Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:40

Эмомалӣ Раҳмон дар Норак аз аҳамияти Роғун гуфт

13 август 2013, 18:40

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, хостори тавоноии бештари нерӯгоҳи Норак гардида, мегӯяд, ҳамаи ҳамаи нӯҳ чархаи ин нерӯгоҳ бояд иваз карда шаванд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ин нуктаро имрӯз, 13-уми август, ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолон дар шаҳри Норак иброз доштааст.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудааст, ки дар сурати пурра иваз кардани чархаҳо, иқтидори истеҳсолии ҳар яки онҳо ба 355 мегаватт ва иқтидори умумии нерӯгоҳ ба 3195 мегаватт расонида мешавад, ки аз иқтидори қаблиаш 195 мегаватт зиёд мебошад: “Ҳоло дар асоси супориши роҳбари давлат ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда корҳои таъмиру навсозии пурраи нерӯгоҳи Норак амалӣ шуда истодаанд. Мувофиқи қарордоди бо корхонаи “Турбоатом”-и Украина имзошуда бояд ҳамаи нӯҳ чархаи нерӯгоҳ иваз карда шавад”.

Президент зимни суҳбаташ ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” низ дахл намуда, таъкид сохтааст, ки дар ин раванд бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат, инчунин омили муҳими то ба 100 сол зиёд шудани фаъолияти нерӯгоҳи барқи обии Норак мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он, ки айни ҳол ҳудуди 2 ҳазор сокини шаҳр дар нерӯгоҳҳои барқи обии Нораку Бойғозӣ бо кори доимӣ таъминанд, таъкид намудааст, ки ин нишондод кофӣ нест ва бояд имкониятҳои Норак барои фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ беҳтар истифода шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!