Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Неъматов: Варзиш ваҳдату ягонагиро таҳким мебахшад

9 август 2013, 15:47

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи Варзишгарон, ки фардо, 10-уми август дар сартосари кишвар таҷлил мешавад, тамоми варзишгарони тоҷикро табрик гуфтааст.

Тавре аз маркази матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ба муносибати ин рӯз дар пойтахт ва дигар манотиқи кишвар чорабиниҳои мухталиф доир хоҳад шуд: «Аз ҷумла бахшида ба Рузи варзишгарон соати 18:00 дар Меҳмонхонаи "Варзиш", вокеъ дар кӯчаи варзишгарон 6 (спортивная ) чорабинӣ бо ширкати варзишгарону собиқадорони соҳа баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ варзишгарону мураббиёне, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд, бо унвонҳои фахрӣ сарфароз хоҳанд шуд.»

Маликшоҳ Неъматов дар муроҷиати табрикотияш ба мардуми Тоҷикистон иброз доштааст, ки «варзиш дар ҳаёти инсоният ҳамчун омили тавоноӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб ёфта, барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хидмат мекунад.»

Номбурда илова намудааст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол пайваста мавриди таваҷҷӯҳи ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.

Маликшоҳ Неъматов дар табрикоти худ ба варзишгарон таъкид кардааст, ки аз муваффақияту музаффариятҳои варзишгарони ватанӣ зимни иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дар ин росто садо додани суруди миллӣ ва афрохта шудани парчами давлатии Тоҷикистон ба ифтихори онҳо, кулли мардуми кишвар эҳсоси сарбаландиву пирӯзӣ намуда, ифтихор аз фарзандони шӯҳратманди диёр мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • варзишдуст

  • 9 август 2013 22:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
окои неъматуф варзиш танхо дусти нест варзиш ин натича аст. Бо хамин медолхои камарзиш то кай дар назди хукумат хисобот медихед? Дар хамин тобистон чаро лагери варзиши барои кудакони камбизоат ташкил накардед? Ё якбор толорхои насохташудар санчидед ки дар он чо кихо ва пардохти чи микдор маблаг машк мекунанд? Чаро то хануз оммавияти варзиш таъмин намешавад? Чаро варзишгарон аз хисоби худ бояд шарафи точикистонро дар чахон химоя кунанд? Варзишгарони мухтарам идатон муборак! Рухафтода нашавед адолат баркарор мешавад. Интизор бошед!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!