Бахшҳо

Таассуф

Зафари Сӯфӣ

Онҳо аз табори офтобанд дар зулмат. Дар он зулмате, ки шояд чанд даҳаи дигар комилан боиси нобудии фарҳангу забони ин табор дар сарзаминҳои бобоияшон шавад. Онҳо вопасинҳоянд ва мо барои идома ва роҳрави дигар доштани роҳи онҳо ҳеч коре анҷом надодаему анҷом намедиҳем. Ҳарчанд иддаоҳои пучамон гӯши фалакро кар мекунад...

Онҳо чанд тан бештар нестанд. Барои шуморашон шояд ангуштони ду даст кофӣ бошад. Ин чанд тани ангуштшумор умеди ману афроде мисли ман аст, ки дар он марзу буми аҷдодӣ барои зинда мондани тоҷик талош кардаанду талош мекунанд. Онҳо баҳонае воқеъӣ барои мутанаффир нашудани ману афроде мисли ман аз ҳамзабонҳову ҳамхунҳо дар он обрав буданду ҳастанд. Онҳо парчамдоранд, онҳо қаҳрамонҳои воқеан миллӣ ҳастанд. Устод Муҳсин Умарзода яке аз он нафарон буданд. Ду рӯз аст, ки бо шунидани хабари даргузашти устод Умарзода бори сангини андӯҳе олудаи яъс рӯи шонаҳоям сангинӣ мекунад. Охир аз шумори камшумори пуштибонҳои миллати азиятдида дар он сарзамини бобоӣ боз як нафар кам шуд. Ҳарчанд медонанду медонам, ки хеле аз талошҳои эшон ҷуз дарди сару азият барои шахси онҳову атрофиёнашон ҳеч ҳосиле ба бор наоварда, аммо боз дилам хуш буд, ки чанд тан ҳастанд ва пас ҳанӯз метавон умедвор буд...

Муҳсин Умарзода! Шояд ин ном барои аксари ҳаммилатони ман дар ин сӯи марз ноошно бошад. Ҳатто шояд дар ниҳоде бо иддаои бузург мисли Бунёди пайванд хабар надошта бошанд, ки инсоне бузург, тоҷике cарбаланд ва пуштибони забону фарҳанги миллат ба номи Муҳсин Умарзода дар Тошканд пайкору зиндагӣ мекард. Дар асл, ҳамон ҳикмати аз боғ калонтар будани обмӯрӣ дар фаъолияти Бунёди пайванд сидқ мекунад. Иддаои ба ҳам пайванд додани тамоми тоҷикони ҷаҳонро доштану аз бузургтарин талошгарҳо дар ростои зинда мондани миллат дар сарзамини аҷдодӣ барои ширкат дар нишастҳо даъват накардан боризтарин далели пучии иддаоҳои ин ниҳод будаву ҳаст. Набояд фаромуш кард, ки бештарин шумори тоҷик дар он марзу бумест, ки имрӯз дар харитаи ҷаҳон Узбакистон ном дорад. Чанд тан меҳмони доимии нишастҳои Бунёди пайванд аз Урупоро ҳар сол мебинему суханҳои тамаллуқомез ва гоҳо чоплусонаашонро дар ҳаққи президенти Тоҷикистон мешунавем. Шояд ин ҳеч бадие надошта бошад, аммо чи суде барои тоҷикон дорад? Гузашта аз ин биёед ёд бигирем, ки ҳама чизро бо номи худаш ном бибарем. Раҳбари ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гуфтани президенти кишвар, агар тамоми бисту чаҳор соат дар як шабонарӯз ва тамоми сол беист таблиғ шавад ҳам ба ҳеч ваҷҳ баёнгари воқеият нест. Бештарин шумори тоҷикон дар хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон дар Узбакистон мебошад. Оё медонед чанд кас аз ин ҷамъияти чандмиллионнафараи ҳамхунҳои мо Эмомалӣ Раҳмонро раҳбари худ медонанд? Ҳеч кас! Аз сӯи дигар чаро чунин бидонанд, чи коре дар ҳақашон анҷом додаему додаед, ки чунин бигӯянд? Ҳатто бузургтаринҳояшон дунёи фониро тарк бигӯянд ба худ заҳмати як таслияти хушк гуфтанро намедиҳем. Охир ин ҳукумат барои тоҷикон чи кори фавқулоддае анҷом дода, ки раҳбари онро ба сифати раҳбари тамоми тоҷикони ҷаҳон эълон медорему эълон медоранд?!...

Муҳсин Умарзода! Ин ном беҳтарин хотироти миллатдӯстона ва худшиносонаи чанд насли тоҷикро дар Самарқанду Бухорову Фарғонаву Кешу Насафу Тирмизу Намангону Тошканд зеб мебахшид. Ҷои таассуф дорад, ки шумори чунин мардони миллатдӯст зиёд набуду нест. Албатта инҳоеро, ки шиор медиҳанд ва миллатдӯстияшон барои таъмини манфиатҳои ночизи шахсияшон мебошад, ҳеч гоҳ ба шумор набояд овард.

Устод Умарзода дар деҳаи Учқурғони Қирғизистон, ки аҳолияш ҳама тоҷиканд, дида ба олам кушода ва пас аз хатми донишгоҳ то замони бознишаста шудан дар рӯзномаи “Овози тоҷик” фаъолият доштанд. Фақат ду мақолаи устод кофист, ки ҳар тоҷики худогоҳ ва миллатдӯст барои ҳамешаи торих аз устод миннатдор бошад. Ин ду мақола таҳти унвонҳои “Маънои тоҷик” ва “Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст!” дар рӯзномаи “Овози тоҷик” ба нашр расида буд ва вокунишҳои фаровонеро чи аз сӯи дӯстон ва чи аз ҷониби бадхоҳони миллат ба дунбол дошт.

