Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:39

Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи боз як корхона ширкат намуд

22 июл 2011, 07:42

Дар шаҳри Турсунзода корхонаи «Сомон-Тӯрон-инвест» расман ба фаъолият оғоз намуд.


Расми ифтитоҳи ин ҷамияти дорои масъулияташ маҳдуд бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфт. Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони корхонаи мазкур моҳи январи соли 2010 бо сармояи соҳибкори маҳаллӣ Парвиз Рӯзиев оғоз гардида, ба истеҳсоли орд, макарон, маҳсулоти қаннодӣ ва қутиҳои қоғазӣ равона шудааст. Сехи тавлиди орди корхона дар шабонарӯз 100 тонна гандумро коркард мекунад. Сехи макаронистеҳсолкунӣ бошад, қудрати моҳона тайёр намудани то 13 тонна макаронро доштааст.
Ёдовар мешавем, сафари кори райисҷумҳур ба шаҳри Турсунзода идома дошта, қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Шаҳринав низ дидан кунад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!