Бахшҳо

Мавлавӣ: Бо касе муқобала мекунанд, ки аз дасташ коре меояд

Гуфтугӯи хабарнигори “Озодагон”, Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб бо Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, яке аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик ва узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ).

Озодагон: Бисёриҳо ба ин назаранд, ки баъд аз дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо рӯҳониён зоҳиран маъракае алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ роҳандозӣ шудааст. Далелашон ҳам ин аст, ки бештари рӯҳониён алайҳи ҳизби динии сиёсӣ суҳбат карданд. Ин маърака то куҷо ҷиддист ва паёмадаш ҳам чӣ хоҳад буд?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Дар ҳақиқат ин нақшаҳое, ки алайҳи ҲНИТ матраҳ шуда истодааст, як тавтиа, тарсондан ё нодида гирифтани ин ҳизб мебошад. Воқеан, бо касе муқобала менамоянд, ки медонанд, аз дасташ коре меояд. Агар ин ҳизб дар қатори дигар аҳзоби кисагӣ мебуд, шояд кӯшиш мекарданд, инро ба пой хезонанд. Касе, ки иттилооти хуб аз дин, бахусус аз сиёсати Ислом дорад, ин сиёсатро ҷонибдорӣ мекунад. Ман фикр мекунам, агар нафаре аз дидгоҳи Қуръону суннат тааммуқи назар кунад ё аз таърихи паёмбар бохабар бошад, аз таҳти қалбаш бо ин ҳизб мухолафат нахоҳад кард. Зеро ин як ҳизби эмонӣ, эътиқодӣ ва ҳизбе мебошад, ки ҳар мусулмон хоҳони он аст. Устувории пайравони Ҳизби наҳзат мустаҳкам мебошад ва ба ин низ бовар ҳаст, читавре баъзе мақолаҳо ҳастанд, ки “Саг садо мезанаду корвон ба роҳи худ равон аст.” Мо аз ин фишорҳо зиёдашро дидаем, вале таҳаммулу таҳаммулпазирӣ имрӯз дар ҳизби мо шиор шудааст. Ҳар чӣ ояд бар сари одам бигзарад. Мо аз он дар ҳаррос мебошем, ки гуноҳе назди Худованд содир накунем. Инҳо фитнаҳое мебошанд, ба мисли чанги болои санг. Агар як борони хуб биборад шуста мешаванд.

