Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:04

Ҳимояти Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон аз ташкили лагерҳои муҳоҷирин

15 август 2013, 14:48

Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон мегӯяд, ин кишвар низ бояд аз таҷрибаи Русия дар мавриди таъсиси “лагерҳои пулакӣ” барои нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ истифода кунад.

Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, Мурод Телибеков, раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон гуфтааст, Остона низ бояд “шаҳракӣ пулакӣ”-е таъсис диҳад, ки дар он муҳоҷирони ғайриқонӣ то истирдод ба ватанашон нигаҳдорӣ шаванд: “Ин иқдомоти сахтгиронае, ки ҳоло алайҳи муҳоҷирон дар Маскав идома дорад, дар Қазоқистон низ услуби хубе хоҳад буд.”

Ба гуфтаи раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон дар аксари кишварҳои аврупоӣ ин услуб дида мешавад: ”Бештари кишварҳои аврупоӣ ин таҷрибаро доранд, зеро барои нигаҳдории онҳо маблағи ҳангуфте сарф мешавад. Агар мо ба омор рӯ орем, дар аксар ҳолат, онҳо ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.”

Марат Шибутов, раҳбари Анҷумани ҳамкориҳои марзии Қазоқистон низ ин пешниҳоди Телибековро ҷонибдорӣ кардааст. Вале ба назари ин коршиносӯ, роҳандозӣ намудани ин услуб дар ҳоле, ки пулиси муҳоҷирати ин кишвар заиф аст, ғайриимкон мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ahmad

  • 15 август 2013 17:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
khdo bgirat tura na sika dori na surat da rut nuri ilohi nest aku ASPA NAAL ZADAN QURBOKA HAM POSHA BARDOSHT KI MADA NAAL ZANE rangi Mukarrami mo metovi az KHudo btars
Посух додан
  • Мавлон

  • 16 август 2013 11:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайфи чунин мусалмони. Худованд хидоятат кунад. Наход бачои дасти кумак дароз кардан барои бародархои муслими худ, баръакс онхоро шатта мезани? Худованд Илохи шайотине, ки дар либоси муъминанд аз миени мо бардорад. Мо дуогуи он хастем, ки мусалмонони казок аз ин гуна ходим даст кашанд ба зуди.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Душманамро хамчу мехи хайма мехохам мудом,
Тан ба хоку санг бар сараш, ресмон дар гарданаш!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!