Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Кличко аз шонси ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 маҳрум шуд

10 август 2013, 13:04

Владимир Кличко, муштзани маъруфи Украина, ки унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи версияҳои WBA (Ассосиатсияи ҷаҳонии бокс), IBF (Федератсияи байналмилалии бокс) ва WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро дорад, аз шонси ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 маҳрум шудааст. Дар ин бора оҷонсии SID хабар медиҳад.

Владимир Кличко барои он наметавонад, дар Олимпиада-2016 ширкат варзад, ки муҳлати дархост ба Ассосиатсияи бокси Олмон (DVB) анҷом ёфтааст. Кличкоро мебоист то 1-уми август Ассосиатсияро дар мавриди тасмими қабули шаҳрвандии Олмон огоҳ мекард.

Қаблан, номзадии Кличкоро барои ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 Федератсияи бокси Украина рад кард. Аз ин рӯ муштзан танҳо ба сифати намояндаи Олмон метавонист дар олимпиада ширкат намояд.

Тибқи қавонини AIBA, Ассосиатсияи байналмилалии бокс, дар Бозиҳои олимпии соли 2016 танҳо муштзанҳои ҳирфаии то 40 солае имкони ширкат доранд, ки на зиёдтар аз 15 маротиба дар ринги касбӣ қувваозмоӣ кардаанд. Кличкои 37-сола бошад, 63 маротиба рӯи ринги касбӣ баромада, замони бозиҳои Рио-де-Жанейро 40 сола мешавад. Аммо гуфта мешуд, AIBA шояд истисноан Кличкоро қабул намояд.

Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро баргузор мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!