Бахшҳо
10 авг 2013 10:11Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Арзонии табобат дар Тоҷикистон маризони хориҷиро ҷалб намудааст

Дар Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазор беморхона аст ва барои таъмини ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ 3 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст.

Дар ин бора сомонаи “centralasiaonline.com” аз қавли Аламхон Аҳмадов, собиқ вазири тандурустӣ ва доктори илмҳои тиб хабар медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки имсол аз буҷети давлатӣ барои таҷҳизоту тадқиқоти тиббӣ ҳамагӣ 17,4 миллион сомонӣ ҷудо шудааст ва ин нишондод соли гузашта 16,2 миллион сомониро ташкил додааст. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, бо ҷалби сармояи хусусӣ ва маблағҳои донорӣ табибони тоҷик теъдоди кофии техника ва таҷрибаро андухтаанд ва айни ҳол имкон доранд, бисёре аз амалиётҳои мушкили тиббиро гузаронанд.

Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, қаблан 100 дарсади беморон, ки ба ҷарроҳӣ ё табобати ҷиддӣ ниёз доштанд, ба хориҷа мерафтанд, аммо айни ҳол дар кишвар тақрибан барои ҳамаи амалиёти мушкили тиббӣ шароиту техника фароҳам аст. Масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки нархи хизматрасониҳо барои амалиёту ҷарроҳиҳои мушкил дар кишвар бамаротиб арзон аст. Аз ҷумла иваз намудани гурдаро мисол меоранд, ки дар Тоҷикистон ба ивази 10 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ мешавад. Дар хориҷ ин амалиёт аз 30 ҳазор доллари амрикоӣ боло меистад.

Ин аст, ки масъулини беҳдошти тоҷик мегӯянд, айни ҳол бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ барои гузарондани амалиётҳои мушкили тиббӣ ба Тоҷикистон меоянд ва шаҳрвандони қазоқу қирғизро мисол меоранд, ки барои иваз намудани гурда бештар ба Тоҷикистон меоянд.
Мӯҳр
Карим
Ана барои чи кудакони мо гум мешаванд. Ва ягон кас дар чустучуи ин гумшудагон нест.

Dev
Hub mebud baroi avval dar "Kariyai bolo" yak tabobatgohi zamonavi bisozand, chun dar Olmon.Yak binoe,ki tamomi sohai tib onjo boshad, tamomi juzijot ba inobat girifta shavad( to joi charhbolnishin )...Na chun tabobatgohi "Ibni Sino" chun in bino, ba fikram baroi istikomat sohta shuda bud.
Holo megued mablag nest ! Ohir baroi masjidhoi buzurgu chojhonahoi buzurg mablag pajdo shuda istodaast!

малик
деви малъун барои мачитхо мардум аз хисоби шахсии хайр мекунан.хукумат ранги ту хамаш малъунан як дирам барои мачит чудо намекунан.

малик,
برک الله ملک......

Dev
малик,
Baroi chi mardume,ki baroi masjid mablag pajdo mekunad baroi tabobatgoh pajdo karda nametavonad ?Baroi chi mardume,ki hamdigarro dashnomu tana mezanad baroi harfi neku mehruboni vakt pajdo namekunad?Baroi chi mardume,ki bo sallavu rish dodi musulmoni mezanad ,kodir ba tajovuz ast ..?
Malun padaru modaratan , chun turo (maluni digarro) ba dunjo ovardandu betalim mondan!

Бахси шуморо хондам... Хазорсолахо барои беморхона ягон точику узбек хайр накард, факат барои масчид. Дигар халкхо карданд, омухтанд, пеш рафтанд, аммо барои мо не. Шояд барои он ки аз фишори шоху амиру зердастонаш ноумед гашта факат фикри дунёи дигарро мекардему аз инаш дилсард будем? Хатто бечора Сино гурехта мегашту уро хам мумкин малъун мегуфтанд. Синоро намонданд беморхона созад. Хазор сол пас рус омада беморхонахо сохт, ки хамаамон аз онхо акнун истифода мебарем ва бештар миннатдор хам хастем. Валекин боз нафареро, ки мегуяд, беморхонахоро барои халк обод карда мондан даркор, на танхо масчидхоро, малъун меномем...
Баъди чангхо С. А. Нуриро пурсиданд, ки ба фикратон давлати исломи сохтан дар Точикистон ба максад мувофик аст. Нафаре аз наздиконашро номбар карда гуфт, агар мисли у (яъне аз чахолат озод) 100 нафари дигар медоштем, он гох сохтан мумкин мебуд. Аммо холо танхо 1-то хамонро дорем... Вокеан, сахт пойбанди чахолатем.

шахсан ман хурсандам ки ин беморхона хешовандони марохам аз касали халос дод

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)