Бахшҳо

Пуштибонии президент аз нашри ҳаррӯзаи “Ҷумҳурият”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод барои чопи ҳаррӯзаи «Ҷумҳурият», нашрияи расмии ҳуккумати кишварро дастгирӣ намудааст.

Ато Мирхоҷа, муовини аввали сармуҳаррири “Ҷумҳурият”, имрӯз, 15-уми август, дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, шурӯъ аз 1-уми январи соли 2014 нашрияи ҳукумат ҳар ҳафта 5 маротиба чоп хоҳад шуд. Ӯ гуфт, пешниҳод дар ин бора ҳафтаи гузашта ба президент ироа гардид ва пуштибонӣ ёфт.

Мирхоҷа афзуд, ки "Ҷумҳурият" то соли 1992 ҳафтае панҷ шумора интишор меёфт, аммо сар задани низоъҳои мусаллаҳона дар кишвар боиси муфлис гаштани он гардид: «Дар ҳамин ҳол ҳам кормандони он ноумед нашуда, нашрияро гоҳ-гоҳ чоп мекарданд. Аз соли 2000-ум давлат ва ҳукумати Тоҷикистон рӯзномаро расман нашрияи худ эълон карда, онро таҳти ҳимоя гирифтанд ва он то имрӯз ҳафтае се маротиба пайваста чоп мешавад». Ато Мирхоҷа теъдоди нашри рӯзномаро айни ҳол 31 ҳазор нусха гуфт.

Ин дар ҳолест, ки аввалин нашрияи ҳаррӯзаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, рӯзномаи мустақили “ИмрӯзNews” мебошад, ки аз соли 2010 инҷониб ҳафтае панҷ маротиба чоп мешавад.
Мӯҳр
салим
Ким ба лозим бошад ин "Чумхурият"-аш. Ба рости Ато Мирхоча, Мехмон Бахтиро бинам Тутубалинаро дидаги барин мешавам.зиеиен ..г....

Обуначии Чумхурият
Илтимос ин газетаро хеч кас намехонад, илтимос равед як бор хонахои обуначиёни мачбурии хамин газетаро тафтиш кунед, ин газетаро барои мебахшед хочатхона истифода мебаранд, гунох аст охир исроф. Ба ки даркор бо дар як хафта 4-шумораи зиёдатии дигар. Боз панч баробар пули мардуми бечораро мачбури мегиранду касе онро намехонад.Илтимос бас аст хамин як шумора ки хай гуянд чоп мешавад. Ман хайронам кучост хамин касоне ки назорат бояд кунанд? Хеч кас хамин газетаро намехонад. Ба ки даркор дуруг.

Дусти азизам, Алишер! "Чумхурият" аввалан нашрияи давлати Точикистон, баъд Хукумат. Бинобар ин, нашрияи давлат менавишти, дурусттар мебуд.Сипос.

Хатто агар рузе ду маротиба онро ба нашр расонанд ва онро ройгон таксим кунанд ин нашрияро касе ба чуз косалесон (ба кафои коса расонадашон...) касе нахонад. Хатто истифодаи он дар хочатхона зарарнок аст, зеро ранге, ки барои нашр истифода мешавад бехад зарарнок аст. Аз инру пешниход дорам, барои пешгирии касалихои хархела, ки аз истифодаи ин газета дар хочатхонахо ба вучуд омаданаш мумкин аст, хамон когази нашро сефед бе навиштачот ройгон таксим намоед. дар навбати ин мо ба шумо миннатдори худро изхор намуда,хамзамон тасавур мекунем, ки аз ин нашри бематн як чахон тасавурот бардоштем.

Сучонӣ
Рӯзномаи мазкурро ҳафтае як бор ҳам чоп кунед, ки ягон нафаре онро намехонад. матолиб соф супоришӣ, бемаъни, хушк ва саропо чоплусона.
Хуб мешуд, ки маблағи чопи рузномаи "Ҷумҳурият" ро ба ягон нашриёт ё муассисаҳои фарҳангиву маориф тахсис медоданд ба фоидаи миллат мешуд.

Акрамхуч,а
шумхор,
Бародар бехтарин пешниход кобили кабуласт, когази сафедро хафтае панч, маротиб ройигон таксим мекарданд агар фоидааш бештару пули миллатхам барои харидани когази ташноб дигар сарф намешуд.

Сайоди Сайд
шумхор,
Хеле пас аз навиштаатро хондан хандидам дусти гироми. Бехтарн!

Кодир
Рузномаи "Чумхурят" ки аз М.Кабириву Туранчонзода "бут" наметарошад барои хамин ба баъзехо маъкул нест. Хама рузномаву хафтаномахо игво меангезад монед акаллан як рузнома аз СУЛХ гап занад. Ин кадар бахилед Шумо!!!

президент исрофи бехудаба омохта шудаги.

фаришта
вокеан мардум бештар рузномахое ки игвоангезанд онхоро мехонанд. Бовари доарам онхое ки мегуянд рузномаи "Чумхурият" ба чуз тахриф чизи диг наменависад ягон бор хам онро намехонанд. Агар мехонданд ин тури гап намезаданд. Рузномахое ки игвоангезанду дар пушташ ким кихо меистанд онхоро мехонанд намедонанд ки онхоро ба кадом рох мебаранд. магар аз ободи сулху вахдат гуфтан гунох аст ё айб. медонам ки Дар ин рузнома одамое кор мекунанд ки одамои шинохта сохибкаламанд. гумон мекунед дигар рузномахоро дар хочатхона намемонанд. каси ин корра мекнан бефарханг бе маданият бесаводасастан.хамихели нест?

Фаришта; Аз кадом ободи мегуи ? Куваи мухочирони мехнати ба 2 милион расида истодааст ин барои ту баринхо ободиааст .Хуб фарханг мегуеду рузнома ! Имруз Точик номи (ГАСТАРБАЙТЕРРО) гирифтааст (иностранный рабочий, привлекаемый из слаборазвитой страны) бояд ин суханхо барои мову шумо айб бошанд на як рузнома нигори дарбори .Таъриф зехнро нобуд месозад ин аст бе саводи . (Фариштамохи бо савод)

Гурдофарид
Шумо дустони азиз аз фарахагу маданияти иносони хело дур хастен, ки чунин мегуед Рузномаи Чумхурият ягона рузнома аст, ки сиёсати давлатро дасгири мекунад. Хар як давлат дар катори рузномахои мустаким бояд рузномаи расми давлтаи дошта бошад шумора, ки намефорад нахонеду чунин суханхои бе мантик нагуед у нафареки когази сафеди навишта шударо дар хочатхона истифода мебарад аз кучаи инсонгари гузаштаги нест. Рузномаи давлати солхо боки мебонад аммо рузномахои мустакими хусуси бад аз гузашти соле фаолияташро кат мекунад. Рузномахои шахси ба чуз игвакори дигар чизе надоранд. мушкилот дар хама давлатхои дунё аст инчо матбуоти давлати гуное надорад, барои хамин Шумо инкадар тахкири бехуда накунед кадомира намефорад нахонад. Худи номи ин рузнома яне Чумхурият ин номи кишвари азизи мо мебошад пас мо хаки тахкир надорем охир ин рузномаро Сарвари давлат сарпарасти мекунад хама карору Конунхо тавасути ин рузнома чоп шуда ба корхонаву идорахо меравад бигзор дар як хафта 5 маротиба чоп шавад ин ифтихори мо сокинони Точикистони сохбистиклол аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)