Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

Вазорати дохилӣ ва мудофиа дар бораи зӯроварии “мусаллаҳона” дар бозори Хоруғ

9 август 2013, 16:57

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, қазияи истифодаи силоҳ барои таҳдид ба сокинони мулкӣ дар бозори Хоруғро мавриди санҷиш қарор додаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилӣ, имрӯз, 9-уми август дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, расман ба мақомоти пулис оиди ин қазия касе шикоят набурдааст. Бо вуҷуд ба гуфтаи Асадуллоев онҳо аз рӯи хабарҳои ВАО дар ин маврид санҷишро оғоз кардаанд, ки айни ҳол идома дорад.

Нисфирӯзи ҳафтуми август миёни бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ ва се низомӣ дар маҳаллаи “Автостансия”, бозоре, ки он ҷо тарбуз фурӯхта мешуд, муноқиша рух додааст. Дар ин бора ба “Озодагон” шоҳидони бевоситаи ин ҳодиса хабар дода ва гуфтанд, ки сабаби моҷаро “навбатпойӣ” буд.

“Низомиён се нафар буданд. Яке дар либоси майорӣ ва дигарон дар либоси одӣ. Вақте муноқиша сар зад, яке аз низомиён, ки дар тан либоси одӣ дошт, аз мошинаи Ландкрузер (9092 01 РТ) автомати Калашниковро гирифта, одамонро таҳдид кард”,-гуфт як манбаъ аз Хоруғ.

Ба қавли манбаъ, дар натиҷа сокинони зиёде гирдиҳам омада низомиён аз маҳалли ҳодиса худро канор кашидаанд.

Дар ҳамин ҳол Фариддун Маҳмадалиев, сардори хадамоти матбуотии вазорати мудофиаи кишвар дар сӯҳбат ба “Озодагон” низомӣ будани нафареро, ки гӯиё дар бозори Хоруғ сокинонро таҳдид кардааст, рад намуда афзуд, ки “муайян намудани шахсияти ин нафар дар салоҳияти прократура ва вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Танҳо онҳо метавонанд тафтишот бурда гумонбаронро боздошт кунанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!