Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:10

Мудирияти Фейсбук саҳифаи қалбакии Ҳамрохон Зарифиро баст

13 август 2013, 16:03

Чанд соат баъд аз пахши изҳороти Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди кушода шудани саҳифаи қалбакии ӯ дар Фейсбук, мудирияти ин шабака акаунти тақаллубии вазири тоҷикро баст.

Дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ таъйид намуданд, ки баъд аз муроҷиати расмӣ ба мудирияти Фейсбук ва паҳн шудани изҳорот дар ВАО ин саҳифа баста шуд.

Субҳи имрӯз, 13-уми август, Зарифӣ дар саҳифаи аслии фейсбукияш иттилоияе пахш намуда буд, ки «7 августи соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook аккаунт бо номи ман – Хамрохон Зарифи (https://www.facebook.com/profile.php?id=100006486525314&fref=ts) сохта шуд. Соҳиби аккаунт тамоми маълумот ва аксҳоро аз саҳифаи аслии худам нусхабардорӣ карда, дар аккаунти қалбакӣ ҷо намудааст. Дар ҳоли ҳозир он шахс аз номи ман ба шахсони бисёре “пешниҳоди дӯстӣ” (добавить в друзья) фиристодааст.»

Зарифӣ ба ҳамаи истифодабарандагони Фейсбук хотиррасон кард, ки аккаунти навбаромад қалбакӣ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • КУЛОБИ

  • 13 август 2013 17:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИН КОР ЯК КОРИ
НОМАРДИ АСТ
Посух додан
  • dilovarjon

  • 13 август 2013 18:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дуруст аст - вазир набояд дар интернет вакти худша сарф кунад
барои ин кор мутахасисони вазорат бояд банд бошанд ва ахбори расмиро чой диханд на сурати оилавиро

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!