Бахшҳо
12 авг 2013 08:45Тоҷикистон / Тема дня

Тоҷикони лагери Маскав гуноҳашонро иқрор кардаанд

Муҳаммад Эгамзод, намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз лагери муваққатӣ барои муҳоҷирон дар ноҳияи Голяноваи Маскав дидан карда, бо тоҷикони лагер суҳбат доштааст.

Ба иттилои сафорат дар суҳбат бо дипломат, муҳоҷирони тоҷикистонӣ эътироф намудаанд, ки қоидаҳои ҳузур дар қаламрави Русияро вайрон намудаанд ва ягона хоҳишашон ин будааст, ки ҳар чӣ зудтар ба Ватан истирдод гарданд. Эгамзод фаҳмондааст, ки масъалаи истирдоди онҳо, бо гузашти 10 рӯз аз содир гардидани ҳукми додгоҳ амалӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои сафорат, аз 10 шаҳрванди Тоҷикистон--Нусратулло Ризвоншоеви 42 сола, сокини ноҳияи Ҷ.Руми, Акбар Валиеви 51 сола, сокини ноҳияи Муминобод, Абдулҳалим Ҳусайнови 38 сола, сокини шаҳри Кулоб, Мирсаид Ганжалови 23 сола, сокини ноҳияи Н.Хусрав, Абдураҳмон Назарови 21 сола, сокини ноҳияи Қумсангир, Фурқат Баҳромови 26 сола, сокини ноҳияи Ҳисор, Исмоил Нурбекови 20 сола, сокини ноҳияи Ҷиликўл, Бахталӣ Қувватови 22 сола, сокини ноҳияи Ёвон, А. Самадови 18 сола, сокини шаҳри Душанбе, Ҷаҳонгир Раҳимови 22 сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар ин лагер нигоҳдорӣ мешуданд, 7 нафарашон ба боздоштгоҳи махсуси шаҳрвандони хориҷӣ интиқол ёфта, дар худи лагер се нафарашон боқӣ мондаанд.

Намояндагии Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик аз вазъи саломатияшон шикоят надоранд.
Мӯҳр
Мухочир
Аз Эгамзод ва сафорати точикистон бештар аз ин интизор нест. Аз дасташон хеч чиз намеояд. Дар назди русхо муттахаманд. Бале инхо факат махорат доранд ки айби хамватанони худро кашф кунанд аз прокуратураву суду амнияту милисаву дигару дигарашон саркарда факат айби точиконро меёбанд, зеро точик давлат надорад, сохиб надорад.........

Бека - мухочир
Ба аааа?! Дар кучои ту мусулмони аст? Мо худ шохиди он будем, ки микдори ками шахрвандони мо махз бо ташаббуси сафорат рохи халли кори худро ёфтанд. Ба умеди ту барин худобехабарон шаванд, ки ба гайр аз таънаи янга ба кайсингул дигар чизеро намедонад, бачахо бесохиб мемонданд. Илтимос дар бораи чизе ки маълумот надори бехуда лак - лак накун. Сиёхдили ва шурангези хоси шайтон аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)