Озодагон: Дар бораи вуҷуди ҳизб дар Ислом дидгоҳҳо мухталифанд. Бо ин ҳол, мухолифони ин ҳизб мегӯянд, Ислом ба ягон ҳизб ниёз надорад. Ҳатто якеи онҳо гуфт, паёмбар дар вақташ билети ҳизбӣ надошт. Вале рӯҳониёни ҲНИТ дар ин маврид чӣ далел доранд?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Инҷо як гумроҳкунӣ ва гулзании мардуми мусулмон вуҷуд дорад. Барои мисол, аз як сухане, ки гӯиё Ислом аз сиёсат ҷудо бошад, ин назар худаш назари ғалат аст. Тору пуди Ислом бо сиёсат омехта шудааст. Ҳамин “Ло илоҳа иллаллоҳ” худаш сиёсат аст. Дини Ислом дар давраи бутпарастӣ дар қораи араб тавассути Муҳаммад (с) эҳё шуда, мактаби паёмбар дар рӯи замин таъсис ёфт ва аз ин мактаб мардум аввалин бор дарси сиёсат омӯхтаанд. “Ло илоҳа иллаллоҳ” гуфтанд. Яъне гуфтанд, эй, мардум ин сангу чӯб қобилияти парастиш надоранд, ҷуз Аллоҳ. Якка будан ва сиёсат будани ин дин аз ин ҷо шуруъ мешавад. Паёмбар танҳо барои Худовандро яккаву ягона гуфтанд тули 13 сол мубориза бурдааст ва касе, ки мегӯяд, Ислом аз сиёсат дур аст, Ислом сиёсӣ намебошад ва онро ба сиёсат омехта набояд кард, инҳо фикрҳои ғалате мебошанд, ки аз дигар равандҳо таҳмил мешаванд. Барои мисол вақте дини масеҳӣ аз масираш мунҳариф шуд, дин аз давлат ҷудо, сиёсат аз канисо ҷудо гуфтанд. Воқеан он раванди секуряристие, ки барои мисол дар дини масеҳӣ як чанд аср ба вуҷуд оварда, гӯиё динро аз сиёсат ҷудо карданд ва мактабро аз канисо ин ҳолат ба дини Ислом ҳеч мувофақат намекунад. Дини Ислом як мактабест, ки ҷомеа ва шахсро месозад ва ихтиёротеро, бахусус озодӣ, чӣ фикрию чӣ ақидатӣ дар дасти фарди мусулмон мегузорад ва таъкид мекунад, ки фарди мусулмон худро ба ҷуз Худованд ба ҳеч чизу касе алоқаманд ва мадюн надорад. Ин худ як сиёсатест, ки дунёро такон додааст. Ин як сиёсатест, ки аз он имрӯз зиёда аз ду миллиард пайравӣ дорад. Ман дар ашхоси ба ном муллоҳо, ки аслан онҳо муло намебошанд, ҳайронам. Зеро агар онҳо аз фиқҳ огаҳӣ дошта бошанд, худи таҳорату закоту намозу рӯза гирифтан низ сиёсати як фарди мусулмон мебошад. Закот худ айнан як сиёсат аст, масалан кумаки бойҳо ба дастнигарҳо. Худованд як миқдоре муайян кардааст, ки агар молат ба он расид, як қисмат ҷудо намуда ба камбизоатон медиҳӣ. Инро як сиёсати иҷтимоӣ мегӯянд, ки Ислом онро ба назар гирифтааст. Ман намедонам онҳо чиро дар назар доранд, ки аз сиёсат ҷудо бошад. Ҳоло ин ки ин динро аз сиёсат наметавон ҷудо кард. Ин як беақлӣ ҳаст, ки моҳиро гирифта аз об ба замин партоӣ. Паёмбар аз меҳроби масҷид ба зинокор ҳад эълон кард. Дуздро дасташро бурид. Агар ин сиёсат имрӯз дар ҷомеаи мо ҷорӣ бошад, ин қадар тифл бепадару маҳбасҳо пур аз дуз намешуданд. Чун медонистанд, ки ҷазои дуздӣ чист. Ин аст сиёсати воқеӣ. Ҷудо намудани дин аз сиёсат, ин ғалат фаҳмии дин аст, мардумро гумроҳ менамоянд, коре мехоҳанд, кунанд, ки гӯиё мусулмон ҳаққи даъвои ҳуқуқашро надошта бошаду рафта дар кунҷи масҷид бо тоату ибодаташ машғул шавад. Муҳаммад (с) сиёсатро дар арсаи ҷаҳонӣ чунон ба роҳ монд, ки имрӯз дунболи он сиёсат атрофи ду миллиард инсон чарх мезанад. Дар мавриди далели руҳониёни ҲНИТ барои вуҷуди ҳизб дар Ислом, мо қаблан низ гуфта будем, ки дар Қуръон сурае бо номи “Аҳзоб”, яъне ҳизбу гуруҳҳо вуҷуд дорад. Масалан ҳамин намози ҷамоат, ки даҳ нафар мехонанд, ин худаш як гуруҳ ё ҳизбе аст, ки гирди ҳам омада, мехонанд. Ман фикр намекунам, ки ҳаминро он одамони ин назарро дошта чӣ мегӯянд? Ин ҷамъ шудан ва як касро имомхондан ва садҳо нафар аз паси он намоз гузоридан чӣ аст? Ислом инро барои мунсаҷим сохтани ҷамъият муайян кардааст, ки ҳадди ақал мусулмонҳо аз намозхондан шуруъ кунанд. Касе инро намехоҳад ӯст, тафриқаандоз миёни мардум. Яъне ҷамъияти мусулмононро намехоҳад, то дигарон аз он истифода кунанд..

Озодагон: Оё дар замони таъсиси ин ҳизб чунин баҳсҳо вуҷуд доштанд ва ё ҳамаи он рӯҳониёне, ки дар таъсиси ҳизб нақш доштанд, тарафдори ҳизб дар Ислом буданд?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад:
Ин ҳама ба огоҳии шахсиятҳои вақт вобастааст. Ин табиист, ки дар ҳар ҷомеа ҳама баробар маълумот надоранд. Яке баланду дигаре паст. Аслан ба хотири тарбия ва таълиму огоҳии ҷавон аз дин ин ҳизб таъсис ёфтааст. Он вақтҳо на ягон мадраса ва донишгоҳе набуд, ки инсон як калимаи исломӣ биомӯзад. Вақте ин ҷавонон мебинанд, ки мардум динро хеле дуст медоранду аз он огоҳӣ надоранд, сипас муассисин даст ба ин иқдом зада, ин ташкилотро шакл мебахшанд.

