Райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба ноҳияҳои Турсунзода ва Шаҳринав сафари корӣ оғоз кард.
Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президент иттилоъ доданд, ҳадафи ин боздид шиносоӣ бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар навоҳии номбурда аст. Манбаъ ҳамзамон афзуд, Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумии № 73, деҳаи Галаботури шаҳри Турсунзода иштирок намуда, лентаи рамзиро бурид.Гуфта мешавад, ин таълимгоҳ аз се бинои дуошёна иборат буда, барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, он бо 16 синфхонаи таълимӣ, 2 утоқи озмоишӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона, толори маҷлис, толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ муҷаҳҳаз аст ва барои сохтмони ин таълимгоҳ 6 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мактаби мазкур ба сохтмончиёни он изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки номи деҳаи Галаботур ба Истиқлол иваз шавад. {jathumbnail off}
Мӯҳр