Бахшҳо

Пахши барномаҳои нахустини телевизиони Сафо дар Hotbird

Телевизиони тоҷикии “Сафо” дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, шоми ҳаштуми август расман ба пахши барномаҳояш оғоз бахшид.

Барномаҳои нахустини телевизиони мустақили “Сафо”, ки аз тариқи Hotbird (11585/27500) пахш шуд, аз табрикоти Муҳиддин Кабирӣ -- раиси ҲНИТ, Мавлон Мухторов -- муовини раиси Кумитаи дин ва Маҳмудҷони Тӯраҷонзода -- рӯҳонии шинохтаи тоҷик бахшида ба Иди саиди Фитр иборат буд. Дар ин рӯз Максим Шевченко, Алексей Симонов ва Ҳайдар Ҷамол аз Русия низ бо сӯҳбатҳои худ рӯи экранҳои ТВ “Сафо” пайдо шуданд.

Дар рӯзи нахустини кори расмии ТВ “Сафо” бахши хабарии он бо забонҳои тоҷикиву русӣ манзури тамошобинон гардид. Як масъули телевизиони “Сафо” гуфт, дигар даври барномаҳои озмоишии он ки дар нимаи дувуми моҳи июл шуруъ шуда буд, хотима ёфта, ҳоло фаъолияти онҳо расман оғоз ёфтааст. Манбаъ дар посух ба суоли мо дар ин бора ки ТВ “Сафо” оё иҷозаи расмӣ барои пахши барномаҳояшро пайдо кардааст ё не, гуфт, “агар иҷозат намебуд, аз куҷо кор оғоз меёфт?”

Баҳси ташкили телевизионе бо номи “Сафо” дар Маскав моҳи июли соли ҷорӣ ба миён омад. Як масъули он ба “Озодагон” гуфта буд, ин телевизион бештар аз ҳаёти муҳоҷирон суҳбат карда, барномаҳои фарҳангӣ пахш хоҳад кард. Ҳоло сардабирии барномаҳои ТВ “Сафо”-ро хабарнигор ва адиби шинохтаи тоҷик Темури Варқӣ ба уҳда дорад. “Мо барои як бор ба эфир баромадан ба ин шабака наомадем. Худо хоҳад, ин шабакаи барҷаста на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ва дар Афғонистону Эрону Русия хоҳад шуд”,-гуфта буд ӯ чанде пештар ба "Озодагон".
Мӯҳр
Рустам
Мегум шабакахои давлатида таърифи чанобай "Сафо"-да боша Кабирию Турачонзода мешанда бинен

Чаноби Оли ба халку ватан хизмат кардаасту мекунад аммо ин Кабириву Турачонзода чи хизмат кардаанд? Ва Кабири барои кадом хизматаш даъвои Президенти дорад????????

Саёди Савр
Муборак шавад. Худо кунад, ки умри ТВ "Сафо" дароз шавад ва барномахои бехтарин барои бинандагони точик пешниход созад.

Муаллим
"сафо"коре кунед ки мадуми ЧТ озодона андешиданро биомузанд ,тамоми кишрхои чомиъа аз мулло сар карда то дигарон пайрави мантику акл гарданд.

О хакчуй Чаноб бале хизмат кард, лекин дигар зарфиятош (потенсиал) тамом шудаанд. Бештар аз ин коре дигаре карда наметавонад.(яъне вазъи имрузара дигар карда наметавонад). А Кабири мегуи чихизмат кардай охи у президент нестай хизмат кунад, неки Худо шохид дар президент зебай ва ба хама талаботхои президенти чавобгуаст. Инки танкид мешавад нишони хамин аст, ки шоистаи рохбарист баъд хамун хислати манфури инсон бахили кинаву адоват ба мукобилаш мехезанд. Дар 22 соли Истиклолият сиёсатмадори дар вазни Кабириро надидаам. Ин вокеият аст ва аз он чои гурез нест ва касеки мард асту бегараз аст худ дарк мекунад. Бо умеди тавфик Шер!

Ба номи худованди бахшандаву мерхубон аз хурсанди тамоми узви хастиам меболад чун ки ин орзуи деринаи ман буд .Хохони он хастам ки Сафои мо софу бегубор ва абадзинда хохад монд чашмони хасад хуронро офарандаи коинот кур кунад Аз тхмати ногахон ва балохои охир замон дар хифзухимояи худ нигох дорад О ва Р оламин....

Шакли чаноби Кабири на онкадар точикона менамояд, интихоб бояд касеро намоем, ки чун чаноби Эмомали шаклу симои точикона дошта бошад ва гурдахояш хам ба монанди у бузург бошанд...
Шакли точикона ин аст: бинии баланд, чашмони калони зебо, пешонии калон ва кади баланду чехраи нурони...

Dilshod
Ba haqjuy! Tu kadom haqro mejui? Ba misli tubarin zohirparastoni bexirad tojikiston qashshoq shudaast. Digar gap nayofti ? Xar boshdu xizmat kunad aspi javxuri tanbalro chi kunam?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)