Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Сайри шомгоҳӣ бо як дӯстам, ки хост Душанберо бубинад

9 август 2013, 13:31

Халил ҚАЮМЗОД
Дуруд хонандагони арҷманд!

Нахуст, мехоҳам якояки шуморо бо фарорасии Иди Фитр муборакбод гӯям ҳамватанони азиз ва хонандагони гиромӣ!

Сӣ рӯзи Рамазон як моҳи пури муборак аст. Моҳест, ки инсон бар нафс пирӯз мешавад. Дар ин моҳ, худ шоҳиди он будам, ки бандаи мӯъмин метавонад ба хотири муқаддасот аз нафс парҳез кунад, шикастанафс бошад. Парҳезкорӣ ба хотири пок намудани рӯҳу ҷисм, парҳезкорӣ ба хотири орӣ будан аз гуноҳҳо, парҳезкорӣ ба хотири худу Худо. Пас, мантиқист агар бигӯем, ки ин моҳ моҳи муборак буду ҳасту хоҳанд монд, иншоаллоҳ.

Азизон дилу дида!

Ин навбат, дар бораи диди як шаҳрванди хориҷа аз пойтахт, шаҳри Душанбе менависам.

Як дӯстам, ки мехост ба Душанбе ояду бо он ошно шавад, ниҳоят омад. Дар фурудгоҳ пешвоз гирифтаму бурдам то ба меҳмонхона. Ба хотири гармии ҳаво ва кӯфти роҳ, ваъда шуд, ки шом вохурем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Омадам назди меҳмонхона, зангаш задам. Ӯ аз меҳмонхона баромаду вохӯрдем. Пурсидам, ки гушнаӣ, ки гуфт: “на”. Гуфтам, мехоҳӣ аввал куҷоро бубинӣ, ки гуфт: “парчамро”. Оҳиста-оҳиста, қадамзанон, аз самти меҳмонхонаи “Пойтахт” то ба Боғи Парчами Миллӣ рафтем. Нишастем дар як харак. Пурсидам, ки шаҳрро чӣ гуна дарёфтӣ, ки гуфт: “Душанбе шаҳри хеле сабз будааст.” Баъд чашмаш ба ҳавзи назди парчам расид. Дид, ки онҷо пури партов. Ҳарду нороҳат шудем. Ӯ аз дидани он манзара, ман аз дидани ӯ он манзараро. Пурсидам, ки чӣ гап шуд, ки гуфт: “чизе нест.” Баъди чанд сонияи хомӯшӣ, ниҳоят гуфт: “Инҷо пур аз қуттиҳо барои нигоҳ доштан партов гузошта шудаанд, чаро мардум ба беруни он партовҳоро мепартоянд? Масофа дур, ки нест”, гуфт ӯ. Гуфтам, имрӯз ид буд, шояд ба хотири он бошад, ки қуттиҳо пур шуда бошанд. Аммо, чаро ҳавз пури партов аст, ин саволро гӯиё нашунида бошам, хомӯш мондам. То ба расидан ба Боғи Парчами Миллӣ ҳарду хушҳол будем. Ман бо ифтихор ӯро бо Душанбе ошно мекардам. Инҷо хиёбони Рӯдакӣ, инҷо Вазорати фарҳанг, инҷо Академияи улум, инҷо Театри опера ва балет, инҷо Китобхонаи миллӣ, инҷо Боғи Устод Рӯдакӣ, инҷо Хонаи Радио...

