Бахшҳо

Сиддиқов дар бораи ҲНИТ, рӯйхати сиёҳ ва рақсу бозӣ дар телевизион

Гуфтугӯи хабарнигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр бо муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов дар бораи ҷавоби рад ба дархости Муҳиддин Кабирӣ ва мавзӯҳои вобаста ба он.

Озодагон: Дар номаи худ ба ҲНИТ ишора ба он доштед, ки «Кумита бо ҳамаи ҳизбҳову созмонҳое, ки фаъолияташон расман дар доираи қонун ва бо назардошти манфиати милливу давлатии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ҳамкорӣ карда, дастрасии онҳоро дар шабакаҳои ТВ ва радио баробар таъмин мекунад». Пас саволе ба вуҷуд меояд, ки Кумитаи телевизион ва радио бо далели ноамн ва ё хилофи қонун будани фаъолияти аҳзоб онҳоро ба эфир роҳ намедиҳад?

Сиддиқов: Чаро Шумо фикр мекунед, ки намояндагони аҳзоб ба эфир роҳ дода намешаванд? Намояндагони ҳизбу созмонҳои мухталиф, аз ҷумла аъзои ҲНИТ низ дар намоишу гуфторҳои телевизион ва радио иштирок ва изҳори назар мекунанд.

Озодагон: Тибқи қонунгузорӣ ҳар созмон, ҷамъият ва ҳизбе, ки аз тарафи ниҳодҳои қудратӣ ба қайд гирифта шудаанд, фаъолияти расмӣ доранд. Чӣ гуна Шумо метавонед дар фаъолияти дигар аҳзоб хатареро барои амнияти давлату миллат муаяйн кунед, вақте қонунгузорӣ барои фаъолияти онҳо иҷоза додааст?

Сиддиқов: Аввал ин ки иҷозати фаъолиятро ба аҳзоб ва созмону ҷамъиятҳо ниҳодҳои қудратӣ не, балки Вазорати адлия ва дигар мақомоти салоҳиятдор медиҳанд. Дигар ин ки аз қайди давлатӣ гузаштани онҳо кафолати онро намедиҳад, ки ин аҳзобу созмонҳо ягон вақт қонунро вайрон намекунанд ва бояд пурра аз доираи назорат берун бошанд. Мо чӣ гуна муайян мекунем? Дар доираи салоҳиятамон, аз рӯи маводе, ки ин аҳзобу созмонҳо мехоҳанд аз тариқи телевизион ва радио пахш гарданд. Агар чунин мавод ё дархост пешниҳод шавад, мо ҳатман онро дида мебароем, новобаста ба он ки аз ҷониби кадом ҳизбу созмон ё ташкилоту муассиса пешниҳод мегардад. Вале ин мавод бояд ҳатман ба талаботи қонунгузории мамлакат ва манфиатҳои миллату давлати мо ҷавобгӯ бошад, дар акси ҳол он ба эфир роҳ дода намешавад. Ин мавқеи устувори Кумитаи телевизион ва радио ҳамчун як мақоми давлатист ва инро бояд ҳама донанд.

Озодагон:
Вақте Шумо ишора ба ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ кардед, чӣ гуна ҳамкориро дар назар доштед?

Сиддиқов: Он ҳамкориеро, ки тибқи қонун шабакаҳои давлатии телевизион ва радио чун дигар воситаҳои ахбори омма метавонанд бо аҳзобу созмонҳои сиёсӣ дошта бошанд.

Озодагон:
Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон танҳо дар арафаи интихобот ба телевизионҳои Тоҷикистон дастрасӣ доранд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Дар ҳоле, ки қонунгузорӣ дастрасии озод ба чеҳраҳои мухолифро маҳдуд накардааст?

Сиддиқов:
Ба ин суолатон аллакай посух додам. Ҳамкорӣ бо аҳзобу созмонҳои гуногун танҳо бо ҳамкорӣ дар арафаи интихобот маҳдуд намешавад.

Озодагон:
Лутфан феҳрасти чеҳраҳои «нон грат»-ро номбар мекардед?

Сиддиқов: Кадом «феҳраст», шумо чиҳо мегӯед?! Ин сафсаттае беш нест. «Нон-грата» - ин истилоҳ аслан марбут ба соҳаи дипломатия аст ва ба мо ҳеҷ иртиботе надорад. Маънии ин истилоҳ «шахсони иштирок ё фаъолияташон дар коре ё ҷое маҳдудшуда» мебошад. Барои мо чунин ашхос вуҷуд надоранд, агар ҳукми суд содир нашуда бошад. Бори дигар мегӯям, мо дар раванди ҳамкориҳоямон бо ҳамаи шахсоне, ки фаъолияташон дар доираи қонун ва аз рӯи манфиатҳои миллату давлатамон ба роҳ монда шудааст, муносибати яксон зоҳир менамоем.

