Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:50

«Дӯзахи русӣ» барои муҳоҷирон

16 август 2013, 10:44

Абдулазизи Восеъ

Бахти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия боз омад накард. Онҳо боз василае дар дасти сиёсатбозон қарор гирифтанд. Мушкилашон мушкилтар ва рӯзашон сиёҳтар шуд. Агар дар гузашта зуд-зуд хабари лату кӯб, қатл ва ихроҷи ҷудогонаи онҳо мерасид, акнун онҳоро дастаҷамъӣ таҳвин мекунанд. Туда-туда мисли рама ё ғулом пеш карда ба лагерҳо мебаранд. Лагерҳои фароғатӣ не, лагерҳои мусибат ё тавре блогнависони рус гуфтаанд «дӯзахҳои хурд»…


Муҳоҷирон сарчашмаи хабар барои расонаҳо боқӣ мемонанд


Хаймазаниҳову ташкили урдугоҳҳои нигаҳдории муҳоҷирон ахиран мавзӯи №1-и расонаҳо шуд. Муҳоҷирон боз матбуот ва радиову телевизиони Русияро бо хабарҳои доғ таъмин карданд. Тайи 15 рӯзи ахир ВАО фақат аз лагеру муҳоҷирон мегӯяду менависад. Ин ки танҳои қисмати хурде аз ин матолиб барои ҳимоят аз онҳо навишта шуда ва аз мазмуни бештаринашон эҳсос мешавад, ки аз бадбахтиҳои муҳоҷирон хушнуданд, мавзӯи дигар аст…

Аслан, муҳоҷирони корӣ ҳеч вақт аз мадди назари расонаҳои русӣ дур набудаанд. Ҳамарӯза дар мавриди онҳо хабару мақолаҳо нашр мешавад, ки аксарият «бӯй»-и муҳоҷирбадбиниро ба машом мерасонанд. Ба назар мерасад, бештарини маврид ба оташи ғазаби мақомот ва нажодпарастон бархе расонаҳо равған мерезанд. Ин навбат ҳам истисно нест. Дар авҷи сару садоҳо аз урдугоҳҳои ғайриқонунӣ расонаҳое муҳоҷиронро манбаи бадиҳои Русия унвон кардаанд.

Ба пӯстин кӣ кайк андохт?

Муҳоҷирон ҳамеша ҳамчун фишанг истифода шудаанд. Аниқтараш мақомот барои бароварда кардани хостаҳояшон аз ин «ричаг» кор мегиранд. Бори охир ин фишангро нисбат ба муҳоҷирони тоҷик замони қазияи халабонҳои рус ба таври густурда истифода карданд. Аммо ҳоло чӣ? Ҳарчанд мақомот мегӯянд, рейдҳои ФМС (Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия) барои ошкор намудани онҳоест, ки қоидаҳои буду бошро нақз кардаанд, аммо ҳадс зада мешавад, решаи ин масъала аз ҷои дигар об мехӯрад. Соҳибназарон муътақиданд, ин навбат муҳоҷирони сарсахт қурбони бозиҳои пешазинтихоботӣ шудаанд; интихоботи шаҳрдори Маскав.

Ягона василаи ҷалби диққати райъдиҳандаҳо барои номзадҳо муҳоҷиронанд. Онҳо мегӯянд, агар мири пойтахт шаванд, аввалин корашон тоза кардани Маскав аз муҳоҷирон хоҳад буд. Зимнан, таъсиси лагерҳо барои муҳоҷирни ғайриқонуниро бархе хабарнигорони рус маъракаи таблиғии Сергей Собянин, райиси шаҳри Маскав, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъ низ номзад аст, медонанд. Dub50, як блогнавис гуфтааст, «дар чанд соли ахир бори аввал тасмими мақомоти Маскавро пуштибонӣ мекунам. Умедворам, ин як маъракаи таблиғии пешазинтихоботӣ набошад ва баъди интихобот ҳам ихроҷи муҳоҷирини ғайриқонунӣ идома ёбад».

Хаймаҳои мусибат барои муҳоҷирон


Нахустин урдугоҳи нигаҳдории муҳоҷирон 1-уми август дар Голяновои назди Маскав (гузаргоҳи 2-юми Иртиш) таъсис ёфт. Вазорати ҳолатҳои фавқуллода бо тақозои пулис минтақаеро дар шимолу шарқи Маскав «хаймазор» кард. Кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират, ки дар пайи як рейд 1,5 ҳазор нафарро бо иттиҳоми нақзи қонуни буду бош боздошт карда буданд, он ҷо оварданд. Гуфта шуд, бахши аъзами онҳо шаҳрвандони Вйетнам мебошанд. Ҳамчунин, аз ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон, Миср, Марокаш, Сурия, Қирғизистон ва Ӯзбакистон низ хабар расид.