Аммо ҳамаи ин биноҳои зебову дарахтони сабз натавонистанд табъи маро то ба охири вохӯрӣ болида нигаҳ доранд. Ҳамаи ин зебогиҳо натавонистанд ҷуброн кунанд, ки чаро дар ҳавз мардуми мо партов мепартоянд?! Табъам хира шуд. Гуфтам, биё биравем. Бархестем. Хостам, ки ӯро ба ягон қаҳвахона даъват кунам, то ки он саҳнаро ҳарду фаромӯш кунем. Аз тарафи собиқ бозори “Баракат” баромадем аз боғ. Боғ пур аз пайкараву нимпайкароҳо буд. Як ҳайкал ба назари дӯстам хеле зебо намуд, рафтем наздики он. Дар зери ҳеч кадоме аз он ҳайкалҳо навишта нашуда буд, ки ин ҳайкали кист, он ҳайкали кист? Ҳатто мани тоҷик ҳам, намедонистам, ки он муҷассама муҷассамаи кӣ буд. Шояд шоҳ Ҷамшед бошад, мегуфтам ба худ, шояд каси дигар... Чизеро дӯстам пайхас бурд, ки аз ман напурсид, ки он ҳайкали кӣ аст. Танҳо гуфт, ки хуб мебуд, агар боғ каме равшантар бошад. Шояд ин як шӯхии писхандомез буд, шояд аз торикӣ. Ҳарчанд чанд лаҳза пеш Қасри Сафедро дида будем, ки онҷо ҷароғҳо медурахшиданд, қатор-қатор.

Баъд аз қаҳвахона, дубора рафтем то ба меҳмонхона. Пеш аз хайрухуш кардан, пурсидам, ки сайругашт маъқул шуд? Гуфт: “Душанбе шаҳри сабз, пур аз дарахту гул, аммо чаро роҳҳои шаҳри шумо ин қадар вайронаанд?”... Ман, бо табассуми заҳролуд, ба ӯ шаби хуш таманно кардам.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дига гап наёфти,ки маколаатро орову торо дихи
Посух додан
  • Фира

  • 9 август 2013 14:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нагуфтед шахри мо бо хамин рохои кандааш зебост
Посух додан
  • Ватандуст

  • 9 август 2013 15:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин дустат аз кучо буд. У магар барои эродгири омада буд е пахлухои дигари масъала дар назараш наметофт. Ман хам зиед дар сафарам ва хам дар аврупо ва амрико ва мамолики араб камбудихои зиед мебинам вале сохибхонаро ягон бор табъашро хира наменамоям. Имруз бе таънаю маломати дигарон бояд чомеаро фарзандонро атрофиенро тарбия кунем ки аклу тамизашонро боло кунанд.

Посух додан
  • az moskov

  • 9 август 2013 15:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hak bar hak barodar! na har kas botini gaphoyash dark mekunad! ofarin net slov....
Посух додан
  • Самад

  • 9 август 2013 16:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачаб маколаи бемаъне.................... Ин холат дар тамоми гушаву канори олам вучуд дорад. Барои мисол як ба Ватани дустат рафта биё, шояд чунин манзараро бубини агар набини баъд метавони ин маколаро боз калон карда нависи............
Аммо тозагиро гарави саломати гуфтаанду тозаву озода нигох доштани кучаву хиёбонхо, аз чумла богхои истирохати маданияти баланди шахрдори. Бояд ин хама камбудихоро бо чашми худ бубинем, на аз чашми ким кадом хоричи ва дусти Каюмзод.
Посух додан
  • Dev

  • 9 август 2013 21:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Самад,
Mo hamin tavr hudamonro taskin mebahshem, vale az pasi isloh umuman nestem. Megui,ki dar hama joj hast , vale man meguyam,ki chunin dar Avrupo nest, masalan dar Olmon hurd to kalon medonand,ki partovro kujo boyad partoyand.Mo boyad az bogchai bachagon sar karda biguem,ki partov dar kuijo partofta shavad va behtar mebud avval padaru modar inro medonistand.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Куттихои партов барои чинихо ва инглисзабонхо гузошта шудаанд. Аз надонистани ин забонхо точикистониен намедонанд шишаро дар кадом тарафаш партоянду партови дигарро дар кадом тараф. Дар як рекламаи ин куттихо дар ТВ хам ин хатогиро такрор карданд. Кучарубон ба тарафи куттии ки ба шиша ва пластик аст хокро бо белча мепартоянд! Ин аст фарханги мо!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!