Бахшҳо
22 июл 2011 11:31Хабарҳои ҷаҳон

Суд шаҳрвандони Ӯзбакистонро, ки як тоҷикро куштаанд 14 сол равонаи зиндон кард

Додгоҳи шаҳрии Санкт-Петербург чор шаҳрванди Ӯзбакистонро дар куштор ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон гунаҳкор шинохт.


Маҷаллаи «Шум»-и Русия менависад, Паҳлавон Шарипов, Давронбек Қосимов, Рустам Ғаниев ва Самариддин Баҳриев бо ҳукми додгоҳ дар куштор ва ҳамлаи авбошона айбдор шудаанд.

Суд мушаххас кардааст, ки соли 2009 баъди ошкор шудани дуздии таҷҳизот дар иншооти сохтмонӣ Паҳлавон Шариповро аз кор ронда, музди меҳнаташро намедиҳанд. «Бо мақсади пайдо кардани маблағ Шарипов ҳамроҳ бо Қосимов, Ғаниев ва Баҳриев шабона ба маҳалли сохтмон меоянд, то асбобҳои сохтмониро ба яғмо баранд. Аммо ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар иншооти сохтмонӣ қарор доштанд, садди ин амали онҳон мешаванд. Дар пайи ҳамлаи яғмогарон яке аз онҳо кушта шуда, нафари дигар ҷароҳати сахти ҷисмонӣ мебардорад», -гуфта мешавад дар иттилоияи прокуратураи шаҳри Санкт-Петербург.

Олоти дуздидашударо бо нақлиёти зери идораи шаҳрванди Тоҷикистон Хуршед Саъдуллоев аз иншоот берун мебаранд. Додгоҳ Шарипов ва Қосимовро 14 солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Ғаниев ва Баҳриев бошанд, ҳар кадом барои 13 сол равонаи зиндон шуданд. Мӯҳлати ҷазоро онҳо дар колонаи низомаш пурзӯр паси сар мекунанд. Хуршед Саъдуллоев бошад, барои ҳамдастӣ дар дуздӣ 1 солу 8 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мӯҳлати адои ҷазоро ҳангоми раванди тафтишот паси сар кардааст, аз толори суд раҳо шуд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)