Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:48

Зани депортшудаи тоҷик ҳаққи дубораи баргашт ба Русияро дарёфт кард

17 август 2013, 09:51

Мақомоти Русия ба Ҳикоят Раҳматуллоева, шаҳрванди Тоҷикистон бо далели бепарастор мондани се фарзанди ноболиғаш дар шаҳри Самара иҷозаи дубораи ворид шудан ба қаламрави он кишварро медиҳанд.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ин зан қаблан барои вайрон намудани қоидаҳои буду бош аз Русия депорт шуда буд: «Раҳматуллоева 24- уми апрели соли равон барои гирифтани қайди 3 моҳа сарҳади Русияро убур карда ба Қазоқистон меравад. Ҳангоми убур кардан аз тарафи сарҳадбонони рус бозпас гардонда мешавад. Номбурда ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳии хадамот муроҷиат намуда, хоҳиш намуд, ки бинобар доштани се фарзанди ноболиғ ва бепарастор мондани онҳо дар қаламрави он кишвар кӯмак намоянд».

Бино ба иттилои манбаъ, Хадамоти муҳоҷират вазъияти ин занро ба назар гирифта, ба Константин Ромадановский, роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия мактуб ирсол намуда, аз ӯ хоҳиш менамоянд, ба шаҳрванди мо иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави Русияро диҳанд, ки ин ҳоҳиш аз ҷониби ҷаноби Ромадановский пазируфта мешавад.

Ҳикоят Раҳматуллоева ҳоло дар Тоҷикистон аст ва дар назар аст, рӯзҳои наздик ба Русия назди фарзандонаш баргардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман аз бемасъулияти ва бефаросатии аглаби мардумамон мутахайирам! О буду боши худро дар кишвари бегона мувофики талаботи конунии он кишвар ба рох бимонед, МЕМУРЕД!!! Ба чои Рамадановский мебудам, се фарзанди ин занро низ аз хисоби бучаи Русия аз каламрави кишвар ихроч мекардам ва вориди онхоро ба Русия то 10 сол мамнуъ мекардам. Чи мардуми беакли палид хастем, ё Худо!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!