Бахшҳо
13 авг 2013 14:32Тоҷикистон / Сиёсат

Раҳмон дар Норак хонаҳои истиқоматии 25-у 30 ҳазор $-ӣ ба истифода дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз,13-уми август зимни сафари корияш ба шаҳри Норак дар маросими кушодашвии якчанд иншоот ширкат намуда, аз корхонаҳои саноатии ин шаҳр низ дидан кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи таҷрибавию механикии Норак шинос шудааст, ки айни ҳол 25 намуд масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили сеткаҳои соҳилбандию деворсозӣ, панҷараҳои оҳанин, конструксияҳои металлӣ барои бунёди биноҳои таъиноти мухталиф, иншооти бузурги гидротехникӣ, мустаҳкамсозии канораҳои роҳҳои мошингард дар минтақаҳои кӯҳистон ва ғайра истеҳсол мекунад. Ин корхона, ки чанд сол аз кор бозмонда буд, соли 2006 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ харидорӣ гардида, дубора фаъол шудааст.

Президент инчунин ба роҳбарияти корхонаи Бофандаи Норак бо назардошти имкониятҳои мавҷудааш дастур додааст, ки дар муддати кӯтоҳ 300 ҷойи корӣ бунёд намуда, шумораи умумии коргаронро ба 400 нафар расонанд.

Дафтари матбуоти президент мегӯяд, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 660 хонанда оғоз шуд ва ҳамчунин дар маркази шаҳри Норак як бинои панҷошёнаи маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муродалӣ Ятимов бунёд гардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон бозори нави Норак ифтитоҳ ёфт, ки аз ду бинои дуошёна ва як бинои сеошёна иборат буда, дорои беш аз 300 ҷойи корӣ мебошад: “Ин бозори зебою мураттаб аз ҷониби бародарони соҳибкор Назаровҳо бо харҷи қариб 5,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он фурӯшгоҳҳои маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, либосворӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, супермаркет, меҳмонхона ва коргоҳҳои дӯзандагию заргарӣ ҷойгир карда мешаванд. Коргоҳи дӯзандагии он аллакай омода буда, дорои 50 ҷойи корӣ аст. Дар ин ҷо дӯхти либосҳои гуногуни мардонаю занона, кӯдакона, корӣ, мактабӣ, либосвории арӯсӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Бунёдгузорони бозор аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки то охири сол дар ҳамин коргоҳ боз 50 ҷойи кории дигар бунёд намоянд”.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино 8 хонаи 3 ва 4 ҳуҷрагии истиқоматӣ омода шудааст, ки бе ороиши дохилӣ мутаносибан бо нархи 25 ҳазор ва 30 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар баробари ин, президенти кишвар зимни шиносоӣ ба фаъолияти корхонаи хусусии “Тоҷикгидромонтаж” роҳбарияти ин корхонаро ӯҳдадор намудааст, ки дар давоми 5 моҳи оянда боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 40 ҷойи корӣ омода намоянд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, зимни боздиди президент аз Норак аён гардид, ки ҳоло аксари корхонаҳои ин шаҳри саноатӣ фаъолияти самарабахш ба роҳ мондаанд.

Манбаъ зикр мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи чанд иншооти муҳим ба шаҳри Норак сафар намуд ва айни ҳол сафари президент идома дорад.
Мӯҳр
Исфара
Мухтарам чаноби Оли ман хохиш мекунамки ба нохияи Исфара наоед.барни шумо шуда хама мардуми чамоати Сурх бо хуни дил ва горати раисхо пулдода варзишгох сохта истодаем.акала каме хам бошад бамо маблаг рои мекардед.мардуми бечора моли худро мачбури фурухта

рахмон
Мухтарам Эмомали Рахмон мо фахмидем ки рузхои наздик ба вахдат сафар доред илтимос вакте заминхоро дидан мекунед камтар дарун тар равед ягон гектар помидор ва дигар махсулотхои хочаги кишлокро мебинед е на гайр аз алаф кори дигар коре нест барои он ки дар чашми шумо хамачо сабз тобад ...раиси шахро бо зани4рум табриккарданро фаромуш накунед...аз гамхори ба шумо мурочиат мекунем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)