Бахшҳо

Муроҷиати Зоиров ба Додситони генералии Русия

Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, дар пасманзари фишорҳои навбатӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ба унвонии додситони кулли Русия ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи Маскав муроҷиатномаи расмӣ фиристодааст.

Раҳматилло Зойров дар муроҷиатномаи худ аз вазъи муҳоҷирони тоҷик изҳори нигаронӣ карда, аз додситони кул ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи Русия хостааст, то ба ин ҳолат баҳои ҳуқуқӣ дода, аз қабули қарори таҳлилнашуда ҷилавгирӣ намоянд. Зойиров даъват кардааст, то масъулини Русия, ки масоили марбут ба ҳуқуқи инсон ва муҳоҷиронро қабул мекунанд, ба Сарқонуни ФР, ҳуқуқ ва озодии инсон эҳтиром гузоранд.

Раҳматило Зойиров, ки ду рӯз боз дар шаҳри Маскав қарор дорад, зикр намудааст, ки замоне ин шаҳр пойтахти ягонаи ватани ҳамаи мо Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва муҳоҷири меҳнатӣ дар ин кишвар монеа набуда, сарчашмаи захоир ва рушд мебошад. Зойиров бо такя ба иттилои мақомоти рус, навиштааст, ки барои муҳоҷирони боздоштшуда дар Маскав макони ҷадиди нигаҳдорӣ интихоб мекунанд: “Дар баробари лагери Голяново дар назди Маскав пулиси ин шаҳр 3 майдони дигарро барои ҷойгир кардани муҳоҷирон ҷустуҷӯ доранд. Пулиси Маскав гуфтааст, ки барои онҳо ҷойҳое лозим мешавад, ки то 2 ҳазор нафарро ҷой карда тавонанд.”

Раҳматилло Зойиров аз ин омодагии пулиси Маскав изҳори ташвиш карда, мегӯяд, ки ин маънои оғози ихроҷи оммавии муҳоҷирони меҳнатиро дорад. Ӯ суол гузоштааст, ки он асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Русия дар кадом сатҳ қарор доранд ва чаро то имруз расман амалӣ намешаванд?

Зойиров, қаблан бо пахши як изҳорот, лагерҳои хаймавӣ барои муҳоҷирони мехнатиро, ки ахиран дар Маскав ташкил шудаанд, хилофи қонунгузории Русия, аз он ҷумла Сарқонуни ин кишвар гуфт. Зоиров таъкид менамояд, ки ин амали мақомоти рус бояд мувофиқи моддаи 127-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ, баррасӣ гардад. Зоиров ба мақомоти дастандаркор хотиррасон мекунад, ки бо инсон сарукор доранд ва мувофиқи сарконуни ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон, ҳуқуқҳои инсон арзиши олитарин буда, қонунӣ будани ҳар амал ва иҷроиши қавонин аз ҷониби кулли шохаҳои ҳокимият – қонунгузор, иҷрокунанда ва судӣ – маҳз ба он нигаронда шудааст

Маврид ба зикр аст, ки марказ барои нигаҳдории муҳоҷирон дар Голяново таърихи 31-уми июл, баъд аз ду рӯзи рейди пулис дар бозорҳои Маскав таъсис дода шуд. Айни замон дар майдони мазкур 586 нафар нигоҳдорӣ мешаванд, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони Ветнам мебошанд. Тибқи иттилоъ дар лагери Голяново 11 нафар ва дар шаҳри Санкт Петербург 44 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
Чаро чунин эътироз аз тарафи давлат ва хукумат сурат намегирад? Шояд чунин вокунишхо ва мурочиатномахо зиёд шаванд бархурд ба шахрвандони мо хам тагйир ёбад. Президенти моро зарур аст, ки аз Зоиров омузад.

Ман.
Бародари азиз ин призиденти мо парвои мо мардуми мусалмони мухочири овора надорад. Чунки у аз хамаи мо мухочирхо безор аст. У дар соли 2005 гуфта буд ани нитаджики ани сигани. Хозир агар хамаи мухочиронро депорт кунандам рахмон парвое надорад. Ва боз мегуяд хуб шуден.

Гурухи омузгорон
Аз масъулони сомона хохиш! Мо як гурух омузгорону донишмандон хохиш дорем, ки рекламаи зоиров аст ми ё Рахматуллоев рости насабашро намедонем, камтар карда шавад. Шумо хам фарзандони хамин миллат хастед. Ва хуб медонед, ки ин одам барои нобудии миллат ва давлати Точикистон хорич аз кишвар чи накшахо дорад.
Дилсузихои имрузаи у низ беманфиат набуда, ба ёдамон мусулмонии якмохаи баъзе афродро мемонад, ки 11 мох бе рузаву намоз майнуши карда як мохи Рамазон мусулмон мешавад. Яъне ба кавле ачоиб мардумон дидам ба ин сон, ки 11 кофиру як мох мусулмон.
Ин одам хам айнан прототипи хамунхост. Мархилаи интихобот, ки наздик шуд, чойхои нозук ва суст кофта, худро гамхори миллат мехисобад. Мо дируз бо Маскав алока доштем, ки намояндагии сафорат ва инчунин Хукумати кишвар бо ин мардуми дар лагер будаги кор бурда истодаанд. Чи нафъ дорад, мурочиати у ба Додситони Россия ва наход, ки Додситони Россия хамкории хукумат монда гапи ин бесару поро гуш кунад. Мо такозо дорем, ки ин талаби мо, ки рузхои наздик мурочиати зиёда аз 100 нафара ба ахли чомеа пешниход мешавад, ба гуши ин худобехабар расонида шавад. Шумо намедонед, ки дар пушти ин одам ки аст ва ин одам барои Точикистон чи хатари чидди дорад. Дар ходисахои Хоруг мо факт дорем, ки у даст дорад. Бо ки пеш аз ходисахо ин амалро ташкил кардааст. Эхтиёт бошед, ки яке аз минахои сархади Узбекистон хамин одам аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)