Бахшҳо
14 авг 2013 15:45Тоҷикистон / Сиёсат

Дастгоҳи президент харидуфурӯши одамонро шарҳ дод

Абдусаттор Раҷабов, мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мегӯяд, давоми 7 моҳи соли равон дар кишвар 436 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши одамон сабт гардидаанд.

Раҷабов, ки имрӯз, 14-уми август зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, дар Душанбе суҳбат мекард, ташреҳ дод, ки нишондоди мазкурро набояд дар мазмуни аслияш баҳогузорӣ намуд, зеро тибқи талаботи моддаи 1-и қонун дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, 22 кирдори ҷиноятӣ дар кодекси ҷиноятии кишвар, ҳамчун ҷиноятҳо дар самти харидуфурӯши одамон муқаррар карда шудаанд: «Аз ин бармеояд, ки мо тамоми фаъолияти омории худро дар ин соҳа бояд ба фарогирии ҳамин 22 кирдори зиддиҳуқуқӣ амалӣ намоем. Ҳол он, ки ба харидуфурӯши одамон мансуб будани қисме аз чунин ҷиноятҳо тасдиқи комили худро талаб менмоянд. Ҳамин тариқ дар ин давра 7 ҷинояти одамрабоӣ, ғайриқонуни марҳум кардан аз озодӣ 6 ҷиноят, таҷовуз ба номус 31, ҳаракати зуроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ 30 ҷиноят, алоқаи ҷинсӣ ба шахсе, ки ҳанӯз ба синни 16 нарасидааст 62 ҷиноят, харидуфурӯши ноболиғон 6 ҷиноят, ба фоҳишагӣ ҷалб намудан 1, ташкил ва нигоҳдории фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ 129, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад 188, сохтакорӣ ба хотири харидуфурӯши одамон 2 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст».

Ин масъули дастгоҳи иҷроияи президент қайд намуд, ки аз 7 ҷинояти одамрабоӣ- 4 ададаш дар шаҳри Душанбе, 2 адад дар Суғд ва 1 тои дигар дар ноҳияҳои тебеи марказ содир гардидааст. Ба қавли Абдусаттор Раҷабов аз ҷиноятҳои одамрабоӣ 4 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол гардидааст ва 3 тои дигар дар марҳилаи тафтишот қарор доранд.

Тоҷиниссо Маҳмадова, муовини вазири маориф, яке аз аъзоёни гурӯҳи корӣ зимни баромадаш дар ин ҷаласа гуфт, вазорати маориф ҷиҳати баргузории нақшаву чорабиниҳо дар хусуси мубориза ба хариду фурӯши одамон ба тамоми мактабҳои олӣ,миёна ва миёнаи касбӣ мактуб ирсол намудааст. Номбурда илова намуд, ки дар ин мактуб таъкид гардидааст, ки роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳалла ва ҷамотаҳо ташкили чорабиниҳои иттилооти-маърифатиро ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии хариду фурӯши одамон тадбирҳои амалӣ андешанд.

Темур Табаров, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз дошт, ки дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар 7 моҳи соли равон вобаста ба шуғли ғайрирасмии шаҳрвандон нисбати 79 нафар корфармоён барои риоя накардани талаботи қонунгузории меҳнат 65 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин карда шуда, то ин давра 57 ҳазору 600 сомонии он аз ҷониби ҳуқуқвайронкунандагон ба буҷети ҷумҳурӣ пардохт гардид ва ҷараёни пардохти 7 ҳазору 400 сомонии дигар зери назорат қарор дорад.

Гурӯҳи корие, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо барои таҳияи лоиҳаи «Нақшаи миллии муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016» таъсис дода шудааст, дар ҷаласаи мазкур вазифадор гардиданд, ки то моҳи декабри соли ҷорӣ лоиҳаи мазурро мутобиқ ба талаботи низоми миллӣ ва байналмиллалӣ таҳия намуда, барои тасдиқ ба ҳукумат ирсол намоянд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)