Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:16

Дастгоҳ: Шоҳи Саудӣ ба Э.Раҳмон ҳанӯз посух надодааст

16 август 2013, 10:56

Дастгоҳи президенти Тоҷикистон мегӯяд, шоҳи Арабистонӣ Саудӣ ба номаи Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди кам накардани квотаи ҳаҷ барои зоирини тоҷик то ҳол посух надодааст, вале изҳори умед намуд, ки ин посух мусбат хоҳад буд.

Одинашо Вализода,
сардори Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раисҷумҳур, имрӯз, 16-уми август, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳанӯз ба дархости Тоҷикистон, ки бо имзои Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳи Арабистонӣ Саудӣ ирсол шудааст, посухи расмӣ нагирифтаанд: “Мо умедворем, ки шоҳи Арабистони Саудӣ ба номаи Эмомалӣ Раҳмон посухи мусбат медиҳад. Сохтори ваколатдор тамоми қувваю нерӯи худро сарф карда истодааст, ки ягон нафар аз зоҳирини тоҷик ноумед нашавад ва дар навбати худ ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шаванд.”

Қаблан Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки эҳтимол теъдоди зоирони Хонаи Худо имсол бист дарсад коҳиш ёбад. Ин тасмим ба дунболи дархости Арабистони Саудӣ гирифта шудааст, ки ҳоло машғули корҳои бозсозӣ дар фурудгоҳи Ҷиддаву Мадина мебошад.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як номаи расмӣ аз шоҳи Арабистонӣ Саудӣ хоста буд теъдоди квотаро барои ҳоҷиёни тоҷик коҳиш надиҳад.

Имсол дар назар аст, ки аз Тоҷикистон ҳаҷро ҳудуди 6 ҳазор зоири тоҷик зиёрат кунанд ва якумин парвоз бо зоирин аз Душанбе 20-уми сентябр дар нақша аст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо. Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!