Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:04

Омбудсмен: Дархости Зайдро оиди мулоқот нагирифтаем

9 август 2013, 08:58

Идораи омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, дархости Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро оиди мулоқот бо Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон то ҳол дастрас накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯянд, ҳанӯз 6-уми август зерҳимояашон, тариқи роҳбарияти Боздоштгоҳи муваққатӣ ба Омбудсмени тоҷик дархост роҳӣ карда, хоҳиш намудааст, ки аз ҳоли ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ хабар гирад. Саидов аз омбудсмени тоҷик хостааст, ки барои мулоқоти як ба як бо вакилони мудофеъаш мусоидат кунад.

Аммо Азиз Солиев, масъули бахши иттилоотии дафтари омубдсмени тоҷик, имрӯз, 9-уми август дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, то ҳол дархостномаро дастрас накардаанд. Ӯ афзуд, ки ин таъхиркорӣ шояд ба рӯзи истироҳат рабт дорад, ки чун 8-уми август дар Тоҷикистон мардум иди Фитрро таҷлил мекарданд.

Зариф Ализода ҳафтае қабл дар нишасти матбуотияш дар мавриди Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” изҳор дошт, ки ӯ ҳоло танҳо шахси гумонбар буда, ҷинояткор будан ва ё набудани ӯро танҳо додгоҳ муаяйн хоҳад кард. Зариф Ализода изҳори нигаронӣ аз он намуд, ки ҳарчанд ҳоло парвандаи Зайд Саидов дар додгоҳ баррасӣ нашудааст, вале дар ҷомеа он ба таври гуногун матраҳ мешавад. Омбудсмен бо зикри таасуроташ аз мулоқот бо Зайд Саидов, ки дар дар рӯзҳои аввали боздошт дар Оҷонсии зидди фасод сурат гирифт, афзуд, ки ҳоли Саидов хуб аст ва шикояте надошт.

Дар робита ба шикояти вакилони дифоъи Зайд Саидов аз маҳдуд будани мулоқоти рӯ ба рӯ бо зерҳимояашон ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфта буд, ки дар ин маврид ҳеч даъвои расмӣ қабул накардааст. Зариф Ализода гуфт, ки шахсан аз рафти тафтишоти қазияи Зайд Саидов назорат бурда, тасмим дорад, то дар муҳокимаи додгоҳӣ низ ширкат варзад.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Dev

  • 9 август 2013 20:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Shumo ba huzurakak joi garmatona bejo nakarda shined , to on dame ,ki ba shumo maktub rohi kunand !!!Ajab kori hube dored !

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!