Бахшҳо

Номзади ягонаи ислоҳотхоҳон то охири август муайян мешавад

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ имрӯз, 10-уми август, зимни як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе консепсияи ягонаи номзад ба интихоботи президентиро таҳия мекунад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Иттиҳоди мазкур дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ки дар сурати қабули консепсия, эҳтимол меравад то охири август номзади ягона низ интихоб гардад: «Барои таҳияи консепсия андешаи аъзои иттиҳод ва коршиносон ба назар гирифта мешавад. Баъд номзади ягона барномаи пеш аз интихоботии худро бо дарназардошти нукоти аслии консепсия омода хоҳад кард.»

Дар аввоили моҳи июл намояндагони аҳзоби сиёсӣ, коршиносон, ҳуқуқдонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешниҳоди номзади ягона ва ширкат дар интихоботи президентӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда буданд. Дар ҳамоиши қаблӣ Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пешниҳод кард, номзади ягона барои чаҳор сол ба мақоми президентӣ интихоб шуда, баъзе аз салоҳиятҳояш маҳдуд шавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар ин мавзӯъ изҳори назар мекард, гуфт, “президенти оянда бояд барои як давраи гузариш интихоб шавад, агарчи Қонуни асосӣ салоҳияти 7 сол медиҳад. Вале бояд он номзад тааҳҳуд бидиҳад ба нерӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҷомеа, ки дар як муддати гузариш на бештар аз 3-4 сол барномаи муштараки моро амалӣ мекунад ва шароитро барои интихоботи демократии дигари президентӣ омода месозад ва муҳимтар аз ҳама президенте, ки дар ин давра интихоб мешавад, ҳаққи номзад будан пайдо нахоҳад кард.”

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад, то кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демокртаӣ эълон кардааст, ки бо номзади худ дар интихобот ширкат хоҳад кард. Инчунин, Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, низ чанде пештар дар ҷавоб ба саволи корбарони шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” эълон дошт, ки агар нерӯҳои демократӣ бихоҳанд, ба ҳайси номзади ягона иштирок мекунад. Аҳзоби дигар, аз ҷумла ҲНИТ низ изҳор дошт, ки дар интихобот ширкат мекунад.
Мӯҳр
Собирчон
Ин иттиход ва дигар ахзоби сиёсй сад кобанд хам номзади арзандатар аз Эмомалй Рахмон намеёбанд.Саргардонии бехуда!! Хубаш хамин номзади ХХДТ ро бипазиранд ва ягон ягон вазифа бигиранд. Рохи осони мансабгирй хамин аст. Маълум аст, ки хамаи мо хамон хизбу харакатхо низ барои вазифа талош доранд.Фикр мекунед ин сиёсатмадорони навбаромад гами халкро мехуранд ва ба ягон камбагал вазифа медиханд? Харгиз!!! Умуман тарафдор надоранду орзухои ширинеро дар дил мепарваранд...

Собирчон,
БАРОДАР РОСТ ГУФТЕД ЛЕКИН АГАР АЗ РУИ ИНСОФ ХАМИН ИНТИХОБОТ ГУЗАРАД ЧИХЕЛЕ, КИ ХУДАШОН МЕГУЯНД ШАФОФФ БОВАР КУНИ Ё НЕ ХАМИН ХИЗБИ ХХДТ ЯГОН ОВОЗ НАМЕГИРАД ТАМОМАН....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)