Озодагон: Вале мо аз яке шунидем, Мавлавии Ҳиндустонӣ, ки устоди аксари рӯҳониёни тоҷик дониста мешавад, гӯиё мухолифи Исломи сиёсӣ будааст. Аз ин хабар доред ва далелаш чӣ буд?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Не, ин чиз туҳмат мебошад. Устод Мавлавии Қуқандӣ, ки маъруф ба ҳиндӯстонӣ буд, ман чанд сол назди ӯ дарс гирифтаам. Худи он кас низ 23 солро дар маҳбас гузаронида, азобҳои сахтро дида буданд, ҳар вақт мо дарсгирӣ мерафтем то газетаи “Правда”-ро ба ӯ мебурдем, то бихонанду аз сиёсати рӯз огоҳ бошанд. Фақат ҳар чизе гуфтаанд, ба хотири эҳтиёт кардан мебошад, то чанд ҷавонеро, ки таълими Ислом гирифтааст, аз байн набаранду тавассути онҳо мардуми бештаре аз дин огоҳ шаванд. Ҳатто дар бархе маврид сахтгӯӣ низ кардааст, ки ин корро накунед, то аз байн наравед ва инро ба гӯши худам шунидаам, албатта ин аз тарсу ҳароси аз байн бурдани ҷавонон буд. Ман шахсан худам аз ӯ пурсидам, ки устод ин ҷавонҳо бо раҳбарии Муло Абдуллоҳ(он вақт устод Нӯриро бо ин исм ном мегирифтанд) мехоҳанд, як ҳукумати исломиро дар асоси хоҳишоти исломӣ таъсис бидиҳанд, вақте инҳо ба як натиҷае расанд, мо ҷавонон чӣ кор кунем? Маро гуфт, Шумо бо онҳо бошед, вақте кор ба ин ҳад расид, бо онҳо будан фаризаи як мусулмон мешавад. Яъне танҳо аз тарси нобудшудани ин ҷавонон мегуфтанд. Барои мисол як узви ҳизби моро бурда, чунон лату кӯб кардаанд, ки омада алайҳи ҲНИТ сухан меронад. Мо ба ӯ офарин мегӯем, бояд аз ин зиёд гӯяд. Зеро дар сурати ғайр ба ҳалокат мерасад. Агар ингуна зулму фишор бошад, мардум ҳеч гоҳ аз ақидаи ростини худ ҳарфе намегӯяд, ҳатто аз он пайравӣ намекунад. Ба ҳар сурат, чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад, агар ҳам ки сӯзад шабе, шаби дигар намесӯзад.

Озодагон: Ҳоло мақомот дар фикри таҳияи маош барои имомхатибонанд. Шумо ин чизро чигуна қабул доред. Ҳоло имомхатиб мебудед, ба ин пешниҳоди мақомот чӣ ҷавоб мегуфтед?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад:
Аслан агар гӯем, ман низ тули чанд сол дар ноҳияи Панҷ сархатиб будам ва мо ҳамин иқдомро онҷо қабул накардем. Дар давраи шӯравӣ 150 рубли русӣ маоши сархатиб ва 120 аз муовинон буд. Ин пул аслан аз ҳисоби мардум, яъне сандуқҳои хайрия ҷамъ мешуд. Мо вақте дидем, вазъияти масҷид бар асари андозу нархномаҳои баланди барқу дигару дигар... дар як ҳолати бади иқтисодӣ қарор дошт, қарореро содир кардем, ки аз маош даст мекашем. Мо барои намоз хондан ба масҷид меоем ва ҳамзамон боз маош гирифтан ба мантиқ рост намеояд. Танҳо як нафар имом мухолафат кард, ки ман аз роҳи дур меоям. Агар пул нагирам, рафтуоям мушкил мешавад. Инчунин ба ин имомхатибон низ тавсия мекунам, агар ҳиммат карда тавонанд, ин чизро қабул накунанд. Зеро барои онҳо нагирифтани он хеле зебанда мешавад. Агар гирифтан ҳам бояд даст нигари дигарон набошанд. Ислом як дини бисёр озод ва манфиатовар барои ҷомеа мебошад. Озодиҳои Исломро салб накунанд. Ба хотири бархе аз сиёсатбозиҳои номаъқул мардумро дар як тангно қарор надиҳанд. Агар метавонанд пайравӣ аз сиёсати Ислом кунанд ва агар не, ба ҳамон сиёсати бетарафии худ ҷавонмардона идома дода, ба ягон ҳизбу ҳаракат худро пойпанд насозанд.

