Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:16

Додгоҳ боз талаб кардааст, ки Кабирӣ аз ҳукумат узр пурсад

14 август 2013, 10:35

Боздошти баҳси додгоҳии Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон бо ҳукумати Душанбе, ахиран бекор шуда, додгоҳ боз талаб намудааст, Кабирӣ аз ҳукумати Душанбе узр пурсад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, иҷрокунандаи вазифаи раиси мурофиа дар додгоҳи Душанбе, Мирзоев.Р. боздошти парвандаро бекор кардааст ва дубора ин масъала баррасӣ мешавад.

Ёров афзуд, аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки 29-уми январи соли ҷорӣ қарор кард, раҳбари ҲНИТ барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, тариқи васоити ахбори омма, аз ҳукумати Душанбе узрхоҳӣ намояд, норозист ва илова намуд, ки ҳафтае пеш ба Додгоҳи олии кишвар шикоят бурдааст.

Ин вакили мудофеъ мегӯяд, ба одилона баррасӣ гардидани ин парванда дар Додгоҳи Олӣ низ чандон боварӣ надорад: “Парванда сиёсӣ аст. Аз ин хотир Додгоҳи Олӣ низ онро қазияи сиёсӣ гуфта, бетағйир мемонад”.

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, баъди баррасии Додгоҳи Олӣ ният дорад, ба воситаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ба Кумитаи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар дар Женева муроҷиат кунад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, мегӯяд, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хилофи қарори Додгоҳи олист, ки соли 2011 қабул шудааст. “Додгоҳи олӣ бо қабули қарор «Дар бораи таҷрибаи додгоҳӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ» узрхоҳии иҷбории шаҳрвандонро назди шахсият ва ё давлат комилан манъ кард. Аз ин хотир ҳукми додгоҳи Сомонӣ хилофи меъёрҳои қонунгузории кишвар мебошад. Илова бар ин, узрпурсии шаҳрвандро Кодекси шаҳрвандӣ низ муқаррар накардааст”,-таъкид кард вакили дифоъи Муҳиддин Кабирӣ.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, қаблтар гуфт, ки ба ҳеч ваҷҳ аз шаҳрдории Душанбе барои ҳарфҳояш дар мавриди дарахтбурӣ дар пойтахт маъзаратхоҳӣ нахоҳад кард. “Қаблан эълон карда будам, ки ҳеч узрхоҳӣ нахоҳад буд. Агар мақомоти судии кишвар барои иҷро накардани ин талаботи додгоҳ ҳар ҷазои сахттареро эълон кунад, омодаам иҷро кунам, аммо узрхоҳӣ нахоҳам кард.”

Соли гузашта ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
СУДЯХОИ ТОЧИКИСТОН КУДАК БОЗИ КАРДА ИСТОДААНД......
ДОНИШГОХРО БО ПУЛ ХОНДАНД ВАЗИФАРО БО ПУЛ ХАРИДАНД ХОЛО БОШАД ДАР ЧОИ ОНЕ, КИ СУДЯ БАРОИ ЭКОЛОГИЯ ТАРАФДОРИ КАБИРРИ БОШАД ЗИДД БАРОМАДААСТ. ПАС КАБИРИ КИ НАГУЯД ХЕЧ КАС НАГУФТ КИ БОЯД ГУЯД ИН ДУПУТАТХОЕ, КИ ДАР ТОЧИКИСТОНАНД БАРОИ ЗАМИНХОИ ПОМИРРО БО ХИТОЙ ФУРУХТАНД ЯГОН ГАП НАЗАДАНД ГУНГАНД ПАС КИ БОЯД ГУЯД....
Посух додан
  • Судя

  • 14 август 2013 11:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи масъулони хукумат барои бист сол зулм бар сари миллати точик узрхохи намекунанд, вале як одам барои гуфтани хак бояд узрхохи кунад? Ин як бозии равони аст дар пешоруи интихобот. Ин хам як рохи фишор аст аз тарики суд. Хукуматии Эмомали аз суду прокуратураву амнияту милиса ба фиоидаи худ истифода мекунад. Ба чое ки ин макомот барои миллат кор кунанд баръакс дар хидмати як одам ва хонавдоаи уянд. Ачаб даврест, як бор аз худ намепурсида бошанд ки барои чи шабу руз саргардони барои посбонии вазифа барои як хонавода?!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хабарнигори тоҷикбадбин О.Тутубалина дар симои равшанфикрон нисфи аҳолии Тоҷикистонро бо касифтарин сухан ҳақорат кард. Барои чи ягон судя ҷасорат накард, ки ӯро барои узрхоҳӣ аз халқи тоҷик маҷбур созад? Муш барин ҳама хомӯширо аъло донистанд. Ай, суду судбозҳо, ба бегонагон ки зӯратон намерасад, пас, УЗР ХОСТА, ҲАМАИ ФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТРО РАҲО КУНЕД!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷамшед,
Офарин бародар
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Rustam Rustamov,

Аз бенангиву беномӯсии мақомот аз ҷигарҳо хун мечакад, дӯстам. Намедонем куҷо равему ба кӣ дарди дил кунем.
Посух додан
  • Эрач

  • 14 август 2013 20:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э х,укуматих,о шарм доретон шармандах,о!!!

Э н х,укуматих,о шарм доретон шармандах,о бесаводх,о!!!
Посух додан
  • Ҳақиқатгуӣ

  • 14 август 2013 23:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бояд узр пурсад вақти узр пурси кабири расид набошад....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳақиқатгуӣ,
ЧИ НАБОШАД....... ДАВОМАШРО НАНАВИШТИ...
ЯЪНЕ ГУФТАНИ БУДИ, КИ БОЗ КАБИРИРО БО ЯК ФОХИШАИ ДИГАР ТУХМАТ МЕКУНАНД БА МИСЛИ ЗАЙД.......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хукуматдорони шармандаи мо,намедонанд,бо кадом рох пеши руи исломро гиранд,шармандахо,имшооллох пирузи аз исломи азизаст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ээ бародар, агар лозим бошад онхо аз ин хам бадтарашро мекунанд. Ин диктаторхо барои амали шудани максадхои худашон аз ягон чиноят даст намекашанд. Во хасрато аз инхо....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!