Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:04

Шаҳрванди Узбакистонро дар Русия даҳ соли зиндон таҳдид мекунад

10 август 2013, 10:24

Нисбат ба як шаҳрванди Узбакистон, ки дар шаҳри Маскав ба корманди пулис дарафтод, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои Интерфакс, шаҳрванди Узбакистон дар дохили мусофиркаши хидматӣ ба корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамла кардааст.

Пулиси Маскав як гуруҳ аз муҳоҷирони ғайриқонуниро ба автобус нишонда ба маҳалли нигоҳдории муваққатӣ то замони ихроҷ аз қаламрави Русия мебурдааст. «Як муҳоҷир талош мекунад, то аз мусофиркаш берун шавад. Аммо баъди садди роҳаш шудан ба корманди пулис дармеафтад. Дар натиҷа пулис аз дастгоҳи махсус истифода кардааст. Баъди ин ба шаҳрванди Узбакистон ёрии аввалини тиббӣ расонда шудааст»,-менависад манбаъ.

Нисбат ба ин шаҳрванди Узбакистон тибқи моддаи 318-и Кодекси ҷиноии Русия (истифодаи зур нисбат ба намояндаи мақомот) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки то 10 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!