Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:33

Таркиш дар ҷамоатхонаи исмоилиён

15 август 2013, 11:01

Бар асари ду таркиш дар ҷамоатхонаи пайравон исмоилияи шаҳри Қарочии Покистон ду нафар ба ҳалокат расид.

Ба гузориши хабаргузории “Geo News”, дар пайи таркиши норинҷак дар ҷамоатхонаҳо, 42 нафар маҷруҳ ва як зан бо тифли хурдсолаш ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол танҳо оиди ду нафар маҷруҳ аз ҷамоатхонаи ғарбии Қарочӣ хабар дода мешавад.

Манбаъ мегӯяд, ин ҳодиса дар ду ҷамоатхонаи маркази Қарочӣ дар ҳоле рух дода, ки онҳо пур аз ибодаткунандагон будаанд.
Ба иттилои пулиси Покистон ҳарду таркиш тақрибан дар як вақт рух додааст.

Пулис ҳанӯз мушаххас накардааст, ки ҳамлагарон кӣ будаанд ва сабаби чунин амал чӣ метавонад бошад. Ҳанӯз ҳеҷ ҷониб ҷавобгариро барои ин таркишҳо ба уҳда нагирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мн

  • 15 август 2013 11:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Қарочӣ не Карочӣ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо аз ин ходисаи мудхиш бисёр гамгин хастем ва ба ахли хонаводаи халокшудагон ва мачрухон хамдардии худро мерасонем.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!