Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:05

Лейи хитойӣ дар Душанбе мавриди латукӯб қарор гирифт

22 июл 2011, 05:33

Шаҳрванди Хитой, ки дар Душанбе дар корхонаи роҳсозии чинӣ фаъолият мекард, мавриди латукӯб қарор гирифт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, аснои баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Зокирҷон Қурбонови    36- сола, сокини ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Ҷиликул боздошт гардид. Маълум шуд, ки    номбурда дар корхонаи роҳсозии муштараки Хитой-Тоҷикистон ба ҳайси коргари оддӣ кор карда, чанд рӯз қабл дар хиёбони Айнӣ-128 шаҳрванди ҷумҳурии мардумии Чин,    Лейи 26 соларо латукӯб карда, аз ӯ як адад телефони мобилии тамғаи «ТК-Мобайл-99», ки арзишаш 200 доллари ИМА-ро ташкил медод, гирифтааст. Далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишоти қазия идома дорад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!