Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Кӯлоб: Мардум чор рӯз бе барқ мемонад?

14 август 2013, 15:13

Чанде аз сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, интиқоли барқ ба манзилашон қатъ шудааст.

Як сокини маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоев ба “Озодагон” тамос гирифта, шикоят намуд, ки барқашонро қатъ карда ва гуфтаанд, давоми чор рӯз барқарор нахоҳад шуд. “Мо дар биноҳои чорқабата зиндагӣ мекунем. Омада барқро қатъ карданд. Гуфтанд, ки сокинон пули истифодаи барқро насупурдаанд. Наход барои чанд нафар, барқи ҳамаро хомӯш кунанд”?

Ин нафар гуфт, ҳоло сокинони биноҳои 12, 13 ва 14-и маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоев ва маҳаллаи “Минжинский” бидуни барқанд.

Ҳақназар Хоҷаев, сардори Шӯъбаи фурӯши барқи шаҳри Кӯлоб дар суҳбат ба “Озодагон” хабари қатъи барқ ба маҳаллаи мазкурро тайид карда гуфт, сокинон дар пардохти ҳаққи истифодаи барқ фаъол нестанд. Ӯ афзуд: “Барои қатъи биноҳои 13 ва 14 супориш додем, аммо интиқоли барқ ба бинои 12 ба зудӣ барқарор мешавад. Бинои 13 аз барқ беш аз 16 ҳазор ва бинои 14 зиёда аз 12 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Бинои 12 бештар аз 2 ҳазор қарздор буд, барои ҳамин он бояд барқарор шавад”.

Ҷаноби Хоҷаев мегӯяд, ҳамаи сокинони ин биноҳо қарздоранд: “10 сомонӣ ё 20 сомоние, ки медиҳанд мегӯянд, мо пули барқро додем. Аммо аз моҳҳои гузашта қарздоранд”.

Номбурда афзуд, вазифаи онҳо ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ аст ва василаи ягонаро барои рӯёндани он қатъ кардани барқ гуфт. “Дар асоси қоидаҳои истифодабарии барқ ва гармӣ мо метавонем барои напардохтани маблағи истифодаи барқ онро қатъ намоем. Ягона “ричаг” ҳамин аст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Санавбар

  • 14 август 2013 17:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Равшанй мехохед, пулаша тид...
Посух додан
  • хусноро

  • 14 август 2013 22:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
контролерхо вакташба пула гундоранд карз зиед намешад се чор мох пас миян мардуми бечора аз кучо 1500 миеба баъд ин ки контролерхои хозира 200 сум те карзтона 0 менум меган худошон кори халол надоран

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!