Бахшҳо

Шоу-биз: Кӣ дар клипсозӣ инқилоб мекунад?

Маҳбуби Ганҷаалӣ

Клипҳои тоҷикӣ дар ҳоли муолиҷа шудан аз “вирус”-и худнамоии овозхонҳоянд ва ба оҳистагӣ сӯи касбият ҳаракат доранд. Аммо ба назар мерасад, барои маҳви комили ин ангезанда солҳои зиёде лозим меояд.


Ниҳоят клипсозӣ бо як камера ва дар назди хонаҳои боҳашамату мошинҳои гаронарзиш ба оҳистагӣ аз муд меравад. Акнун ҷои онро клипҳои нисбатан касбӣ мегиранд. Касбӣ аз нигоҳи техникӣ ё худ фаннӣ. Бо вуҷуд намешавад гуфт, ки теъдоди чунин “клип”-ҳо коҳиш ёфтааст. Ҳанӯз низ барои бархе овозхонҳо ба хориҷ сафар кардану пеши “яхта”-и ким кадом олигарх суруд хондан нишони пешрафт дар шоу бизнес менамояд.

Аксари ин “клип”-ҳо клип ҳам нестанд. Онҳо танҳо як навори видеоиеанд, ки сароянда дар чанд либос ҳузур пайдо мекунад: гоҳ назди бинои бисёрқабата ва гоҳе пеши “вилла”. Аксари ин “клип”-ҳо сенария надоранд (мувофиқат накардани матну сенария аз мавзӯи дигар хоҳад буд). Бештари чунин наворҳо дар Дубай, Туркия, Миср ё Ҳиндустон бардошта шудаанд.

Аммо акнун баргардем сари клипҳое, ки гуфтем нисбатан дар сатҳи ҳирфаӣ таҳия шудаанд. Бештари онҳоро дар хориҷ ва клипмейкерҳои маъруф сохтаанд. Овозхонҳои тоҷик барои сабти клип аслан ба Узбакистон мераванд. Баъзан дар Амрико ва Аврупо низ сабт мешавад. Таври маълум чунин клипҳоро бо маблағи андак таҳия намекунанд. Нахустин клипи гаронарзиштарин дар Тоҷикистон ба номи Ҷонибек Муродов нисбат дода мешавад, ки дар Амрико бардошт. Клипи таронаи “Сердце прасти” аз аввалин клипҳо буд, ки дар наворгирии он тамоми қоидаҳои клипбардорӣ риоя шудааст.

Овозхонҳо дар суҳбат бо хабарнигорон аслан намехоҳанд арзиши аслии клипҳояшон дар хориҷро ошкор созанд. Рӯзноманигорон низ зиёд исрор намекунанд. Муҳим пайдо шудани клипҳои босифат аст.

Клипҳои нисбатан хуб моли онҳоест, ки устухонашон дар шоу бизнес сахт шудааст. Наворҳои таронаи “Худо бо туст”-и Валиҷон Азизов, “Гулнор”-и Садриддини Наҷмиддин, “Танҳоӣ”-и Шабнами Сурайё, “Илоҳӣ”-и Шабнаму Фарзона низ нишони як қадам ба сӯи касбият дар клипсозӣ рафтани шоу бизнеси тоҷик аст.

Фирӯза Ҳафизова соли гузашта дар Тошканд таронаи «Мач»-ро дар формати 3D клип кард. Ин нахустин клипи тоҷикӣ дар чунин формат буд.

Воқеан, аввалин нафароне, ки аз хориҷ “клип” “дастовез” оварданд, ҳамин гуруҳи сарояндаҳои поп буданд, ки ҳоло дар саргаҳи шоу бизнес қарор доранд. Бештари онҳо на барои клипбардорӣ хориҷ мерафтанд, балки ҳадаф тамошо ё истироҳат буд, аммо “бо як тир ду фохта” шикор мекарданд. Қисме чӣ тавр оббозӣ кардан, дар кӯчаҳо гаштан, сайр намудани худро сабт мекарду суруд мехонд. Баъдан ҳамаи ин дар Тоҷикистон танзим мешуд ва номи онро мегузоштанд “клипҳои фалонӣ дар фалон кишвар”. Ҳол он ки ҷои ин наворҳо бояд архиви шахсии он сарояндаҳо бошад, на раддаи дискфурӯшиҳо.

