Шӯрои муфтиёти пойтахти Русия ба таври расмӣ аз Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав хостааст, то ҷиҳати анҷоми намоз дар рӯзи Иди Қурбон барояшон ҷойи мувофиқе ҷудо намояд.
Албир Крганов, муовини раиси Раёсати марказии мусулмонон ба рӯзномаи «Московские новости» гуфтааст, муфтиёт аз мири пойтахт дархост намудаанд, ки толори консертӣ ё марказҳои намоишиеро, ки ҳазорон нафарро ҷойгир кунонда метавонад, дар ихтиёрашон гузоранд. Ба қавли Албир Крганов мувофиқи қонуни шариат анҷоми фароизи мусалмонӣ дар чунин ҷойҳо дуруст аст. Моҳи декабри соли 2010 Крганов пешниҳод намуда буд, то муҷтамаи варзишии мавсум ба "Олимпийский"-ро барои тоату ибодати идона ба ихтиёри мусалмонон вогузоранд. Ин толор имкони ғунҷонидани 30 ҳазор нафарро дорад.
Ҳоло дар шаҳри Маскав чор масҷид фаъол аст ва рӯзҳои ҷашнҳои исломӣ ин ибодатгоҳҳо имкони ғунҷонидани тамоми намозгузоронро надоранд.
Тибқи хулосаи Институти дин ва сиёсат теъдоди мусалмонон дар Маскав, пойтахти Русия то ба 800 ҳазор мерасад. Соли равон мусалмонон аз Иди Қурбон 6 ноябр таҷлил мекунанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр