Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:02

ЭЪЛОН: Интиқоли об ба Душанбе то 70% кам мешавад

13 август 2013, 18:12

Шаҳрдории Душанбе, имрӯз, 13-уми август бо пахши як иттилоия ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки дар пайи боришоти бошиддат дар доманакуҳҳои ноҳияи Варзоб, ки айни ҳол идома дорад, сифати оби воридотӣ ба Душанбе якбора пойин рафта, шаффофии он ба сифр баробар шудааст.

Шаҳрдорӣ мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди оби зараровар ба системаи таъминоти об дар Душанбе ҳаҷми интиқол аз истгоҳи обтозакунии Худҷореъ ба истеъмолкунандагон шуруъ аз нимаи дуюми рӯзи 13 августи соли 2013 муваққатан 50%-70% кам карда шуд.

Масъулини Душанбе мегӯянд, ин тадбир барои ҳифзи саломатии сокинон буда, бо кам гардидани боришот фаъолияти истгоҳи обтозакунии Худҷореъ азнав пурра барқарор мешавад.

Ҳукумати Душанбе таъкид мекунад, ки барои хизматрасонии маҳаллаҳои фишори обашон пастгардида, дар чор ноҳияи пойтахт зери масъулияти раисони ноҳияҳо интиқоли об тариқи мошинҳои обкаш таъмин карда мешавад. Ба иттилои манбаъ дар сурати пайдо шудани суол, шаҳрвандон имкон доранд ба Ситоди шаҳрӣ, ки дар назди КВД «Обу корези Душанбе» шабонарўзӣ фаъолият менамояд тариқи телефони 227-86-29 муроҷиат намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз барои худо, забони тоҷикиро хор накунед. Он, ки грамматикаро риоя намекунед ва ҷумлаҳое месозед, ки гиряи одам меояд, майлаш. Савод надорем. Аммо истифодаи лексикаи дуруст саводро талаб намекунад. Танҳо дидани луғатро. Калимаи "Худҷореъ" ро аз куҷо ёфтед? Як луғатро бинеду бинед, ки дар як калима чанд ғалат кардед. Ҳазорсола шавед
Посух додан
  • хусноро

  • 13 август 2013 19:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сифати оби мошин кашида баландтар будаст магар
Посух додан
  • Нур

  • 14 август 2013 08:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо бо харфи калон навишта мешавад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!