Озодагон:
Дар ҳамин вазъияти кунунӣ агар худи Шумо имомхатиб мебудед, чӣ кор мекардед?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Воқеан бояд гуфт, ки аввалаш имомхатиб шудан дар ин вазъият бисёр мушкил аст. Барои мисол, ман як имомхатибро дидам, ки пеши як раҳбари шуъбаи ҳукумате мисли бечора нишаста, ҳаққи ҳарф задан надорад. Дар давраи мо раиси ҳукумат ҷуръати ворид шудан ба масҷидро надошт. Агар ба ӯ чизе лозим мешуд, ба мо муроҷиат мекард ва моро касе дикта ҳам карда наметавонист. Фаразан агар гӯем, ҳоло, ки ман хоҳиши имомхатиб шудан надорам дигар, агар мешудам, то андозаи зарурӣ талош мекардам, ки ин ҳаниати диниро нигоҳ дорам. Ба касе ё ба одами бенамозе иҷозат намедодам бо пояфзолҳояш ба меҳроби масҷид барояд. Дар давраи имомхатибии ман як милиса ба тарафи масҷид дашном дода буд. Ман гуфтам ба ӯ, ту масҷидро таҳқир кардаи бояд ба ин кори худ назди мардум ҷавоб диҳӣ. Омад бо падараш дар назди мардум тавба кард. Хатиби имрӯза бошад милисаро бинад аз намозхонӣ мемонад. Инқадар беғайрат шудаанд. Ин дин шараф аст, танҳо бешарафҳо инро паст мезананд. Имрӯзҳо мебинем, челаки сафед, либосҳои ҳоҷигӣ ба бар намуда асту агар корманди ГАИ ӯро боз дорад, зуд давида наздаш меравад. Ақаллан сари ҳамон чамбарак нишинад, ки ҳамон корманди ГАИ худаш пеши ӯ ояд. Ҳадди ақал инро намекунанд. Зуд пиёда шуда, наздашон медавад бо домани дароз ин як таҳқир нисбати худаш мебошад. Ҳоло мешунавем, ки хатибро раиси ноҳия наздаш даъват карда, соатҳо банд мекунад, пешин қазо мешавад, чун барои намоз хондан иҷоза пурсид, мегӯянд, қазоӣ мехонӣ, яъне раисони ноҳия имрӯз ингуна хатибҳоро таҳқир мекунанд, онҳо ҷуръат надоранд, ки гӯянд, эй раис ту каме дам гир мо рафта намоза хонем. Вақте ба хотири гапи як раис намози фарзро қазо мекунанд, дигар аз онҳо чӣ умед аст?!

Озодагон: Аз гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки имрӯз дар имом-хатибон ҷуръату ҷасоратро дигар намебинед?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Албатта, на ҳамаашон чунинанд, яъне як идаи камсаводи буздилашон чунин мебошанд. Мо Худоро шукр нафароне дорем, ки дар назди Фиръавн низ гапи худро мегӯяд. Вале аксари боҷуръатҳоро аз вазифа гирифтаанд. Барои мисол, Эшони Нуриддинҷон ҳар куҷо бошад гапашро мегӯяд, домулло Абдурраҳими Қазоқонӣ як ҷавони хеле боғайрат мебошад.

Озодагон: Шумо мегӯед, аксари имом-хатибони боҷуръат аз минбарҳо рафтанд, ба андешаи Шумо фазои динии кишварро чӣ интизор аст?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Акнун, вақте ҷавонҳо ҷойгузини онҳо мешаванд, аз ҷовонон умеди зиёд дорем. Чун ҷавонон он қадар беғайрат нестанд. Барои мисол, агар фармон ё маҳдудиятеро то андозае иҷро кунанд, вале боз ҳақиқатро дарк карда метавонанд. Ҷавони имрӯза он ҷавони пешин нест. Ҷавонони ҳозира ҳушёрию огоҳии зиёдтар дорад. Мо умед дорем, ки ҳеҷ гоҳ теша бар решаи дини худ намезананд.

