Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:06

Духтари 4-солаи тоҷикистонӣ дар Маскав падарашро меҷӯяд

13 август 2013, 15:31

Руфина Қурбоноваи 4-сола, фарзанди як муҳоҷир аз Тоҷикистон, Умед Қурбонов, дар шаҳри Маскави Русия падари худро меҷӯяд.

Зафар Қурбонов, ҳуқуқшиноси тоҷик, дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, пайвандони тотортабори модари ин духтарак, ба ӯ хабар расонидаанд, ки модари Руфина майнуш буда, мумкин аст аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум гардад ва эҳтимол ба зудӣ ин кӯдак ба ятимхона дар шаҳри Оренгбурги Русия супурда шавад. Номбурда иброз дошт, ки аз ин хотир пайвандони ин духтарак падари вайро меҷӯянд, то аз фарзандаш муроқибат кунаду ба ятимхона супурда нашавад.

Ҳуқуқшиноси тоҷик аз нафароне, ки падари Руфина Қурбоноваро мешиносанд, барои ҳалли ин мушкилот хоҳиш мекунад, ки бо рақамҳои 89228890351 ва ё 907993898 тамос гиранд. Ба қавли пайвандони модарии Руфина, падараш, Умед Қурбонови тақрибан 34-35 сола, шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон мебошад, ки дар Маскав муҳоҷири меҳнатӣ шуда, кор мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ali

  • 14 август 2013 11:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in uzbako da hamajo talosh mekunand ki nomi Tojikistona past zanand
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
РУФИНА КУРБОНОВАИ 4 СОЛА, КИ ПАДАРАШРО МЕЧУЯД, ПАДАРИ У УМЕД КУРБОНОВИ ТАХМИНАН 34-35 СОЛАИ УЗБЕКТАБОРИ АХЛИ ТОЧИКИСТОНАСТ, КИ ДАР МОСКАВ МУХОЧИРИ МЕХНАТИСТ. МОДАРИ РУФИНА БИНОБАР МАЙЗАДАГИ МУМКИН АСТ КИ ИМРУЗУ ФАРДО АЗ ХУКУКИ МОДАРИ МАХРУМ КАРДА ШАВАД ВА КУДАКРО БА ЯТИМХОНАИ ШАХРИ ОРЕНГБУРГИ AH СУПОРАНД. ХОХИШМАНДАМ КУМАК НАМОЕД БО ТЕЛЕФОНХОИ ДАР БОЛО ЗИКРШУДА!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!