Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:03

Масъулияти доварии дидори тимҳои миллии Тоҷикистону Ҳинд бар души Хуршед Дадобоев уфтод

11 август 2013, 14:32

Бозии рафиқонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустонро Хуршед Дадобоев, довари 32 солаи тоҷик назорат мекунад. Ҳамчунин, дар ин бозӣ Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) ва Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) ӯро кӯмак менамоянд. Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа) ба сифати довари эҳтиётӣ дар ин дидор ҳузур хоҳад дошт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ёдовар мешавем, қаблан Дадобоев (Хуҷанд) дар дидори рафиқонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Афғонистон низ масъулияти сардовариро бар дӯш дошт. Ин бозӣ 4-уми июн дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и Қӯрғонтеппа баргузор шуда, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи футболбозони тоҷик поён ёфт.

Дидори рафиқонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Ҳиндустон соати 17:00-и 14-уми август дар варзишгоҳи “20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Ҳайати тими миллии Ҳиндустон шоми 9-уми август вориди шаҳри Хуҷанд шуда, то оғози бозӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон» қарор хоҳанд дошт. Вилгелмус Якобус Куверманс, сармураббии мунтахаби Ҳиндустон барои бозӣ бо тими Тоҷикистон 20 футболбоз, бо шумули 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 5 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагарро интихоб кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!