Озодагон:
Барои мисол, мухолифин умуман ба барномаҳои ТВ роҳ надоранд. Ҳатто дар пахши барномаҳо аз рафти ҷаласаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ намояндагони аҳзоби мухолиф, аз қабили Муҳиддин Кабирӣ ва Шодӣ Шабдолов намоиш дода намешаванд. Дар ин маврид мухбирони шумо ишора ба он мекунанд, ки ба чунин амал бо фармон аз боло даст мезананд? Шарҳи Шумо чист?

Сиддиқов: Мухолифин «умуман ба барномаҳои ТВ роҳ надоранд» гуфтан ғалат аст, намояндагони онҳо низ дар барномаҳо иштирок ва суханронӣ мекунанд. Шумо агар надида бошед, дигарон дидаанд. Дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат 63 нафар вакили мардумӣ фаъолият мекунанд ва мо наметавонем чеҳраи ҳар кадоми онҳоро дар барномаҳо баҳудаю беҳуда ба намоиш гузорем. Чеҳраи вакилон вобаста ба мавзӯи баррасишаванда албатта нишон дода мешавад. Дар ин бора ягон хел «фармон аз боло» нест ва буда ҳам наметавонад. Агар мебуд, он нашр мешуд ва Шумо ҳам онро медидед. Ҳамзамон бояд гуфт, ки гузоришҳоро аз ҷаласаҳои Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ хабарнигорони мо не, балки маркази матбуоти парлумон танзим ва ба мо пешниҳод месозад.

Озодагон: Сабаби афзоиши барномаҳои зиддинаҳзатӣ дар шабакаҳои телевизионӣ, ва он ҳам дар пешорўи интихобот, чист?

Сиддиқов:
Шабакаҳои телевизион ва радио худашон махсус «барномаҳои зиддинаҳзатӣ», тавре Шумо мегӯед, ташкил намекунанд. Агар пиндори Шумо чунин аст, хандаовар аст. Мо танҳо воқеиятеро инъикос менамоем, ки имрӯз дар ҷомеа вуҷуд дорад. На бештар аз он. Мардум дар маҳофилу маҷлисҳо имкони озодона ибрози назар кардан доранд.

Озодагон: Шабакаҳои телевизион замоне мавриди писанди омма қарор мегиранд, ки агар воқеъияти рӯзгори мардумро инъикос намоянд. Маъмулан дар телевизионҳои тоҷик ҳамеша аз рақсу суруд ва ё беҳбудиҳо гуфта мешаваду аз мушкилот на, сабаби яктарафа инъикос кардани воқеъияти кишвар чист?

Сиддиқов: Агар Шумо фикр кунед, ки рақсу суруд ифодагари воқеияти рӯзгори ҷомеаи мо нест, ғалат мекунед. Рақсу суруд ҳам як пораи ҷудонопазири зиндагии мардуми мост. Ва агар мо онро бештар нишон медиҳем, пас ин корро бо ду сабаб ба ҷо меорем: якум, мо хоҳишу дархости бешумори бинандагону шунавандагон ва натиҷаи пурсишҳои дар байни онҳо доиркардаамонро ба назари эътибор мегирем, дуюм, ба хотири рушди фарҳанг, ки пояи асосии давлату давлатдорист, тарғиби арзишҳои муқаддаси миллӣ ва мусоидат ба роҳату рафоҳияти мардум, таҳкими саломатии шаҳрвандон рақс ва суруду мусиқиро талқин мекунем. Оё талқини рақсу суруд, шодию нишот ягон ҷои бадӣ дорад?! Албатта, агар бо барномаҳои мо ошно бошед, дар баробари муваффақиятҳо мо аз камбудиҳои ҷомеа низ бисёр ҳарф мезанем.

Озодагон:
Бештар маврид далел оварда мешавад, ки шабакаҳои давлатии телевизион ва радио барои таблиғи фаъолияти давлат ва ҳукумат ҳастанд. Аммо ин шабакаҳо аз ҳисоби андоз фаъолият мекунанд. Яъне, маблағи мардум, ҳамон мухолифин аз ҷумла. Пас чаро дастрасӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа ба эфир якранг нест?

