Бахшҳо

“Мусиқиро дар Осиёи Миёна узбекҳо фармоиш медиҳанд”

Александр Чубаров, як низомии рус, ки замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон курсии муовини вазири дифои Тоҷикистонро дар ихтиёр дошт, гуфтааст, Ислом Каримов мехост, шимоли Тоҷикистонро ба тобеияти худ дарорад.

Торнамои маҷаллаи “Братишка” (bratishka.ru) хотироти Александр Чубаров, генерал-майори бознишастаи Сарраёсати кашшофии Русия (ГРУ)-ро, ки дар панҷ артиш –Шӯравӣ, Афғонистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Русия хизмат намудааст, пешниҳоди хонандаи худ кардааст. Чубаров замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муовини вазири дифоъ буда, муаллифи матлаб ӯро яке аз афсароне номидааст, ки хизматаш дар таҳкими сулҳи минтақа хеле зиёд мебошад. “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бисёре аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нафароне, ки ҳамроҳ бо Александр Сергеевич нагузоштанд, то ошубгарони исломӣ ҳукуматро соҳиб шаванд, зиёд қарздоранд. Чубаров ва дӯстони вай барои сари қудрат омадани сиёсатмадорони мутавассит, ки Русия дар оянда тавонад бо онҳо ҳамкорӣ намояд, шароит фароҳам сохтанд”,-навиштааст муаллиф.

Дар идомаи матлаб хотироти худи Александр Чубаров аз ҷанги шаҳрвандӣ ва чӣ тавр ба курсии муовини вазири дифоъ нишастанаш оварда шудааст, ки ба қавли муаллиф то имрӯз ифшо нашуда буданд.

Александр Чубаров гуфтааст, дар Тоҷикистон онҳо низоми конститутсиониро ҳифз мекарданд ва ҳамзамон афсари артиши Узбакистон буданд. Ӯ гуфтааст, президенти Узбакистон Ислом Каримов ба Фронти халқии Тоҷикистон барои аз миён бурдани мухолифон кӯмак мекард. Ба қавли Чубаров Каримов мақсадҳои худро ҳам дошт: “Мехост қисмати шимоли Тоҷикистонро, ки беш аз сад корхона ва комплексҳои пурзури ҳарбӣ-саноатии фаъол дошт, аз худ кунад. Аммо ба ин мақсадаш нарасид”,-гуфтааст ӯ.

Вай ҳамчунин хотироташро аз Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов баён кардааст. Сангакро шахси боақл, зирак ва дорои таҷрибаи бойи зиндагӣ таъриф кардааст, ки барои расидан ба ҳадаф қонуну қавоидро сарфи назар мекард. Файзалиро бошад, шахси девонаавзо номидааст, ки аз ҳеч амале рӯй намегардонд.

Александр Чубаров ҳолати ба вазифаи муовини вазири дифои Тоҷикистон таъин шуданашро ин гуна нақл кардааст: “Маро Рустам Урмонович Ахмедов, вазири дифои Узбакистон фавран аз Тоҷикисон ба Тошкент даъват кард. Он ҷо Павел Грачев, вазири мудофиаи Русияро ҳам дидам...
Ахмедов аз ман пурсид:
- Омодаи хизмат кардан дар Тоҷикистон ҳастӣ? Бояд фавран онҷо бозгардӣ! Вазифаи ту давоми якуним моҳ таъсиси бригадаи спетсназ аст.
Пурсидам:
- Ман ба ҳайси кӣ кор мекунам?
- Аз уҳдааш бароӣ - ҳамон ҷо мегӯем!
Рӯзи дигар боз маро Рустам Урманович даъват кард... Ҳангоми ҳайрухуш аз ман пурсид:
- Чубаров, медонӣ, ки дар Осиёи Марказӣ мусиқиро кӣ фармоиш медиҳад?
- Намедонам, рафиқ вазири мудофиа! –посух додам.
- Чубаров, дар Осиёи Миёна мусиқиро узбекҳо фармоиш медиҳанд! Дар хотир дошта бош- ҳамин хел буд ва ҳамеша чунин хоҳад монд".


Чубаров гуфтааст, баъдан маълум кард, ки фармони дар Тоҷикистон вазифа гирифтанашро Ислом Каримов дода будааст.

