Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:07

Қиматтарин футболбозони тоҷик киҳоянд?

7 август 2013, 13:36

Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи “Газовик”-и шаҳри Оренбург, қимматтарин футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Тибқи раддабандии ахири сомонаи олмонии transfermarkt.de, ки ба арзёбии нархи футболбозҳои трансфер машғул аст, Фарҳод Восиев 200 ҳазор евро нарх дорад. Ба иттилои ин сомона, гарчанде нархи ин футболбози тоҷик давоми моҳҳои охир 50 ҳазор евро коҳиш ёфтааст, ҳамоно қимматтарин бозигари мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Баробари Восиев дар сомонаи олмонӣ Нуриддин Давронов зикр шудааст, ки ахиран аз Сербия ба бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе баргашт ва нархи ӯ 150 ҳазор евро нишон дода шудааст.

Нархи Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари “Регар-ТадАЗ” дар сомонаи олмонӣ 75 ҳазор евро арзёбӣ гардидааст. Ба рӯйхати бозигарон аз Тоҷикистон, ки дар сомонаи олмонӣ нархгузорӣ шудаанд, инчунин Манучеҳр Ҷалилов, бозигари бошгоҳи “Нефтехимик”-и Русия ворид шудааст. Ҷалилов зодаи Тоҷикистон бошад ҳам дар дастаи мантахаби кишвар бозӣ намекунад. Ӯ низ дар сомонаи олмонӣ 200 ҳазор евро нархгузорӣ шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!