хоруғ

7 август 2013, 11:30

Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 6-уми август, соати 16:51 дар бозори 20-солагии иқтиқлолият дар шаҳри Хоруғ сухтор ба амал омад, ки 800 метри мураббаъро фаро гирифта, 600 ҳазор сомонӣ хисорот овардааст.

Кароматулло Абдуллоев,
масъули Хадамоти оташнишонӣ, имрӯз, 7-уми август дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ба ҷойи сӯхтор чор мошини сӯхторхомушкунӣ ҳозир шуда, аз паҳн гардидани оташ ҷилавгирӣ намуданд ва давоми се соат онро пурра хомӯш гардонданд. Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи ин сӯхтор 100 нуқтаи фурӯш, дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд.

Хадамоти оташнишонӣ аз он интиқод намуд, ки тоҷирони бозор дар лаҳзаҳои аввали сӯхтор талош кардаанд, мустақилона оташро хомӯш созанд ва ба мақомот дер хабар расондаанд. Ин аст, ки ба гуфтаи Абдуллоев сӯхтор дар як муддати кутоҳ майдони васеъро фаро гирифтааст.

Абдуллоев арзиши молу амволеро, ки оташнишонон наҷот додаанд, беш аз 2 миллион сомонӣ арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ин манбаъ айни ҳол сабабҳои сар задани сӯхторро гуруҳи махсус омӯхта истодааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Манучер

  • 7 август 2013 14:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чи муаммо хаст факат бозорхо месузанд як хафта пеш дар шахри норак дар дохили бозор як бинои ду ошена якум ва дуюм бо тамоми чизхои дар дохилаш буда сухта нобуд шуд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!