Сиддиқов: Аввалан, андоз танҳо яке аз манбаҳои даромади буҷет аст. Сониян, на танҳо мухолифин, балки тамоми шаҳрвандон, тамоми мақомот ва ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла шабакаҳои давлатии телевизиону радио низ андоз месупоранд. Солисан, андозе, ки мову шумо месупорем, охируламр дар шакли ҳар гуна хизматрасониҳои ройгон боз ба худамон баргардад. Оё касоне, ки дар муассисаҳои ғайридавлатӣ кор мекунанд, аз неъматҳое, ки давлат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ муҳайё кардааст, аз қабили амният, тартибот, шаҳру деҳоти обод, роҳу пулҳо, боғу гулгаштҳо, таълим дар мактаб, ёрии тиббӣ, истироҳатгоҳҳо, идрорпулию кӯмакҳои хайрия, нафақа ва ғайраву ҳоказо бархӯрдор нестанд? Худи дастрасии ройгони аҳолӣ ба барномаҳои шабакаҳои телевизиону радио, ки бо мақсади таъмини он давлат маблағи зиёд сарф мекунад, яке аз чунин неъматҳост. Дар бисёр кишварҳо, мисли Олмон, Британияи Кабир, аҳолӣ барои тамошои барномаҳои телевизион ҳар моҳ пул месупоранд.

Озодагон:
Тақдири Академияи ВАО чӣ шуд?

Сиддиқов: Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Академияи воситаҳои ахбори омма омода шудааст ва дар ҳоли баррасӣ дар вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад: бояд макони ҷойгиршавӣ, ҳаҷми маблағгузорӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти ин муассиса мушаххас карда шаванд. Тавре Шумо огоҳӣ доред, аз ҷониби Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик 10 марти соли 2012 барои таъсис додани Академияи ВАО ҷиҳати рушди воситаҳои ахбори оммаи мамлакат супориш шуда буд. Ин супориш ҳатман иҷро мешавад.

Озодагон:
Ба назари Шумо телевизионҳои давлатӣ бояд дар хизмати мардум бошанд ё дар хизмати ҳукумат?

Сиддиқов: Шабакаҳои давлатии телевизион ва радио тибқи қонун пеш аз ҳама бояд фаъолиятҳои давлат ва ҳукуматро инъикос намоянд. Аммо давлат ва ҳукуматро аз мардум ҷудо кардан лозим нест, давлат ва ҳукумат низ баргузидаҳои ҳамин мардум ҳастанд ва танҳо барои таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият мекунанд. Аз ин лиҳоз, вақте шабакаҳои телевизион ва радио дар бораи тадбирҳои давлатию ҳукуматӣ ҳарф мезананд, ин маънии онро дорад, ки хизмати мардумро ба ҷо меоранд.
Мӯҳр
Бахтиер
Хумайро гап нест 6-0 голш зади. Сад хайф чавобхои бе мантик раксу суруд....

Журналист
Аслан ТВ ё рузнома ин минбар аст ва гуфта намешавад фалону фалон мисле ки дар ин матлаб хохари азиз Хумайро гуфтанд. Чи вакте Озодагон интикоди хукуматро ба 80% таърифи Турачонзодаро ба 98% мерасонад магар ин дуруст аст? Ё вакте Задро дастгири карди мардуми мешавию Фатох Саидро гайри мардуми? Фарк байни Фатох Саид ва Зайд Саид дар чист хохари азиз Хумайро? Ман хам дар бисёр маврид тарафдори гуфтахои туам Хумайро, аммо на бо онарзе ки ту мефахми. Ин чо бояд аз непрофесионализми хайати эчоди ва рохбарони эчоди, часорати журналисти ва гайра бояд сухан мерафт на аз гшунахгор кардан. О ту ку прокурор нести ту хам журналисти. Баъд чаро бояд тарафи Хукуматро нагирад. Оё боре дар ягон гузориши СНН хабаре зидди хукумати Амрико шунидаед? Аслан плюрализм ин аст ки "ки чи мегуяд бояд касе кор надошта бошад 9албатта дар доираи конун) хонанда ва бинанда ихтиёр дорад ки киро тамошо кунад ва ё киро хонад. Агар чунин аст пас чаро бо Сиддиков даъво кардан ки тарафи хукуматро мегиранду нахзатихоро ба барномахояшон рох намедиханд? Онхо ихтиёр доранд, хамон тавре ки чанд сол мукаддам нахзатихо хам хамин ТВ-хоро гирифта буданд ва чониби мухолифро наздикшави намемонданд... Худо нигахбон Хумайрои часур, монда набоши

Ташакури зиёд Хумайро,аз шумо хохиш мекунам,ки ба шабакахо гох,гох гузар кунед. Албата ба хаминтури суолхо! ацоиб цавобхои бе мантик ин шахс дар куцо тахсил карда боша? афффсууус.

