Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:37

Оғози санҷиши саргузашти талхи гуруҳи «Баракат» дар Душанбе

14 август 2013, 10:27

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангуи фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мегӯяд, қазияи бо овозхонҳои хориҷӣ дар фурудгоҳи пойтахт руйдодаро таҳқиқ хоҳанд кард.

Номбурда дар шабакаи Фейсбук навиштааст, ки «аз рӯи ҳодисаи Дмитрий Евсиков, ки шаби гузашта дар фурудгохи Душанбе рух додааст, бо супориши роҳбарияти фурудгоҳ сардори хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ таҳқиқи хидматиро сар кард. Алъон ҳамаи сабтҳои видеоӣ дида мешавад. Пас аз маълум шудани нафари дар ҳодиса даст дошта ба шумо иловатан маълумот медиҳем».

Ёдовар мешавем, Дмитрий Евсиков, раҳбари гуруҳи «Баракат», ки чанде пеш ба Тоҷикистон омада ва дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ консерт дод, дар саҳифаи Фейсбукаш аз муносибати кормандони фурудгоҳи Душанбе шиква кардааст. Ӯ навишта, ки мардуми тоҷикро зиёд дӯст медоранд ва фарҳанги онҳоро ба Ғарб мебаранд. «Сафари мо ба Тоҷикистон хеле хотирмон буд. Аз лаҳзаҳои аввалини омадан ба ин кишвар то расидан ба фурудгоҳ ҳамин шаб»,-афзудааст вай.

Дмитрий Евсиков гуфтааст, соати дуи шаб ба фурудгоҳи Душанбе расиданд ва дар толори СИП ҷой гирифтанд. Чун асбобҳои зиёди мусиқӣ бо худ доштаанд, як корманди фурудгоҳ барои иҷозати вуруд ба ҳавопаймо аз онҳо ду баробар бештар маблағ талаб кардааст. «Ман гуфтам, ки ба қатори ҳама дар навбат истода мегузарем. Аммо он корманд аз паси ман омада гуфт, ки "беҳуда рад кардед, имкон дошт бо маблағи камтаре ба мувофиқа расем». Он мард, ки натавонист аз мо маблағ рӯёнад, тасмим гирифт, қасос бигирад. Ба назди нуктаи қайд рафта, ба корманди онҷо чизе гуфт»,-илова кардааст раҳбари гуруҳи «Баракат».

Ӯ дар идома навиштааст, ки баъди ин мушкилашон сар шуд: «Мо бо худ ду гитор ва ду сетор доштем, ки якеаш туҳфа аз хона-музеи Наргис Бандишоева буд. Шахсан модари Наргис онро ба мо ҳадя кард. Корманди фурудгоҳ гуфт, ки моро бо дастгоҳҳо ба толор роҳ намедиҳад. Ман гуфтам, наметавонем, ин чизҳои нозукро ба боғоч диҳем. Вай шиносномаҳои моро гирифта сардорашро ҷеғ зад».

Раҳбари гуруҳи «Баракат» менависад, мушкилашон бо ин ҳал нашуд ва он сардор низ таҳдид кард, ки бо асбобҳои мусиқӣ ба толори ҳавопаймо роҳашон намедиҳад. Баъдан ӯ гуфтааст, «бо шумо вориди ҳавопаймо мешавам, агар як стюардесса аз шумо шикоят барад, шуморо иҷозати парвоз намедиҳам». «Ман гуфтам, ки хоҳиш мекунам, хотироти хуши моро аз сафар ба Тоҷикистон хароб накунед. Мо мусиқии шуморо иҷро мекунем ва онро ба шунавандаҳои Ғарб мерасонем»,-меафзояд ӯ.

Аммо ин ҳама низ ба онҳо таъсир нарасонд. Ӯ қисса кардааст, ки чӣ гуна баъди мушкилии зиёди дигар тавонистанд ба ҳавопаймо нишинанд. Дар охир ӯ гуфтааст, «бо вуҷуди ҳамаи ин мушкил онҳо аз хидмат ба мардуми хуби тоҷик даст намекашанд».

Ин матлаби Дмитрий Евсиков дар интернет ба вокуншҳои зиёде рӯбарӯ шудааст. Бештари шарҳнависон аз гуруҳ барои чунин муносибат дар фурудгоҳ маъзарат хостаанд. Аммо бархе ҳам гуфтаанд, ки раҳбарияти фурудгоҳи Душанбе бояд расман аз гуруҳ узр пурсад. Ҳатто чанд нафар истеъфои раҳбарияти фурудгоҳро талаб кардаанд.

Гуруҳи «Баракат»-и Рига ба таронаҳои хонандаҳои тоҷик, ба вижа Наргис Бандишоева, Муборакшо Мирзошоев, Олег Фейзов, Далер Назаров ва гуруҳи «Шамс» дилбастагии зиёд дошта, як албоми худро низ бо номи «Tribute To Nargis» нашр кардааст. Гуруҳи «Баракат» дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» ва маркази Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон консерт дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • А

  • 14 август 2013 10:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин шармандаги кормандони Фурудгох хама пул мегиранд ин хабар ба хорич рафт шармадаги. Инхо аз мухочирон пул мегиранд
Посух додан
  • 04

  • 14 август 2013 10:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин гушнахо номус надоранд миллата паст мезананд шармандаги......
Посух додан
  • Сафо

  • 14 август 2013 11:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир кормандони фурудгох садкаи фархангу мусики ва суннатхои милли шаванд. Онхо аз кучо медонанд, ки миллат чисту фархангу санъати милли чист. Барои онхо пул пул пул ю Аз пойи шабушк кабоб мегиранд голодрансию Шармандаи моро бароварданд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикри ман агар гунахкорони хакики пайдо шаванд хам мучозот намешаванд ва номи онхоро эълон намекунанд. Зеро дар СИП аз руйи шуниди ман фарзандони калоншавандахо кор мекунанд ва хама аз Дангараанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як касе нест, ки ин канахоро аз аэрапорт пеш кунад?
Посух додан
  • Малу

  • 14 август 2013 14:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз мегуянд, кормандони ин чо то 3000 хазор сомони пул мегиранд, ки ба чунин корхо даст назананд, афсус хар чи зиёд маош гиранд, хамон кадар боз талбандаги ва шармадагию беобруги мекунанд...
Посух додан
  • Салмон.

  • 14 август 2013 21:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огох, бошед! Точ,икх,оя шох,аш гадо!!! Чи расад ба инх,о...

Огох, бошед! Точ,икх,оя шох.аш гадост! Чи расад ба инх,о...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир онхо фарханги помирихоро дуст медоштанд ку инхо ба точикхо чи дахли доранд так что барои хамин шояд гамиш доданд!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • 04

  • 15 август 2013 12:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар аз Хатлон меомаданд раксу сурудкати гусел мекарданд .. бас кунед махалчигира..

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!