Сафорати Тоҷикистон бетараф набуд

5-уми август, сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз лагери муҳоҷирон дар гузаргоҳи Иртиш-2-и ноҳияи Голяново дидан карда, хабар дод, 10 табааи кишвари мо низ нигаҳдорӣ мешавад. Ин муҳоҷирон аз мақомоти тоҷик дархост кардаанд, то барои истирдоди ҳар чӣ зудтарашон ба Ватан мусоидат кунанд, зеро шароиташон дар лагер бад аст. Масъулини сафорат ному насаби ҳамаи ин муҳоҷиронро нашр карданд. Баъдан эълон шуд, ки ҳама ин даҳ нафар қаламрави Русияро тарк кардаанд.

Зоиров ба Додситони генералии Русия муроҷиат кард

Дар пасманзари фишорҳои навбатӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон унвонии Додситони кулли Русия ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи шаҳри Маскав муроҷиатномаи расмӣ ирсол кард. Дар ин муроҷиатнома аз вазъи муҳоҷирони тоҷик изҳори нигаронӣ шуда, аз прокуратураи генералӣ ва омбудсмен тақозо мешавад, ба ин ҳолат баҳои ҳуқуқӣ дода, аз қабули қарори таҳлилнашуда ҷилавгирӣ намоянд. Зойиров даъват кардааст, то масъулини Русия, ки масоили марбут ба ҳуқуқи инсон ва муҳоҷиронро қабул мекунанд, ба Сарқонуни Русия, ҳуқуқ ва озодии инсон эҳтиром гузоранд.

Раҳматилло Зойиров аз омодагии пулиси Маскав барои таъсиси лагерҳои нав изҳори ташвиш карда, мегӯяд, ин маънои оғози ихроҷи оммавии муҳоҷирони меҳнатиро дорад. Ӯ суол гузоштааст, ки он асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Русия дар кадом сатҳ қарор доранд ва чаро то имруз расман амалӣ намешаванд?

Блогнависони рус ва муҳоҷирон

Николай Левшитс, як блогери рус, ки аз аввалинҳо шуда аз урдугоҳ барои муҳоҷирон дидан кард, онро «дузахи хурд» номид. «Об нест, шабҳо хеле сард аст. Дарвозаҳои оҳанин ва ОМОН дар назди дарҳо филмҳо дар бораи асирони ҳарбиро ба хотир меорад»,-навиштааст ӯ.

Чанд тан аз блогнависон ин лагерҳоро ғайриқонунӣ донистаанд. Leokondrat менависад, ки «таъсиси лагер барои муҳоҷирон ғайриқонунӣ ва ҷиноист».

Ҳуқуқшиносони рус низ лагер барои муҳоҷиронро ғайриқонунӣ мегуфтанд ва аз кумитаи тафтишотӣ хоҳиш карданд, дар ин робита парвандаи ҷиноӣ оғоз намоянд. Ба андешаи намояндагони Кумитаи “ҳамкориҳои шаҳрвандӣ” чунин амал бояд мувофиқи модаи 127 (ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ)-и Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ гардад.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зойиров, раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон низ қаблан бо пахши як изҳорот, лагерҳои хаймавӣ барои муҳоҷирони мехнатиро хилофи қонунгузории Русия, аз ҷумла Сарқонуни он кишвар унвон карда буд. Зоиров ба мақомоти масъул хотиррасон кард, ки бо инсон сарукор доранд ва мувофиқи сарконуни ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон, ҳуқуқҳои инсон арзиши олитарин буда, қонунӣ будани ҳар амал ва иҷроиши қавонин аз ҷониби кулли шохаҳои ҳокимият – қонунгузор, иҷрокунанда ва судӣ – маҳз ба он нигаронда шудааст.

Мехоҳанд лагерҳо қонунӣ бошад

Андрей Исаев, намояндаи Кумитаи меҳнат ва сиёсати иҷтимоии парлумони Русия ахиран гуфт, Думаи давлатӣ қасд дорад, қонунеро ҷиҳати танзими фаъолияти лагерҳои хаймавӣ барои муҳоҷиронро қабул намояд. Ба қавли ӯ, лоиҳаи қонун ҳоло таҳия нашудааст, аммо вакил ваъда додааст, ин кор ба дарозо намекашад. Ба гуфтаи Исаев, санади ҳуқуқӣ метавонад тирамоҳи соли равон таҳия гардад.