Озодагон: Шумо дар боло гуфтед, ки агар имом-хатиб мешудед, ингуна рафтор мекардед. Ҳоло ба андешаи Шумо формулаи ҷолиб барои роҳандозии муносибати хуби миёни мақомот бо диндорон кадом аст?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Дар он замон як формулаи аҷоиб пешниҳод шуда буд, ки дин ё масҷид озод ва дар умури сиёсӣ дахолат накунад. Дар ҳамон замон ин ба манфиат буд. Яъне дар ҳамин асос ҳеч кас наметавонист дар умури динӣ дахолат кунад ва ман ҳам дар даврони имом-хатибии худ аз он истифода кардаам. Яъне Ҳизби коммунист, ки ҳизби яккатози замона буду райком шахси аввал, дар умури масоҷид дахолат карда наметавонистанд. Имрӯз як бенамоз меояду аз имомҳо гузориш талаб мекунад ё мисли ҷинояткор хатибро даъват намуда, барои он ки ту чаро ин тавр гуфтӣ истинтоқ мекунад ё мактубаш мефиристаду ӯ бурда онро дар масҷид мехонад. Ба назари ман, ё комилан динро ба сиёсат омехта кунанд, ки бо сиёсати динӣ ба сар барем ё ҳамон сиёсати қаблиро, ки ба масҷидҳо кордор нестанд, ҷорӣ кунанд. Агар аз ҳамин ду яке муайян шавад, ба манфиат хоҳад буд. Вале инро хатибҳо ё Шӯрои уламои қавӣ метавонанд талаб намуда, ҳаққи худро эмин нигоҳ доранд. Бигӯянд мо низ ҳарф дорем, агар ҳарфи мо ҳарф нест, пас бигзоред кори худро дар масоҷидамон анҷом диҳем ва болои сари мо сиёсатҳои худро пиёда насозед. Ақаллан ин талабро бояд кунанд. Мо то вақте дар Комиссияи оштӣ будем, ин даъвҳои худро доштем. Ҳатто гуфтем ҳамин никоҳ, ки мо мусулмонҳо аввал як домлоро оварда никоҳ мекунем, баъди он назди як зане меравем ва ӯ барои мо хатти ақди никоҳ ё худ ба қавли имрӯза закс менависад, ин чиз барои мо мусулмонҳо бегона мебошад. Инро танҳо як қонуни ғайриисломӣ талаб дорад. Биёед инро бар асоси талаботи мазҳаби ҳанафӣ, яъне ду шоҳид ҳузур дошта бошанду домло хутбаро хонад ва сипас шаҳодатномаи никоҳро навишта, муҳр зада диҳад. Вале қабул накарданд. Мегӯянд, боз мо ба мулло як кори дигар диҳем.... Охир ба мулло ягон кор додан гуноҳ аст?!

Озодагон: Шумо мегӯед, пешниҳодҳои моро қабул надоранд. Ба назари Шумо мушкил куҷост, дар пешниҳодҳо ё ироагарон?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Далели аслӣ ҳарос аз ҳамин дин-Ислом мебошад. Онҳо метарсанд, ки агар ба як чиз иҷозат диҳанд, гӯиё Ислом пеш меравад. Инро низ худи онҳо иқрор мекунанд, ки агар мо як чизакро иҷозат диҳем, Ислом ҳама чизро аз худ мекунад. Ин ҳама дар ҳолест, ки мусулмонон тамоми корҳои худро бар асоси Ислом анҷом медиҳанд, вале танҳо бояд дар назди қонун як фарди секуляр бошанд.

