Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:57

Хакерҳо Гагаро маҷбур карданд, ки пеш аз муҳлат сурудашро нашр кунад

13 август 2013, 17:02

Леди Гага, овозхони пуровозаи амрикоӣ таронаи «Applause»-ро қабл аз муҳлати эълоншуда расонаӣ кард.

Ин тарона 10-уми август аз сӯи хакерҳо дар интернет гузошта шуд. Хонуми Гага дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки аз он ки хакерҳо ин таронаро бо сифати пасту баланд нашр карданд, онро расман муаррифӣ мекунад. «Аждарҳо ин маълумотро зуд паҳн намоед»,-навиштааст ӯ (Леди Гага мухлисонашро аждар меномад).

Гага илова кардааст, ки дар наздиктарин фурсат таронаи «Applause» тариқи радио низ қобили шунидан хоҳад шуд. Дар шабакаи расмии Гага дар YouTube ин суруд аллакай нашр шудааст.

Қаблан, эълон шуда буд, ки «Applause»-ро Гага 19-уми август барои шунавандаҳо муаррифӣ мекунад. Ин суруди аввалини албоми нави ӯ бо номи «Artpop» мебошад, ки 11-уми ноябри соли 2013 ба фурӯш хоҳад баромад. Маҷмӯаи охирини Гага - «Born This Way» моҳи майи соли 2011 мунташир шуда, дар садри хит-парадҳои Бритониё, ИМА, Русия, Олмон, Фаронса, Ҷопон ва чанд кишвари дигар қарор гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!