Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

Амрико аз Душанбе дар бораи лагери муҳоҷирин пурсид

16 август 2013, 17:09

Намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе дар мулоқот бо масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мавқеи мақомоти тоҷикро дар баробари ташкили лагери муваққатӣ барои муҳоҷирон дар Русия пурсидаанд.

Анвар Бобоев, муовини якуми раиси Ҳадамоти муҳоҷират, 16-уми август, дар суҳбат бо «Озодагон» таъйид намуд, ки воқеан, 15-уми август, бо Хизер Джонстон, котиби дуюми сафорати Амрико оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мулоқот доштааст.

Бобоев афзуд, ки Хизер Джонстон аз масъулини хадамот суол кард, ки дар мавриди хаймаҳои муваққатии Русия чӣ назар доранд? Дар посух муовини аввали раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, то ҷое иттилоъ дорад, роҳандозии чунин хаймаҳои муваққатӣ барои муҳоҷирон меҳнатӣ дар қонунгузории ҳеч як давалати дунё, аз ҷумла Русия вуҷуд надорад: «Муҳоҷирон барои он ба он ҷо мераванд, ки кор кунанд, на ин ки онҳоро боздошт намуда, дар хаймаҳо нигоҳ доранд».

Ин дар ҳолест, ки ахиран Русия барои нигоҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ лагерҳои махсуси хаймавӣ ташкил кардааст ва ният дорад, барои қонунӣ гардондани ин лагерҳо қонуни махсус қабул кунад. Аммо ҳуқуқшиносони ин кишвар лагерҳоро ғайриқонунӣ ва алайҳи сарқонуни Русия мегӯянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дуои мардуми мухочир задааст русияро ки шарки дур таги об монда мардумаш дар азобанд иншоолох ними дигарашро мардуми чини бостони ишгол мекунад алакай кардааст ба чин кудрати гапзани надорад бинед шахрвандони чиниро гап намезанад ун кадар ки аз мо дида дах баробар зиеданд дар русия

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!