Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Kursiv.kz: Тоҷикистон аз қарзҳои хориҷа камтар истифода мекунад

17 август 2013, 11:08

Таҳлилгарони торнамои Kursiv.kz дар пайи як пажуҳиш рейтинги кишварҳои ИДМ оид ба қарзи хориҷӣ то ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2013-ро тартиб додаанд.

Тоҷикистон дар поёни ин раддабандӣ қарор дорад, чун ба гуфтаи гузоришгарон қарзи хориҷии кишвар ба 2,17 миллиард доллар расида, “ба ҳар сокини ҷумҳурӣ 271 доллар рост меояд”.

Таҳлилгарони Kursiv.kz барои баҳогузории ҳаҷми қарзи хориҷии кишварҳо на танҳо ба ҳаҷми қарз, балки ба нишондоди муносибати он ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) низ таваҷҷуҳ кардаанд, чун ин то чӣ ҳад муассир будани истифодаи қарзро нишон медиҳад.

Мақоми аввали рейтингро Русия соҳиб шудааст. Қарзи хориҷии он 691,15 миллиард доллар гуфта мешавад. Муносибати қарзи хориҷӣ бо ММД дар оғози соли 2013 на бештар аз 34 дар сади ММД-ро ташкил додааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар ИДМ будааст. Қарзи хориҷии Русия дар семоҳаи аввали соли 2013 дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 23 фисад афзоиш ёфта, тақрибан 4,8 ҳазор доллар ба ҳар шаҳрванди Русия рост меояд.

Мақоми дуюм насиби Қазоқистон шудааст. Қарзи хориҷии ин кишварро Kursiv.kz 139,95 миллиард доллар гуфта, мизони қарзро ба 69 дар сад аз ММД нишон додааст. “Қарзи хориҷӣ ба сари ҳар қазоқистонӣ 8, 2 ҳазор доллар рост меояд, ки нишондиҳандаи бадтарин дар ИДМ мебошад”,-навиштааст манбаъ.

Оғози соли равон мизони бештари қарзи хориҷӣ дар қаламрави ИДМ -98 дар сад дар Қирғизистон сабт шудааст. Қарзи хориҷии ин кишвар 6,32 миллиард доллар буда, ба ҳар шаҳрванд 1,1 ҳазор доллар рост меояд.

Дар рейтинг маълумотҳои кишварҳое назири Узбакистон, Туркманистон ва Озорбойҷон пешниҳод нашудааст, чун таҳлилгарони Kursiv.kz натавонистаанд, маълумоти заруриро аз ин кишварҳо дарёфт кунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!