Ба қавли Александр Чубаров дар пайи интрига ва фишорҳо аз сӯи раҳбарияти нави Тоҷикистон, ки барои маҳви шоҳидони он ҷанги номаълум талош мекарданд, ба Русия рафтааст.
Мӯҳр
Сиёвуш
"Сангакро шахси боақл, зирак ва дорои таҷрибаи бойи зиндагӣ таъриф кардааст, ки барои расидан ба ҳадаф қонуну қавоидро сарфи назар мекард".
Ин Сангак Сафаров буд, ки Точикистон ором шуд ва он муллохои то оринч гарки хунро бартараф намуд, вагарна Точикистон чун Афгонистон то кунун дар чанг буд. Рухаш шод ва хонаи охираташ обод бод!

Точик
Чубаров ва тамоми касонеро ки дар Точикистон аз чумла точикони точиккуш, ба у барои точиккуши кумак кардаанд, чаханнами сузон дар интизорашон аст. Садхо хазор одами бегунохро инхо куштанд, ханохоро сузонданд, даххо духтару зани точикро тачовуз карданд....Ана хамин одамхо имруз боз точикистонро ноором карда истодаанд ва барои он хозиранд боз Чубаров ва Узбакистонро пешвои худ кароро диханд, то онхо бо осудаги миллати точикро бори дигар тачовуз кунанд.

ин генерали рус зидият меандозад мо набояд бо хамсоягон дущман бошем баракси ин хама русия хама тафрикаандоз мебошад бинед чи кадар мардуми осиеи миена дар русия хору зоранд бояд мо осиеи миена ва кавказ якчо овоз баланд кунем бидуни русия ба давлатхои мо фишор наорад

фаромуз
мумкинки Р.ЗОИРОВ сарояндай узбакистон бошад

мехмон
Хакикат як руз не якруз мебарояд наметаони як умр дуруггуи хатто ба он нафаре ки содатарин инсон аст.....

777
Бародарони гироми Точикистон дар давоми 20 сол ва пеш аз ин давра низ истиклолият надошт.Мавчудияти пули милли,худуд,парчам,Президент ва г хануз истиклолият нест. Истиклолияти мо нисби аст.Агар узбакистон мусики супориш надихад,мусикиро Москав,Пекин ё Техрон супориш хоханд дод. Зеро,ки мо карздорем. Сулхро ба мо такдим карданд... Чвнгро низ аз беаклии мо истифода бурда огоз карданд.... Боз сар кардани чанги шахрванди низ дар дасти давлатхост номбарашон кардем... Дар холате,ки базаи пуркуватарини Руссия дар Чумхури буда, имруз аз аритиши милли дида пуркуватар аст,мо аз чихати иктисоди бо Хитой вобастаем Чубаровхо ба кори зишти худ шуруъ кардан мегиранд.... Бинобар хамин хушёриро мардуми одди не сиёстмадорон аз даст надиханд....

Шариф
Оригеналаш дар ин чост: https://www.bratishka.ru/archiv/2011/1/2011_1_3.php

Карим
Хамон фронти халки ва хазира хукуматдорон сарояндаи узбако буданд ва хазир сарояндаи русхо шудагианд.Агар сангак сафаров зираку боакл мешид хуни точика якчоя бо русу узбак намерехт.Муллохо хунрезиро сар накарданд

dilovarjon
абсолютно не стоит ни читать ни обсуждать эту статью - да и матерал взят с левого сайта - ни один нормальный сайт не печатал бы такую чушь