Озодагон: Ҳоло дар телевизонҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла дар суханронии раисиҷумҳур ин ҳарфҳо садо медиҳанд, ки Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ ҳамагӣ 30 масҷид дошту ҳоло чаҳор ҳазор дорад, дар гузашта 14 ҳоҷӣ дошту ҳоло ҳазорҳо дорад. Ин муқоиса карданҳо далели чист ва то куҷо дуруст аст?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Дар асл то оғози ҷанг шумораи масоҷид то 4 ҳазор рафта буд. Ҳоҷиҳо низ ман дар ёд дорам, дар шумораи 500-нафара рафта будам. Соли аввал 100 нафар, соли дуюм 500 нафар ва соли сеюм 1 ҳазору 500 нафар ҳоҷҷӣ рафта буд. Инҳоро набояд касе ифтихори худ бидонад. Инҳо чизҳое мебошанд, ки қабл аз ҷанг ё ба сари қудрат омадани ин нафарон ба чаҳор ҳазор расида буданд. Агар касе бо шумораи масоҷид ифтихор карданӣ ҳаст, бигзор аз чаҳор ҳазор зиёд иҷозад диҳаду пас фахр кунад. Шумораи масҷидҳо дар давраи қозӣ будани Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода ба чаҳор ҳазор расида буд. Ман дар хотир дорам, дар ноҳияи Панҷ 6 масҷиди ҷомеъ ба нақша гирифта будем, вале то ба имрӯз шумораашон ба 5 нарасидааст. Ҳадди ақал як масҷид аз буҷаи давлат бунёд кунанд ва баъд ҳар нафаре даъво мекунад, ош шавад. Мегӯем нӯши ҷон! Ҳар фарде даъво мекунад, ки ин қадар масҷид иҷоза додем, ҳадди ақал замини масҷидро аз андоз озод ё вазоифи болои он гузошта шударо кам ё баробарӣ дигар заминҳо кунад. Бечора масҷидро сохтааст, ҷуръат намекунад дар дохилаш намоз гузорад. Бо пули мардум масҷид бино ёфтааст, ҷои ҷамъиятӣ эълон мекунанд ва онҳо ҳаққи намоз хонданро дар он надоранд. Дар онҷо тамокукашию нардабозӣ иҷозат, намозхонӣ не. Агар ҳазор таърифам кунанд, таърифи беҷо боиси шармандагист. Касоне ингуна даъво доранд, бояд шарм кунанд.

Озодагон: Ҳоло интихоботи президентӣ наздик аст. Дар бораи иштироки наҳзатиҳо бо номзадашон дар ин интихобот чӣ фикр доред?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Мо бисёр ҷонибдор ҳастем, ки ҲНИТ дар интихобот бо номзади худаш иштирок кунад. Ин чизҳоро дар ҷаласаҳо пешниҳод карда будем. Худо хоста бошад, ин пешниҳодҳо ба назар гирифта шудааст. Аммо ба хулосаи умумӣ ҳоло наомадаем. Иштироки ҲНИТ-ро дар интихобот ҳатмӣ ва зарурӣ медонам. Вақте ҳизб, ҳизби сиёсист, ҳатман бояд дар сиёсатҳои рӯз иштирок кунад. Дар оянда фикр дорем, ки ҲНИТ бо камоли имону ақидааш дар интихобот иштирок карда, он номзади худро дошта бошад.

Озодагон: Бисёриҳо мегӯянд, ҲНИТ ба ҷуз Кабирӣ дигар аз муллоҳо иборат аст. То куҷо ба ин розиед?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад:
ҲНИТ аслан худ то ойиномааш ҳама аз арзишҳои волоии исломӣ пайравӣ мекунад. ин ҳизб як ҳизби сиёсии тобеи кишвар ва дар вазорати адлия ба қайд гирифта шудаааст. Чӣ мулло бошад ё ғайримулло мо ингуна одамҳо зиёд дорем. Ҳастанд касоне, ки мулло намебошанд, вале мо онҳоро баробари муллоҳо медонем. Масалан Сайфуллозода мулло нест, вале хидматаш аз бисёр муллоҳо бештар мебошад. Ҳамон муллоҳо ҳам монда бошанд, се чаҳор нафар дар раёсат боқӣ мондаанд. Мулло ягон вазифа ё масъулият нест. Танҳо мардум вақте мебинанд, шахсе се чаҳор калима аз дини Ислом медонад, ӯро мулло мегӯянд.

Озодагон: Шумо худро ба унвони як узви Шӯрои сиёсӣ, кӣ мешуморед, мулло ва ё сиёсатмадор?