Ин наворҳо аз “клип” дида ба худнамоии сарояндаҳо зиёд шабоҳат доранд. Ҳоло ки даври нави “клипсозӣ” шурӯъ гардидааст, бояд ҷои он наворҳо танг шавад ва овозхонҳо барои таҳияи клипҳои босифат талош намоянд. Ҳарчанд дар чандсолаҳои наздик ин кор ношуданист, аммо умед бастан хуб аст.

P.S. Дар ин навишта танҳо паҳлуи фаннии клипҳо мадди назар буд. Мазмун ва ғояи онҳо бояд мавзӯи дигар бошад, ки Худо хоста бошад ба он бармегардем.



Мӯҳр
Рустам
Ба андешаи ман, аз клипи "Парастуи ман"-и Садриддин бехтараш дар мо нест, баъд аз истиклол

лекин хамин валичонда гап нест дили садридина ефт одам шид чонибек чи хел дили шабнама ефт агане итари хофиза намедонистем бо хдшона ба садридины шабнам баробар мекнане тоба

Хусноро
Дар асл Чонибек Муродов хунари сарояндаги надорад ва бо садои зинда хонда наметавонад ва чи тавре ки дар боло гуфта шуд Чонибека баъди Шабнам ахамият медодаги шуданд

Мебахшеду аслан Чонибекро Шабнам не, балки Чонибек Шабнамро машхур кард. Зеро тамоми сарфу харчи сафархояшон аз хисоби компанияи ЧМ буд. Чонибек бехтарин овозхон ва инсони начиб аст. Овозаш низ хеле хуб аст. Лаёкати сарояндаги намедошт дар берун аз Точикистон сохиби чоиза намешуд. Пеш аз он ки як чиро менависед, аввал андеша кунед. Клипхое ки Чонибек мекунад, бехтарин хастанд. Бо забонхои апнглисию руси хатто аз баъзе сарояндахои хоричи хубтар месарояд. Барои шумо боз чи хел исбот даркор аст. Ин гуна далелхо дар маввриди хунару истеъдоди баланд доштани Чонибек хеле зиёд аст. Аввал пурсиш баъд Кушиш!

manija,
МАНИЖА МАН НАМЕДОНАМ, КИ ТУ БА ГАПЗАНИРО ШУДАИ Ё НАШУДАИ ЛЕКИН ХАКИКАТИ КОР ИНЧУНИН АСТ. ЧУРАБЕК МУРОДОВ ДИД КИ ЧОНИБЕКИ ФАРЗАНДАШРО ХЕЧ КАС ГУШ НАМЕКУНАД УРО БО ХАМРОХИ ШАБНАМ ГУЗОШТ ТО ЁД ГИРАД ВА ТО ХОЛ ЧОНИБЕКРО БА ХОТИРИ ШАБНАМ ГУШ МЕКУНАНД... ВА МАН ГУФТАНИ ХАСТАМ, КИ ХАМОН ПАДАРУ ПИСАРРО ЧУРАБЕК МУРОДРО БО ЧОНИБЕКРО ХАР ДУАШРО АЗ РУИ САХНАИ ТОЧИК БОЯД ГУМ КАРД.....!!!

Чонибек бехтарин аст! У ягона хофизе ки дар тамоми дунье Точиконро дар дарачаи боло метонад муарифи кунад ва у Хофизи ки тамоми Элита дусташ медорад ! Беакло мисли шумо Ба у танхо бахили мекунанд!!! Шабнамро одам кардаги Чонибек аст инро хама медонад! Боз якбор мегуям ки беакл инсон танхо инро намефахмад!!!

Jurabek Murodov shohi sanati Tojik! Jonibek davomdihandai padar, behtarini behtarino. Mo dar musofiriat hastem va tanho Bo nomi onho Fahr mekunem.

ап
Точик

Чи хел Чонибеки беовозу беслухро мо эътироф кунем? Як бор илтимосаш бикун бо овози зинда наздат бихонад, ту хам аз у хамчун сароянда руй мегардони. Хатто ба сатхи сарояндаи хаваскор хунар надорад, на ин ки профессионал. Ин клипу пиари вай хамааш фиребгари аст, лекин офтобро бо доман пушонида намешавад. Як маротиба дар конкурси интихоби барои иштирок дар Пять звезд бо овози зинда хонд. Ин як шармандаги буд. Аъзоени жюри аз шарм надонистанд ба кучо нигох кунанд.

аххахаах э шумо хами теле сафина хамат барои он сарояндахоро танкит мекунед ки что бы онхо раванд дар шумо клип кунанд ва пулро ба шумо бе диханд аммо нааа онхо намехоханд дар студияи шумо клип кунанд хаахаххаха

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)