Ба андешаи депутат, лагери хаймавӣ бояд дар конунгузорӣ "нуктаи муваққатии нигаҳдории муҳоҷирони ғайриконунӣ" номида шавад, чунки калимаи "лагер" метавонад конслагерҳоро ба хотир орад, ки ин ба манфиати кор нест.

Шояд, ки дурӯғи одамон гардад рост…

Дар матбуоти Русия хабарҳое нашр шуданд, ки мақомот тасмим дорад, ояндаи наздик хаймаҳоро барчинад. РИА Новости чанд рӯз қабл навишт, мақомоти Маскав ба Владимир Лукин, ваколатдори ҳуқуқи инсонро ваъда кардааст, ки урдугоҳро мебанданд. Олга Кириллова, сардори раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Маскав низ ба расонаҳо гуфтааст, баъди ба ватанҳояшон фиристодани бошандагон фаъолияти лагер қатъ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз таъсиси урдугоҳҳои нав хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, пулис 3 майдони дигарро барои ҷойгир кардани муҳоҷирон ҷустуҷӯ доранд. Пулиси Маскав гуфтааст, барои онҳо ҷойҳое лозим мешавад, ки то 2 ҳазор нафарро ҷой карда тавонад

Ин дар ҳолест, ки бархеҳо мегӯянд, соли 2014 дар Екатеринбург Маркази ихроҷии муҳоҷирон созмон хоҳад шуд. Хабаргузории УралПолит.ру менависад, барои таъсиси он 44 миллион рубл сарф хоҳад шуд. Ба иттилои сомона, лагери муҳоҷирон қарор аст дар шаҳраки Колтсово, гузаргоҳи Горнистов 15/4 ташкил шавад. Сохтмони ин марказ бояд 1-уми декабри соли 2013 анҷом ёбад.

Осмони муҳоҷирон боз зери сояи «абри тира»

Рейдҳову лату кубҳову боздоштҳо ва инак лагерҳо ба ҷони муҳоҷирин задаанд. Аммо дар ҳоли ҳозир интихобе надоранд. Зиндагии хонаводаҳояшонро бояд пеш баранд. Чанд нафар аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Маскав ва навоҳии наздик ба пойтахти Русия кору зиндагӣ мекунанд, ба мо гуфтанд, ки бо вуҷуди доштани тамоми асноди зисти муваққат дар он кишвар дар як фазои тарс ба сар мебаранад. «Барои инҳо фарқ надорад, ту қонунӣ зиндагӣ мекунӣ ё ғайриқонунӣ, мегиранду депорт мекунанд»,-гуфт яке аз онҳо.

Кишвари бузург, аммо…

Русия кишвари бузургест, ки дар баробари Амрикову Чин даъвии абарқудратӣ дорад. Дар замони шӯравӣ он бародари Тоҷикистон буд, ҳоло низ бисёриҳо мегӯянд, Маскав акои бузургкалонӣ ва «соя»-и Душанбе аст. Аммо ин ки гоҳ-гоҳ укояшро силлӣ мезанад, нишонӣ тарбият карданаш нест, балки намоиши дасти зӯраш аст. Ин бародар угай аст, ки барои манфиати худ ба ҳар коре қодир аст ва аз ҳеч василае сарфи назар намекунад. Ба назар мерасад, онҳо дигар чӣ будани шарафу каромати инсониро фаромӯш сохтаанд, чӣ расад ба бародариву баробарӣ ва шарики стратегӣ будан.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин сарсонию саргардонии халки точик аз бесохибист, ки тули кариб дах сол аст, ки бесохибанд........
Барои ТОЧИКИСТОН як празиденти бино шунаво даркор на кару куре, ки дар як баромадам панч соат дуруг хонад....
Посух додан
  • Сайвали

  • 16 август 2013 18:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин хел Президенти бино, доно, боакл, боинсоф, падардор, халки, гамхор, хамаи сифатхои некдошта Эмомали Рахмон. Ту ки шудаи ки боз президент мекови. Як бор вориди дунёи сиёсат шав аз пушти гарданат алов мерезад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инро бозии сиеси мегуянд яъне маслихати пешакии байни 2 президентои харду кишвар дар вакти сафари карибие ки дар Руссия гузашт гуё аз интихоботи карибулвукуи Точикистон огои Путин аз Рахмонов пуштибони намекунад аз хамин лихоз гуе муносибат сард аст ва ягон маслихат напухтааст максад ором кардани табакаи журналистон аст. Лекин зери коса нимкосае хаст асли маслихат дигар хел аст акнун худ казоват кунед

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!