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад: Ман пеш аз ҳама як мусулмон мебошам. Вале оне ки мулло ҳастам ё сиёсатмадор онро ҷомеа медонад, ин тараф ба худи ҷомеа вобастааст. Ман як мусулмони диндор мебошам ва аз сиёсати дини худ пуштибонӣ хоҳам кард. Орзӯи онро дорам, ки дини ману Қуръон ҳамеша боло бошад. Яъне иззати дини худро мехоҳам ва зиндагиамро низ аз оилаам шуруъ карда, бар ҳамин асос ба роҳ мондаам ва дунёро низ хоҳони онам, ки бо калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ паруд гӯям.
Мӯҳр
Ванч
Офарин дустам дар ин рох хамеша муваффак боши

Мутаассифона имруз салафихо ба ном МАВЛАВИ таблиги акида мекунанд.
Худо тамоми мардуми ин марзу бумро аз нияти шуми салафихо рахо бикунад.
Раиси кумитаи дини имруза Мавлави Абдукахорро ки дар покистон хондаги аст ва акидаи салафигиашро дар тамоми нохияи рудаки пахн мекунад дар як масчиди шахри душанбе имомхатиби калон монд.
МИСР барои мо дарс аст. Аз ду чабха хамдигарро оташ мезананд. Чун ки ин салафихо ба гуруххо таксим шудаанд.
Дар мо хам чунин аст. Тарафдорони Мирзо аз тарафдорони мавлавихо фарк мекунанд.
Озодагони азиз! Бе тахрир пахш намо. Ин чо такдири ин миллат ва фарзандонамон аст.
Худо Имоми Аъзамиёнро дар тамоми нуктахои олам хифз кунад. Омин ва раббал ъоламин.

Абдуллоҳ
Худо ба Шумо хайр диҳад. Пуштибони аз Ислом амали беҳтарин аст.
Ман аҳсант мегуям ба касе, ки агар масеҳи ҳаст эълон дорад ман масеҳиям, ва агар зардуштист бигуяд ман зардуштиям ва агар мусулмон ҳаст, мусулмони комил бошад. Мусулмонам, вале масчидро намехоҳам,мусулмонам вале намозро намехоҳам... О бародар нагуй, ки ман мусулмонам туро касе маҷбур накардааст. Ислом дини ичбори нест, лекин мукобилатро намепазирад.
Худо ба ҳама тавфик ато фармояд.

А
Дар панохи худо бошед.

Хуршед
мошоАллох устоди азиз! Аз суханхоятлн хувайдост ки мусалмони богайрат хастед на мисли аъзохои шурои чухало ва бисёре аз ба ном муллохо буздил! Аллох хамеша Шуморо дпр панохаш нигах дорад ва орзухоятонро бароварда гардонад!

1. Мавлавӣ агар шумоён аз номи ИСЛОМ гап назанад, шуморо ҳеҷ кас эътироф намекунад. Шумо як бор дар оина дар худатон тяк назар кунед. Ман шахсан алҳамдуллилоҳ мусалмонам, намозҳоямро мехонам, лекин аз дидани шумоён ва аз хондани фикру андешаҳои шумоён нафратам меояд. Хоҳиш мекунам, дини Исломро дар кору рузғори худ истифода набарад. Як бор истифифода бурдед бас аст. Бисёриҳо аз хондани намоз баъди соли 1992 даст кашиданд. Ин ба шарофати шумо буд.
2. Барои исботи он ки шумо аз калимаи Ислом истифода намебаред, хуб мешуд, то калимаи ИСЛОМ-ро аз номи Ҳизби худ гиред. Ва ба мардум фаҳмонед, ки бе истифода ин калима ҳам аъзоёни ҳизби шумо дар дили мардум ҷой доранд ва дар фикри мардум ҳастед. Бе истифодаи ин калима ҳам шумо вуҷуд дошта метавонед.
3. Мардумро ба ҳам сарҷамъ кунед, на пароканда. Мардум ки пароканда шуд, саргардон шуд, шумо ба ҳеҷ кас лозим намешавед. Ин ҳама аз ваҳдат ва аз сериву пури аст. Брежнев гуфта буд.Нон бошад суруд ҳам мешавад. Замоне мо танҳо дар орзуи тенҷи ва амони будем. Дар орзуи нони гарм будем,Дар орзуи сер кардани фарзандони худ будем. Мумкин ин ҳолатро ҳама нафаҳманд.ю Лекин 95% мардуми тоҷик ин рузро аз сар гузаронидааст. Аз худо таманно кунед то мардуми мо сарҷамъ бошанд ва сериву пурӣ бошад. Ин ҳизбҳо ҳама барои як мақсад фаъолият доранд. Илтимос мардумро гумроҳ накунд ҷанобон.