Сиёвуш,"Сиёвуш"аки замон,!...Сангак Сафаров,як дузди горатгару чохили хасуд ва бехудову беиродаву гумрох буд.Шабонарузхое,ки дар майдони "Шахидон" гирдихамои мекарданд,Сангаки "баклан",хамчун "ЗЭК" и "без предел" ва "рэкетир"и пираки дар шахри Кулобу вилояти собики Кулоб "майдон" медод.Араку шаробхои бадсифату "левый"ро ба истеъмолгарон мефурухт.Одамони хушгуфтору хушсиратро,шахсони олуфтапушу симохои зиёи доштаро чашми дидан надошт.Бехад бад кормандони милисаву амниятро тахкир мекард.Аз мудирони амбору магозахои сердаромад,"доля"хои худро пинхони мегирифт.Хуллас,ки хамаи одамони "боло" ва рохбарону рохбарчахо душмани чонии у буданд.Вакте ки дар Душанбе,дар майдонхо гирдихамоихо огоз ёфт,на ягон муллову нимчамулло ва зиёие намедонистанд.ки Сангак ки хасту ки бошад?Шармандагии асру замонро бинед,ки Рахмон Набиеви коммунист ва хукукшиноси "олим".собик корманди прокуратура ва депутату спикери парламент Сафари Кенчаев,шармандавор ба ин котил мухточ шуданд.Ягон майдоннишини "Шахидон" талаб намекард,ки ба Кулоб раванду буфети Сангакро талаву тороч кунанду майхонаи уро оташ зананд.Касе номи уро хам намегирифт.Сангак Сафаров ва Рустам Абдурахимов,дар аввалхои мохи маи 1992-сол ба дасти шуришгарони "исломи" афтоданд.Хамон муллохову зиёиёни ботахаммулу боандеша нагузоштанд,ки онхоро катл кунанд.Хардуи онхо ба Кулоб баргаштанд.Дуторзану майфуруш дар ахди касами худ наистоданд.Боз ярок ба даст гирифта,ба бародаркуши огоз карданд.окибат сари худро хурданд.Ин генерали руси пираки,ким чи хел сафсаттахо гуфта истодааст.Он замонхо у полковники Куввахои Мусаллахи СССР буд,генерал-майори дигар,миллаташ кореяги,Николай Ким,ки лакабаш дар байни афсарон "колобок" буд,он рузхо лейтенанти калон,командири взводи бронетехники буд.Аз чунин полковникчахову лейтенантчахо ягон рохбари болоиву Вазири Мудофиаи Россия мархум Грачев,ки он солхо унвони генерал-полковникро дошт,маслихатхо намепурсиду майли сухбат хам надошт.Александр Чубаров полковники Куввахои Мусаллахи СССР ва генерал-майори Куввахои Мусаллахи Точикистон аст.Дар Россия вай хамчун як шахрванди собик харби ва нафакахури катори мебошад."Сиёвуш"агар фардо дар кучахои Душанбе,шумо ягон раввин,буддо,сингх ё католикро дидед,магар мекушед уро?.Ин генерали нафакахур,холо дар Россия ба калисои насрони рафта ибодат мекунад.Рузи чашни иди десантхои Россия,пешвоёни христиани бо аскарону афсарони катор истодаи кушунхои десанти,дуо хонда,"оби мукаддас" мепошанд,мо бошем,бо ёрии ана хамин хел чубаровхову каримовхову сангакхову файзалихо хамдигарро куштем.Ин мусафеди собик харби,бар зидди ислом чангидаву имрузхо бошад,дар манзилгохаш,дар Россия,"господи,прости мои грехи" гуфта,ба руву бозувони худ салиб мекашад.Пас чаро мо аз дину оину одатхои неки хеш ру гардонем?.Хаволаи мархум Сангак Сафаров ба худо,аллох худ чазои чунин котилро дихад,омин!

як савол ба нафаре ки хами комента навиштай..Сиёвуш,"Сиёвуш"аки замон,!...Сангак Сафаров,як дузди горатгару чохили хасуд ва бехудову беиродаву гумрох буд......
Каси хасти ки нисбати Сангак Сафаров дар дил кина дори,барои чи Турачонзодара ба ёд намиёри у хам чанг када бд ку майдони шахидон ташкил када бд ку дар хаму давру замон чанг бд чанг...о твда нишон медодан аму муллохои худозадаи харроми бадбахта ки якташ дар байни мардум баромад када мегуфт Бародаро шумо тира кач бзанен неки малойкахо бурда дар синаи кулобихои комунист мерасонанш....
Неки чашмота кушо ниго кн дар ютуб тамошо кн бобои Сангак чи пешниходо мекна файзали саидов мега мерем хамара мекшем Бобои Сангак худо рахматш кна хамар дават мекна ки куштан бас....неки яктарафа гап назанен ина мулло абдурахим яктаи дигаш коил шид ку чмхел заставара задан ....эээ шмо нимчамлохо саткаи номи ислому мусулмонитон кна

ба рахгузар
Сангак котили беспредел буд. Ку як ба ед биер ки чи кадар мардуми Кулобро номардона паррондаст (дар бораи мардуми оппозиция пока хеч чиз намегуем). Вакте ки уро дар Душанбе асир гирифтанд, касам хурд, ки агар ярок бар даст гирам, як дастам аз гур берун. Лекин ба касамаш вафо накард. Психологияи инсони ба вай бегона буд. У психологияи зэкро дошт. Боиси таассуф аст ки чунин "инсони" вахшисират як муддати кутохе сохиби хокимият шуду он кадар мардумро кир намуд. Лекин хушбахтона, худованд уро зуд чамъ кард.

зиёи
рахмат мо кулобиё доим гунагорем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)