Сиддиқов: Чаро Шумо фикр мекунед, ки намояндагони аҳзоб ба эфир роҳ дода намешаванд? Намояндагони ҳизбу созмонҳои мухталиф, аз ҷумла аъзои ҲНИТ низ дар намоишу гуфторҳои телевизион ва радио иштирок ва изҳори назар мекунанд.

ХУМАЙРО ин чо бояд савол ин мешуд, ки ягон мисол биёред кай ва дар кучо кадом намояндаи оппозитсия баромад кард бахусус ки ХНИТ

Нон грата гап сиддиков дуруст Журналист саволи нодуруст ва ... додааст

"ба хотири таҳкими саломатии шаҳрвандон рақс ва суруду мусиқиро талқин мекунем"- Э вой бар холат муовин!!!????? Ракс кунед мардум!!! кашфиёти нави муовин-Саломатиро бо ракс нигох доштан мумкин будааст. Урааааа!!!!.

Мавлон
Офарин хонуми часур, ман коил, ба фикрам огои Сиддиков хело асабби бояд шуда бошад.

Саид
Сад хайф , ман рости акои Сайдалиеро ки 20 сол пеш медонистам нашинохтам. Браво ХУМАЙРО!

Шарм бояд кард бо ин дуруг гуфтан! Руйирост дуруг гуфтааст чаноби Сиддиков!

шумхор,
шумхор,
Шумхор магар намедони, ки умуман харакат ба саломати фоида дорад, ракс бошад як навъи варзиш аст ва хохи нахохи ба саломати муфид аст

Мирзо
Хумайро кандта зан 11 ба 0!

ЧАМИК
ОЙ МАРДУМ РОСТИ МАН АЗ ОН МЕТАРСАМ КИ РУЗЕ ХАМИН СОМОНАИ "ОЗОДАГО"РО МЕБАНДАНД БАРОИ ОН КИ ХАКИКАТРО БИСЁР ОШКОР КАРДА ИСТОДААСТ ИН ХУБАСТ. ЛЕКИН АЗ ШУМО ХОНАНДАГОН ХОХИШ МЕКУНАМ КИ КАМЕ ХАМ БОША ХУКУМАТДОРОНРО БА ТАРЗИ ШУХИОМЕЗ ТАЪРИФ КУНЕД КИ ХАМИН САЙТРО БОЗ НАБАНДАД))))...

Солех
Офарин ба Сайидалй! Чавобхои хеле босалохият ва дуруст. Дар ягон мамлакат оппозитсияро дар ВАО-и хукуматй рох намедиханд. Канй коммунистои Амрикоро ба ВАО рох диханд. Онхо барои пешрафти чомеа кор намекунанд, балки максадашон ноором сохтани авзоъ мебошад. Ман бовар дорам, ки агар мабодо хамин оппозитсия ба сари кудрат биёяд, намояндагони ин хукуматро худо зад, гуфтан гиред. Лекин мо хукуматихо онхоро намемонем, ки худро намоиш диханд.

Сиддиқов фикр кардааст воқеият ҳамоне аст, ки ба ӯ дикта кардаанд бечора як камтар ба унвони мунтақид ва мухолиф ва мунсиф ба ин барномаҳои худ назар кунад мебинад суханони худаш сафсатае беш нест. ба унвони мисол дини мубини ислом як воқеияти арзишии ҷомеи мостки тарафдорони он ба маротиб зиёдтар аз раққосаҳову ҳофизон ҳастанд ва дар ин замина аз тв низ дархости барномаҳои зиёд мешавад, вале оқои Сиддиқов гуядки то чи андоза ба ин барномаҳо ба сурати мустақил на барномаҳои динии дар садади таъмини манофеи ҳукумат, анҷом мешаванд.
албатта аксарияти баёни Сиддиқов қобили нақд мебошанд, ки инҷо ҷои зикри онҳо нест.
ингуна ҷавоб доданро дар посух ба суол, фирор ба пеш мегуняд
мардумро гаранг фикр кардаанд ин бечораҳои бесавод

humayro shumo suolhoi khub doded ammo ogoi sodikov yagon suoli shumoro ba istisnoi suoli okhir posukhi durust nadod.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)