Ба ин орзӯ, ки Худованд устод Муҳсин Умарзодаро шоистаи раҳмату ҷаннат гардонда бошад, инак мақолаи “МАЪНОИ ТОҶИК”-ро дар бахши фарҳанг пешкаши Шумо - хонандагони гиромӣ мегардонем ва аз устоди фарҳехтаву бузургвор Доро Дӯст ва бародари арҷманд Шамсиддини Солеҳ барои таҳияи ин мақола самимона сипосгузорам.
Руҳи устод шод ва роҳашон пурроҳрав бод!
Мӯҳр
Dev
Dar hakikat hukumati kununii Tojikiston , baroi tojikoni burunmarzi, hususan tojikoni Uzbakiston , yagon nakshae nadorad, mutaassifona va ba nazar chunin merasad,ki bolonishinon ba juz kisai betagashon fikri digare nadorand.Okibati in hama beahamiyatiho boz sanghurihost.

Вокеан таассуф аст, ки чаро аз марги чунин инсони Бузург, ки хаммилати мо, хамфарханги мо, хамзабони мо, ки солхои сол миллати точикро берун аз кишвар муаррифи мекард, хатто сазовори сугвори ин миллату ин хукуматаш нагардид? Парвардигор иллохо аз чаннаташ чой ва аз хавзи кавсараш сероб гардонида бошад. Худо рахмат кунад.

Махмадшариф
Ташаккур, Зафарчон, бисёр бадард гуфтед. Дар хакикат вазъ хамин тавр аст. Олимони намоёни мо даъвои Самарканду Бухоро кунанд хам, аз тангназари мардуми минтакахои Точикистону Узбекистонро ба гайр аз дехаи худ чашми дидан надоранд. Халку миллатхои дигар бегонахоро ба худ мечаспонанд то шуморашон афзояд. Мо хунари чунин даъво кардан хам надорем ва ба ин эхтиёч хам нест. Зеро дар асл шумори точик зиёд аст. Аккалан кисми онро нотоза гуфта аз баданамон канда напартоем. Инро ба мардум бояд фахмонд.

ОШНО
О Зафар медонам ки ин суханхои ман дар сомонаи бисёр бахсноки ТУ нашр намешавад, аммо сухани ман хатман бу ту мерасад, хеч набошад модераторат аз ниходи ту огах мешавад. Шояд ту худро дар оина намебини, ё шояд ту дар назари ман каж метоби, аммо ба назарам туи точикона суханпардозу гуё точикона фалсафахон дар нихон андешаи узбаки дори. ё не? Чаро ту доим гуё ба нафъи точик гап мезада боз Точикро нах мезани... агар точикона мегуфти аккалан хамон точикони мисли заргущ хомуши Ватанат узбакистонро ба харакат дарор. О онхо намедонам Эмом Махди ва ё Хазрати Исоро интизоранд ки аз чабри Ислом Каримов (инаш хам точик гуё, мабодо хешатон набошад) халос мекарда бошад. Бовар кун оханги гуфтори туву Зоиров мисли каттаашулахои узбаки ба гуши ман мерасад. Уйга кип кизил мошинам борээээ. адоят мен... ё клплама жон гина... ман хайрон то кая шумо чуб ба чархи Миллат меандозед. О бобоят Абдулло Рахимбоеву тагоят Хамза Ниёзи ва дигар хоинони пантуркисти аз чуйи шумо об хурда каманд ки боз туву Зоиров барои Ислом ака об лой мекунед...Бовар кун дигар мо он дохундахои бесавод нестем ки Мирзоакрабою Арбоб Камолхо сари мо чормагз шикананд. Бигузор Эмомали Рахмон бо ахли оилааш бошад, зато Точиканду Точикистони ба кавли мардум "Ганда аммо гандаи худамон"

Бо салом ва арзи сипос нисбат ба ин навиштаи ҷигарсӯзи Шумо дӯсти гиромиқадрам Зафар қиссаро дароз намекунам, зеро чизе ки аён аст ҳоҷат ба баён нест гуфтаанд. Вале симои ингуна ҳукумати "тоҷикпарвар" бештар мувофиқ ба ин абёти ҳазрати Иқбол аст:
Ту гуфтӣ: Аз ҳаёти ҷовидон гӯй,
Ба гӯши мурдае пайғоми ҷон гӯй.
Вале, гӯянд ин ноҳақшиносон,
Ки таърихи вафоти ину он гӯй.
Бояд гуфт, бо саҳму шарофати ҳукумати кунунӣ, риё дар кулли соҳоти фаъолияти тоҷикон реша давондааст, ки барои ҳуввияти миллӣ офате беш аз ин вуҷуд надорад. Зеро риё ҳақиқатро рӯпӯш намуда, миллатро ба ноогоҳиву гусфандӣ ва низ албатта ба фориҳболӣ савқ медиҳад. Ормонҳои зиёди риёолуди "ҳукуматӣ", алҳол мисли як тилисм мағзи миллатро хароб ва худашро парешону мушавваш кардааст.

Dev
ОШНО,
Agar mo shimolihoro "poluuzbak" va kulobihoro lakaj ...gufta gardem hej goh na tifok meshavame na ba yak tojiki berunmarzi az millatdusti suhan mezanem.Ham Zafar , ham Zoirov hak dorand dar Tojikiston zindagi karda tojikona suhan kunand, hamaro dar yak deg andohtan durust nest !Dar uzbakiston holo ham hele -hele tojikone hastand ,ki zindagii tojikona dorand, fakat afsus,ki az mo sadoe nest...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)