Бахшҳо
14 авг 2013 14:53Тоҷикистон / Тема дня

Шӯрои сиёсии ҲНИТ хост, роҳбарият фаъолтар бошад

Шурои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 14- уми августи соли 2013 дар ҷаласаи худ, масъалаи интихоботи дар пеш истодаи президентӣ ва омодагии ҳизбро ба он баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари ҲНИТ дар Душанбе аъзои Шӯрои сиёсӣ таъкид кардаанд, ки ҳамагуна талош барои берун бурдани фазои интихоботӣ аз қолаби конститутсионӣ ва фарҳанги сиёсӣ, чи аз тарафи баъзе намояндагони мақомоти ҳокимият ва чи ҳизбу ҳаракатҳо, бояд ҳамчун амали мухолиф ба қонунгузорӣ ва манфиатҳои миллӣ шинохта ва ба ҷомеа муаррифӣ карда шавад.

Шӯрои сиёсӣ аз ҷумла он зуҳуротро, ки дар арафаи интихобот масъулони ҳимоят аз меъёрҳои Сарқонун, фаъолияти ҳизби сиёсии характери динидоштаро зери суол мебаранд, нигаронкунанда хондааст.

Ба иттилои манбаъ, аъзои Шурои сиёсии ҲНИТ таъкид бар он карданд, ки роҳбарияти ҳизб бояд дар баробари қонунвайронкуниҳо фаъолтар шуда, чораандеширо бештар кунад: “Бояд роҳбарияти ҳизб корҳои лозимаро барои ҷалби таваҷҷуҳи масъулин, ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи кишвар ба ҳолатҳои поймолшавии арзишҳову меъёрҳои Сарқонун ва Созишномаи Сулҳ, ки аз тарафи шахсиятҳо, доираҳо ва ҳатто мансабдорон сурат мегирад, анҷом диҳад.”

Инчунин, аъзои Шурои сиёсӣ равишҳои ширкати ҳизб дар интихоботро баррасӣ намуда, таъкид кардаанд, ки новобаста аз вокуниши дигар ҳизбу ҳаракатҳо ва мақомот, ҲНИТ бояд талошҳои худро барои тақвияти фарҳанги сиёсии муътадил дар асоси қонунгузории кишвар ва манфиатҳои миллӣ идома дода, масъулияти худро дар назди ҷомеъа анҷом диҳад. Аъзои Шӯро гуфтаанд, хотири расидан ба ваҳдати миллии комил, ҲНИТ-ро водор кардааст, ки масъалаи пешниҳоди номзад аз дохили ҳизбро ҳамчун гузинаи истисноӣ ва ахири худ дар ин раванд муаррифӣ намояд.

Зимни ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ пешниҳод шудааст, ки агарчи фурсат кам боқӣ мондааст, боз ҳам талошҳо барои расидан ба тавофуқ атрофи як номзади сатҳи миллӣ идома ёбад ва авлавият ба нафарҳое дода шавад , ки намояндаи ин ё он ҳизби сиёсӣ набуда, тавонад тамоми кишрҳои ҷомеъаро атрофи ҳадафҳои муштараки миллӣ ҷамъ намояд: “Дар сурати пешниҳоди номзади ҳизбӣ, бояд ба ҷомеа далелҳо ва сабабҳои чунин тасмим ошкор ва шаффоф ироа гарданд. Самимият, мантиқӣ ва дур аз эҳсосот амал намудан аз муҳимтарин омилҳои комёбӣ дар ин раванд дониста шуд.”
Мӯҳр
Собир
Э бародаро, ягон номзади арзанда надоред, кучо талоши бехуда мекунед. Барои се мох хаёзу мекунед, боз дар баробари хамдигар рухомон дуд мекунад. Кабирй ва Хусайнй вакили мардумй хастанд, ганда мй? Биёед, барои тинчию амонй, вахдати комили мардум ва ободии Ватан аз Чаноби Олй чонибдорй кунем. Агар бовар дошта бошед, ки акаллан 20 фоиз овоз мегиред, ин хам кирои гап нест.

Дур-дур бози кун Собир. Чаноби олит 21 сол рохьари кард, бас нест? Ё 21 дигар мехохи?

Нури
Кабирй ва Хусайнй вакили мардумй хастанд дар чандсоли вакил будан ҳарду чикорҳоро анҷом додан дар Тоҷикистон ки овоз медиҳи ту бародар сода буди бовар накун гапҳоӣ депутатҳоӣ дуруғгуӣро калуш медиҳам газ мегузаронам ҳамааш дуруғ барой вазифа индафа инхел депутатҳо даркор нест тоҷикоба

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)