Бахшҳо
09 авг 2013 09:55Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дахолати Вазорати хориҷӣ ба қазия тоҷикон дар лагер

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати 10 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар лагери муваққатии ноҳияи Голяновои вилояти Маскав қарор доранду аз мақомоти тоҷик истирдоди ҳар чи зудтарашонро ба Ватан хоҳиш намудаанд, қарори ниҳоии суд 13-уми август содир мешавад. Интизор меравад, ки додгоҳ ин шаҳрвандонро ҷарима ва ё ба Тоҷикистон истирдод мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки вазъи ин гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар рафти рейдҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Москав ва вилояти Москва бо ҷурми вайрон намудани қоидаҳои буду бош боздошт шудаанд, зери назорати доимии сафорати ҷумҳурӣ дар ин кишвар қарор дорад. Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия муваззаф карда шудаанд, ки ҷиҳати дар доираи қонунгузории кишвари иқомат ҳал шудани қазияи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Бино ба иттилои манбаъ, намояндагони сафорат зимни мулоқоташон бо масъулини бошишгоҳи муваққатӣ, аз онҳо бартараф кардани камбудиҳои ҷойдоштаро дархост намудаанд: «Зимни ин, сафорат ба шаҳрвандони мазкур лавозимоти заруриеро, ки аз ҷониби наздикони онҳо ҷамъоварӣ шуда буд, дастрас намуд».

Вазорати корҳои хориҷӣ меафзояд, ки масъулини сафорат ба мушаххас намудани миқдор ва вазъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Долгопруднии назди Маскав боздошт шудаанду инчунин дар боздоштгоҳҳои махсуси шаҳри Маскав нигоҳ дошта мешаванд, машғул ҳастанд.

5-уми август, сафорати Тоҷикистон дар Маскав зимни дидор аз лагери муваққатии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар гузаргоҳи Иртиш-2, ноҳияи Голяновои вилояти Маскав муайян намудаанд, ки аз 300 бошандаи он, 10 нафар шаҳрвандони тоҷик мебошанд. Аз ҷумла Нусратулло Ризвоншоеви 42 сола, сокини ноҳияи Ҷ.Руми, Акбар Валиеви 51 сола, сокини ноҳияи Муминобод, Абдулҳалим Ҳусайнови 38 сола, сокини шаҳри Кулоб, Мирсаид Ганжалови 23 сола, сокини ноҳияи Н.Хусрав, Абдураҳмон Назарови 21 сола, сокини ноҳияи Қумсангир, Фурқат Баҳромови 26 сола, сокини ноҳияи Ҳисор, Исмоил Нурбекови 20 сола, сокини ноҳияи Ҷиликўл, Бахталй Қувватови 22 сола, сокини ноҳияи Ёвон, А. Самадови 18 сола, сокини шаҳри Душанбе, Ҷаҳонгир Раҳимови 22 сола, сокини шаҳри Кӯлоб дар ин лагер нигоҳдорӣ мешаванд.

Ин шаҳрвандон аз мақомоти тоҷик дархост кардаанд, ки барои истирдоди ҳар чи зудтари онҳо ба Ватан мусоидат кунанд, чун шароиташон дар лагер бад аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)