Бахшҳо
10 авг 2013 11:02Тоҷикистон / Сиёсат

Пешниҳоди депутати рус барои қонунӣ намудани лагерҳои муҳоҷирон

Парлумони Русия ният дорад қонунеро барои танзими фаъолияти лагерҳои хаймавӣ барои муҳоҷиронро қабул намояд. Дар ин бора хабаргузори русӣ аз қавли Андрей Исаев, намояндаи Кумитаи меҳнат ва сиёсати иҷтимоии парлумони Русия иттилоъ додаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо айни ҳол лоиҳаи қонун таҳия нашудааст, аммо вакил ваъда додааст, ин кор ба дарозо намекашад. Ба гуфтаи Исаев, санади ҳуқуқӣ метавонад тирамоҳи соли равон таҳия гардад.

Ба андешаи вакил, лагери хаймавӣ бояд дар конунгузорӣ "нуктаи муваққатии нигаҳдории муҳоҷирони ғайриконунӣ" номида шавад, чунки калимаи "лагер" метавонад конслагерҳоро ба хотир орад, ки ин ба манфиати кор нест.

Исаев инчунин изҳор намудааст, ки муҳоҷирони ғайриқонуние, ки дар лагерҳои хаймавӣ ҷойгир ҳастанд, бояд ҳуқуқи кор карданро дошта бошанд. Дар баробари ин ҳамаи чиз бояд бидуни маҷбурӣ рух диҳад. Агар муҳоҷир ҳангоми дар лагер буданаш меҳнат кунад, дар ин маврид додгоҳ метавонад ӯро ҷонибдори карда, аз ҷазо дар шакли ихроҷ аз Русия даст кашад.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки ҳуқуқшиносон лагер барои муҳоҷиронро, ки ахиран дар Маскав ташкил шудааст, ғайриқонунӣ мегуфтанд ва аз кумитаи тафтишотӣ хоҳиш карданд, дар ин робита парвандаи ҷиноӣ оғоз намоянд. Ба андешаи намояндагони Кумитаи “ҳамкориҳои шаҳрвандӣ” чунин амал бояд мувофиқи модаи 127 (ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ)-и Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ гардад.
Мӯҳр
мухочир
Зоиров то ин вакт кучо хоб буди байни мардуми точик чанг андохтаву як мавзуъхои ночизе кати худатро дар мачаллаву сойтхо реклама мекарди диди, ки мухочирон аз депутатхои худи Рус дастгири шуданд дарав нулата зади... Ин изхороти депутати Рус (Исаев инчунин изҳор намудааст, ки муҳоҷирони ғайриқонуние, ки дар лагерҳои хаймавӣ ҷойгир ҳастанд, бояд ҳуқуқи кор карданро дошта бошанд. Дар баробари ин ҳамаи чиз бояд бидуни маҷбурӣ рух диҳад. Агар муҳоҷир ҳангоми дар лагер буданаш меҳнат кунад, дар ин маврид додгоҳ метавонад ӯро ҷонибдори карда, аз ҷазо дар шакли ихроҷ аз Русия даст кашад.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки ҳуқуқшиносон лагер барои муҳоҷиронро, ки ахиран дар Маскав ташкил шудааст, ғайриқонунӣ мегуфтанд ва аз кумитаи тафтишотӣ хоҳиш карданд, дар ин робита парвандаи ҷиноӣ оғоз намоянд. Ба андешаи намояндагони Кумитаи “ҳамкориҳои шаҳрвандӣ” чунин амал бояд мувофиқи модаи 127 (ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ)-и Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ гардад).

ХХДТ
Химоят аз хукуки мухочирони точик вазифаи Зоиров нест, балки вазфаи Э.Раммон аст ки ин мардумро гулом кардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)