Абдулло
ХУДОВАНД БАРАКАТИ ХАРДИ ДУНЁРО БАРОИ ШУМО ДОМУЛО Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ВА БА МИСЛИ ШУМО ЧАСУРОНИ РОХИ ИМЛОМРО НАСИБ ГАРДОНАД ОМИН... ВА ХУДОВАНД ОН ШАХСОНИ БУЗДИЛРО ИМОНИ КАВИ НАСИБ ГАРДОНАД ВА ОН ИСЛОМ БАДБИНРО ХУДО ХИДОЯТ НАМОЯД! ДУМУЛО САД ДАРСАД ДУРУСТ МЕГУЕД ТО ИМРУЗ МО НИЗ ЁД НАДОРЕМ КИ АЗ ЧОНИБИ ХУКУМАТ МАСЧИДЕ СОХТА БОШАНДУ БА МАРДУМ ПЕШКАШ НАМОЯНД ЛЕКИН ИМРУЗ ШАРМ НАКАРДА БО МАСЧИДХОРО ЧОИ ТАБЛИГИ ХУКУМАТДОРОН КАРДААНД РОСТИ ШАРМАНДАГИСТ!!!! ТО ИМРУЗ МАОШ ИМОМХАТИБОН ВА ОБОДИИ МАСЧИДХО ХАМААШ АЗ ХАЙРКАРДАНИ МАРДУМИ МУСАЛМОНИ СОДИКАСТ НА АЗ ХУКУМАТДОРОН!!! БАРОИ ИН РУЗНОМНИГОРАМ ТАШАКУР КИ ЧУНИН МАСОИЛРО МАТРАХ МЕКУНАНД...

мусалмон
Устод бехтарин суханхои хак ба шумо мувафакият.

Устод бехтарин суханхои хак ба шумо мувафакият хохонам

малик
Халим ту як одами беакли бесаводи гапхотам як сафсатае бемаъне беш нест.

Халими ё косалеси, ё к..леси, биё мон акидаи лагандбардориатро. барои худат оянда даркор мешавад, медони кадом вакт?? даме, ки нахзатихо сари кудрат омаданд ту намуд махлукон барои онхо лагандбардор мешави, агар хизби Масехи пайдо шуда сари кудрат оянд боз такрори чунин хислатхоят мешави!!! Биёед чанге ки гузашт дигар нагуем, дигар он рузхои хунинро ба хотир наорем!! факат аз пешравию сулху, тараккиёт гап занем,, монед ин ... лесиро, камтар гурурам
даркор!! шарм аз вучуди мардиатон кунед, ки нон аз болои лаганбардори мехуред!!

Ахсанта , Мавлави мухтарам хело посуххои оли , Аллох таоло боз хам забони бурро ва дили часур ва дидгохи хушбинро бароят муясар кунад , хизби Аллох хамеша комёб аст .

Халими ё косалеси, ё к..леси, биё мон акидаи лагандбардориатро. барои худат оянда даркор мешавад, медони кадом вакт?? даме, ки нахзатихо сари кудрат омаданд ту намуд махлукон барои онхо лагандбардор мешави, агар хизби Масехи пайдо шуда сари кудрат оянд боз такрори чунин хислатхоят мешави!!! Биёед чанге ки гузашт дигар нагуем, дигар он рузхои хунинро ба хотир наорем!! факат аз пешравию сулху, тараккиёт гап занем,, монед ин ... лесиро, камтар гурурам
даркор!! шарм аз вучуди мардиатон кунед, ки нон аз болои лаганбардори мехуред!!

Халими ё косалеси, ё к..леси, биё мон акидаи лагандбардориатро. барои худат оянда даркор мешавад, медони кадом вакт?? даме, ки нахзатихо сари кудрат омаданд ту намуд махлукон барои онхо лагандбардор мешави, агар хизби Масехи пайдо шуда сари кудрат оянд боз такрори чунин хислатхоят мешави!!! Биёед чанге ки гузашт дигар нагуем, дигар он рузхои хунинро ба хотир наорем!! факат аз пешравию сулху, тараккиёт гап занем,, монед ин ... лесиро, камтар гурурам
даркор!! шарм аз вучуди мардиатон кунед, ки нон аз болои лаганбардори мехуред!!

Офарин Ахсанта , Мавлави мухтарам хело оли Аллох таоло дар панохаш нигахдоратон бошад

Мавлави мухтарам , АЛЛОХ Таоло хама касоне,ки дар рохи баланбардоштани Калимаи ЛО ИЛОХА ИЛЛАЛЛОХ кушишхои худашро ба харч медихад ачри бе поён насибашон кунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)