Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:40

Исми гаронмуздтарин DJ эълон шуд

18 август 2013, 12:36

Келвин Харрис дар садри рейтинги гаронмуздтарин Ди-ҷей (DJ), ки аз сӯи маҷаллаи Forbes таҳия шудааст, қарор дорад.

Харрис, ки номи аслияш Адам Ричард Уайлс мебошад, давоми 12 моҳи ахир тавониста, ки 46 миллион доллар ба даст биёрад. Гуфта мешавад, як қисмати ин маблағро ӯ бо шарофати қардоди моҳи феврал, ки Харрисро уҳдадор мекунад давоми ду соли оянда дар клуби “Hakkasan”-и Лас-Вегас 70 маротиба ҳунарнамоӣ кунад, дарёфт кардааст. Ба ҷуз ин ди-ҷей ба сифати муаллифи таронаҳо ва продюсер бо ситораҳои попе назири Софи Эллис-Бекстор, Кайли Миноуг ва Рианна ҳамкорӣ мекунад.

Дар ҷои дуюми рейтинги Forbes бо 32 миллион доллар Тиесто нишастааст. Зинаи сеюмро Дэвид Гетта, ки даромадаш ба 30 миллион доллар расидааст, соҳибӣ мекунад.

Даҳгонаи DJ-ҳои гаронмузд аз ин қарор аст:

Кельвин Харрис (46 миллион доллар);
Тиесто (32 миллион доллар);
Дэвид Гетта (30 миллион доллар);
Swedish House Mafia (25 миллион доллар);
Deadmau5 (21 миллион доллар);
Авичи (20 миллион доллар);
Afrojack (18 миллион доллар);
Армин ван Бюрен (17 миллион доллар);
Skrillex ва Kaskade (ҳарду 16 миллион долларӣ).



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!