Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:49

Президент аз 80 судяи навтаъин хост, танҳо тобеи қонун бошанд

7 август 2013, 12:56

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 7-уми август дар мулоқот бо наздики 80 судяи навтаъин изҳор доштааст, нафароне, ки боре ба сӯииистифода аз мақом ё фасод даст задаанд, минбаъд ба кор на танҳо дар мақомоти судӣ, балки дар маҷмуъ ба хизмати давлатӣ қабул нашаванд.

Тавре аз дафтари матуботи раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз шумораи умумии ба вазифаҳои нав таъиншудагон 6 нафар бонувон ва 30 нафар касонеанд, ки бори аввал ба вазифаи судя сазовор дониста мешаванд. Ба иттилои манбаъ дар ин мулоқот “пас аз қироати фармонҳои президент оид ба таъиноти кадрӣ ахбори роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов, доир ба фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, ҳодисаҳои ташвишовари даст задани онҳо ба ҷинояту қонуншиканӣ, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ шунида шуд.”

Ба иттилои манбаъ баъди шунидани гузоришҳо, Эмомалӣ Раҳмон аз судяҳо даъват намудааст, ки “ба халқу Ватан ва савганди касбии худ ҳамеша содиқ бошанд, кору фаъолияти худро бо дасту дили пок ва нияти нек ба роҳ монда, дар амалӣ намудани адолати судӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату шаҳрвандон танҳо тобеи қонун бошанд”.

Дафтари матуботи раисиҷумҳур мегӯяд, бо нигаронӣ аз даст задани баъзе судяҳо ва дигар кормандони мақомоти судӣ ба ҷинояту қонуншиканӣ, амалҳои коррупсионӣ ва ба ҷазои сазовор гирифтор шудани онҳо, изҳори боварӣ карда шуд, ки барои пешгирӣ аз чунин кирдорҳои нангин аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад: “Таъкид гардид, ки кормандони ба чунин амалҳо роҳдода минбаъд бояд умуман ба мақомоти судӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ба хизмати давлатӣ роҳ дода нашаванд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Баҳодур

  • 7 август 2013 15:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
оё прздент ба савгвни хурдаат ба он шири модарат қасам хурда буди вафодор мрнди? агар ба қасами шири модарат вафодори Зайд Самдовро озод кун ва ба Федик (Фттоҳ) бигу ки бо бесаводӣ ва ғаразҳояш(ки гуфтааст ман агар Зайдро нашинонам номамро алиш мекунам (манбаъи ин хабар мушовирон ва муовинони Фтоҳ ҳастанд)) аз ин беш ҳукумат Тоҷикистон ва шуморо шарманда накунад агар шарикони тиҷории Зайд (шарикони эрони ва рус ва қазоқ) масъаларо ба суди Гаага диҳанд огоҳ боз як шармандаги барои шумо ва боз мисл суди ТАЛКО чандин милион доллари миллати фақирам бояд сарф шавад то шармандаҳо сафед шаван
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ТАЪЧИБИ ТОБЕЪИ КАДОМ КОНУН..? ТОБЕЪИ КОНУНХОЕ, КИ ДАР САРКОНУН НАВИШТА ШУДААНД Ё ТОБЕЪИ КОНУНХОИ ФАРМОНИАШО...?
Посух додан
  • Судя

  • 7 август 2013 17:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ВАкте моро таъйин мекунанд пас фахмед барои ки бояд кор кунем. Дар кучо дидаед ки дар сарконунаш омада бошад ки бояд шохаи ичроия аз суди чудо бошад, вале судяро перзидент таъйин кунаду боз ба сараш зури кунаду чормагз шиканад. О ин ки хокимият нашуд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!