Зарифӣ аз сафири нави Олмон густариши ҳамкориро интизор аст
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, 9-уми август, сафири навтаъини Олмон дар Душанбе, Холгер Грэнро ба муносибати супоридани нусхаи Эътимоднома ба ҳузур пазируфтааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ баъди супоридани нусхаи Эътимоднома, Ҳамрохон Зарифӣ Холгер Грэнро хайрамақдам гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки сафири нав барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон саҳми сазовор хоҳад гузошт.
Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, зимни вохӯрӣ, вазир бо сафир дар мавзӯи ҳамкориҳо дар соҳаи об, ҳамчун як масъалаҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор намуданд: “Рушди ҳамгироии минтақавӣ ва дурнамои вазъият дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи қувваҳои эътилофи зиддитеррористӣ аз ин кишвар дар соли 2014 низ мавриди табодули назари ҷонибҳо қарор гирифтааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |